Сулҳ бошад ҷовидон.....

Муҳаббат ба ватан бо муҳаббат ба тамоми ҷаҳон омезиш меёбад. То он даме, ки мардум аз нури дониш баҳра мебаранд, ба ҳамсоягонашон зарар намерасонанд. Баръакс, давлатҳо ҳар қадар соҳибмаърифат шаванд, ҳамон қадар онҳо бо ҳам забон пайдо мекунанд ва бо неруи тавоно табдил меёбанд

Ҳар даме ки мо Ватан мегӯем ва бар васфи он сухан меронем, пеши назарамон диёри сарсабз, хурраму обод ҷилвагар мешавад, ки ин диёри обод – Тоҷикистон ном дорад!

Ки дар ободиву оромӣ, ҳифзу нигаҳбонии он саҳми сарбозони Ватан, ҳомиёни марзу буми кишвар бисёр буда, ҷонфидоиву хидмати бузург менамоянд.

Бино ба маълумотҳо, хатти марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр тӯл кашидааст ва то кунун танҳо 504 километри он таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Дар минтақаҳои аломатгузоринашудаи марз - дар байни вилоятҳои Суғд ва Бодкент, борҳо сокинон барои дастрасӣ ба обу чарогоҳ даст ба гиребон шудаанд, ки ҳодисаи имрӯзаи рухдода низ асос бар он аст .

Мақомоти маҳаллии ҳар ду тараф ҳам мегӯянд, то замоне ки мушкилоти аломатгузории марз ҳал нашавад, даъвоҳо барои дастрасӣ ба манобеи об, замину роҳ ва чарогоҳҳо хотима намеёбад. Решаи мушкилот дар мавқеи ҷонибҳо аст, ки як кишвар ба харитаи солҳои 1920-ум ва ҷониби дигар ба харитаи сарҳадии солҳои 1950-ум такя мекунанд.

Мувофиқи иттилои КДАМ - и Тоҷикистон 14 сентябр тақрибан соати 7:15 дақиқа неруҳои қирғиз бе ягон сабаб, аз миномёт, 4 гулӯла сӯи постгоҳи "Кех"-и Исфара тирпарронӣ намуданд, ки ин амал имрӯз санаи 16 сентябр аз сари нав идома ёфт.

Сарҳадбонони тоҷик низ бо истифода аз силоҳҳои автомату пулемёти Калашников ва дигар аслиҳаи оташфишон оташи ҷавобӣ кушоданд.

Ҳоло он бо мақсади ба эътидол овардани вазъият ва муайян намудани сабабҳои иқдоми моҷароҷӯёнаи неруҳои сарҳадии кишвари ҳамсоя гуфтушунид байни намояндагони сарҳадии ду ҷониб ба роҳ монда шуда буд ва хизматчиёни низомии Қирғизистон онро риоя накарда, аз тамоми намуди силоҳҳои ҷангӣ ва техникаи ҳарбӣ ба самти Тоҷикистон тирпаррониро идома дода истодаанд

Мо аҳли ҷомеаи омӯзгорон ин амалро маҳкум намуда, даъват ба амал меоварем, ки ақли сулҳҷӯёнаи худро роҳандозӣ намуда, баҳри пешгирии ин амалҳо ва пойдории сулҳу дӯстӣ дар кишвар саҳмгузор бошем, зеро ҳиссагузор будан баҳри сулҳу осоиштагӣ ба Ватан яке аз нишонаҳои муҳаббат ба Меҳану халқ ва қарзи ҳар як фарзанди вафодори миллат аст. Ҳар як фард ва ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 чизро аз ҳама муқаддас медонанд: “Ватанро аз бегонагон муҳофизат намудан; Модари азизу меҳрубонро посбонӣ намудан ва дар ҷаҳон сулҳро пойдор намудан”.

Мардуми диёри мо меҳнатқарину меҳнатдӯст ва меҳмоннавозу бофарҳанг аст.

Мо ҳамчун як фарди ин кишвари озод ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон бо назари нек менигарем. Ватани мо замини зархезу кӯҳҳои осмонбӯс буда, мардуми оқилу заковатманд дорад. Зеро зодагони ин кишвар ворисони ҳақиқии Исмоили Сомониву Темурмалик, Деваштичу Восеъ, Шераку Муқаннаъ, Рӯдакиву Айнӣ ва МирзоТурсунзода мебошанд.

Вале вазифаи мо танҳо аз Ватан ва бузургони миллат ифтихор кардан набуда, балки вањдати халқҳоро мустаҳкам намудан ва кишварро бо мењнати софдилона обод кардан аст. Шукуфоии Ватан ба масъулиятшиносӣ ва некандешии мо вобаста аст. Мо бояд якҷоя барои гулгулшукуфоӣ, тинҷӣ, осудагии Ватани азизамон ҳамеша омода бошем.

Юсуфҷонова Д.Х.- н.и.п., сармуаллимаи кафедраи назария ва методикаи таълими забони модарӣ

Бобоева И.С.- муаллимаи кафедраи назария ва методикаи таълими забони модарӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ