Сулҳ неъмати бузург аст!

Солҳои охир дар натиҷаи фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноӣ дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дар баъзе ноҳияҳо оромию осудагии мардум халалдор мешавад. Аз ҷумла, рӯзҳои 16-21 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшон харобкорон бо ширкати теъдоде аз ҷавонон талош карданд, ба фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ осеб расонанд. Рохбарони онхо дар натичаи ёрии моддию маънавӣ ба идорахои давлатй ҳуҷум карда, роҳҳои дороӣ аҳамияти умумидавлатиро баста, оромии мардумро халалдор карданӣ шуданд. Маълум буд, ки ин нақшаҳо пешакӣ ва бо кўмаки созмонҳои террористии хориҷӣ амалӣ шуда буданд.

Албатта, дар ин гуна мавридхо органҳои амнияти давлатӣ кушиш намуданд, ки кирдорҳои вайронкоронро пешгирӣ намуда, ба мақсадҳои худ ноил гарданд. Зеро вазифаи асосии ин гуна қувваҳо таъмини сулху осоиши мардум аст.

Дар натиҷа барои муътадил гардондани вазъият ба муқобили душманон ва як гуруҳ шахсони алоҳида мубориза оғоз шуд. Ба қувваҳои асосии ҷинояткорон зарба зада шуд. Созмондиҳандагон боздошт шуданд, ки яке аз онҳо Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров буд, ки бо ақидаҳои зиддиҳукуматии худ маъруф буд. Аммо дар натиҷаи фитнагариҳои гуруҳҳои вайронкор як гурӯҳ одамони бегуноҳ ҳалок шуданд, баъзеҳо ярадор шуданд, ба хоҷагии халқ зарар расид.

Ба кӣ лозим аст, ки оромии мардуми доманакӯҳҳои Помирро, ки «Боми ҷаҳон» меноманд, халалдор кунад? Мақсад онҳо дар чист?

Имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ниҳодҳои қудратӣ барои оромии кишвар ва зарба задан ба душман тамоми омодагиҳоро доранд. Мардуми Тоҷикистон чӣ будани оромиро хуб дарк карданд ва ба ягон фитнагарӣ даст намезанад. Ҳоло ба ҳамагон маълум аст, ки давлати Тоҷикистон роҳи дурустро интихоб кардааст. Гуруҳҳои таҳрибкор дар ин мамлакат ба мақсадҳои худ расида наметавонанд ва ба мо халал расонида ҳам наметавонанд. Аксарият мардуми сарбаланди Бадахшон инро хуб медонанд ва барои донистани инро барои дигарон вақт кам мондаанд. Зеро, халқи мо аллакай дарк кардааст, ки сулҳ неъмати бузург аст.

Равшан Усанов, дотсенти ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ