​Шукронаи мулки зебои обод!

Ҳаёти осудаву ороми пайваста ва машғул будан ба касбу ҳунари дӯстдошта ба фарди солимақл шодиву фараҳ мебахшад. Зеро, бедор шудани шахс дар оғӯши табиати биҳиштосои Ватан, ҳис кардани меҳру муҳаббати бепоёни ҷомеа ба роҳбарияти олии кишвар, ифтихор аз дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ ва падидаҳои амсоли онҳо инсонро фарогири ҳиссиётҳои баланд менамояду рӯҳияшро қавӣ мегардонад ва сарбаландона шукрона мехонад. Агар нафаре ҳаёти имрӯзаи босуботро бо давраҳои солҳои 90-уми асри қаблӣ қиёс намояд, бешак дарк менамояд, ки мақсаду мароми созандагиву бунёдкорӣ чӣ қадар боровар будааст. Ҳар фарди соҳибақл бояд дарёбад, ки мақсаду ҳадафи боғбон аз шинонидани дарахти мевадеҳ на қонеъ гардонидани нафсу таъмини манфиати хеш, балки хидмате барои ояндаи умедбахши фарзандонаш мебошад.Итминони комили фард аз суботи ҷомеа сарчашма мегираду ӯ бо эътимоди қавӣ қадам ниҳода талоши зиндагии бороварро покдилонаю самимона ба пеш мебарад. Танҳо нафари ватандӯсту меҳанпараст, худогоҳу содиқи Ватан бархурдор аз ин неъматҳои моддиву маънавӣ асту муғризу бахилонро аз онҳо насибае нест. Аммо, баъзе палидони нобакори наҳзатӣ бо сардории Муҳиддин Кабирии муртади фосиқ ин воқеияти ҳаётро ҳатто дарк карда наметавонанду, макру фиреб, ҳилаю нағмагириҳояшонро ҳамоно идома медиҳанд. Пайваста бо суханҳои авомфиребона ба доираи иблиси малъун каф мезананду ҳисси ҳасуду бахилӣ аз забонашон сарозер мегардад. Дастовардҳои ҷомеаи заҳматпешаи Тоҷикистонро дидаву дониста ҳарфи ноҷоя мехонанд, ки нишонаи аёне аз ифротгароии онҳо мебошад.

Шабакаҳои иҷтимоӣ барои ин афроди дилсиёҳи хоину ватанфурӯш майдони бозӣ шудаасту заҳри моронаи худ мечаконанд ва ҳатто таскин намеёбанд. Дар тинати нопокашон он қадаре заҳр ҷамъ гаштааст, ки ҳар дами нафасашон танҳо иғвою фитна, бадгӯиву бадбӯӣ паҳн менамояд. Мазҳабгумкардаву ватангадо ва мутеи фармонҳои хоҷагони дасисабоз шудаанду худ бехабаранд, ки то ба кадом андоза ҷоҳилу разил мебошанд. Доимо дар ҷустуҷӯи пайравони ҳамсони худ ҳарзаю бӯҳтон мебофанд ва баъзе афроди сустиродаву сустимонро ба тӯри анкабутонаи хеш кашиданӣ мешаванд. Бешубҳа метавон гуфт, ки ин афрод дар ин ҷода нокому номуваффақ боқӣ хоҳанд монд!

Таҳлили фаъолияти палидонаи наҳзатиён касро ба ҳайрат меоварад. Наход дар ҷисми нопоку бадбӯи онҳо заррае ҳам мардиву одамгарӣ набошад?! Аққалан, чашми ҳасаду бахили хеш лаҳзае бипӯшанду худ, ки кӯмаке карда наметавонанд, лоақал ба ҳаёти осудаи ҷомеа халале ворид насозанд!? Инсоне, ки аз модар ба дунё омадаву шири модар хурдааст, наход то ин андоза риёкору бадандеш бошад! Ҳирси молу чиз наҳзатиёнро то ба дараҷае нобинову бадкирдор кардааст, ки шармандаи ҷаҳониён буданашро дарк намекунаду фармонҳои фитнаангези хоҷагони хориҷиашонро бо ҷидду ҷаҳд иҷро менамоянд. Яқин аст, ки нокасу палиди хиёнатпешаанд, ки мазҳабу Ватан ба ивази маблағи ночиз фурӯхтаанду беҳаё чун сабукпо менамоянд. Андеша надоранд, ки обу хоки Ватаниаҷдодӣ онҳоро задаасту ҳанӯз ҳам барои дасткашӣ аз амалҳои номардона дер нашудааст! Вале, наҳзатиёни шайтонсифат то ҳанӯз худро ҳақ мешуморанду ҳақиқати воқеиро дида наметавонад! Ҷомеаи заҳматқарину тамаддунсози Тоҷикистон бо якдилии самимона дар атрофи роҳбарияти олии кишвар сарҷамъ гардидаву ҳамеша барои пойдории сулҳу суботи Ватан садоқатмандона талош меварзанд. Овозҳои гӯшхароши чуғзҳои бадбӯи наҳзатиён фазои ободу осудаи кишвари биҳиштосоямонро ҳеҷ давру замон ноором нахоҳад сохт.

М.С.Собиров – дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров”.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ