​Шуғли аҳолӣ - ҳадафи муҳими давлат

Мусоидат ба шуғли аҳолӣ яке аз ҳадафҳои муҳими давлату ҳукумат ба шумор рафта, ҷиҳати расидан ба ин мақсад силсилаи тадбирҳои судманд роҳандозӣ мегардад.

Ҳукумати мамлакат пайваста талош меварзад, ки дар соҳаи шуғли аҳолӣ ва танзими муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон ба хориҷи мамлакат тағйироти мусбат ворид созад. Ҳоло ҷиҳати фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ дар маҳалҳо ва ҳифзи ҳуқуқи заҳматкашон аз тамоми имкониятҳо истифода бурда мешавад.

Чуноне ки Президенти мамлакат зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд: “Соли гузашта дар мамлакати азизи мо зиёда аз 193 ҳазор ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ ташкил карда шуда, даромади пулии аҳолӣ 10 фоиз афзоиш ёфт”.

Барои беҳтар намудани шароити иҷтимоии аҳолӣ аз 1 –уми сентябри соли 2020 нафақа, музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва стипендияҳо 15 фоиз, маоши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10 фоиз зиёд гардида, нафақаи гурӯҳи маъюбоне, ки ба нигоҳубин ниёз доранд, 50 фоиз зиёд карда шуд.

Дар ин давра 300 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ бо беш аз 6500 ҷойи корӣ, 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва биноҳои иловагӣ барои 63 ҳазор нафар хонанда, 108 муассисаи тиббӣ ва ба масоҳати беш аз 1,2 миллион метри мураббаъ манзили истиқоматӣ сохта, ба истифода дода шуданд.

Мувофиқи маълумоти оморӣ ҳоло дар қайди сохторҳои Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд 8496 нафар шаҳрвандони бекор қарор доранд, ки аз ҷумлаи бекорони дарқайдбуда 916 нафар дорои маълумоти олӣ, 1284 нафар дорои маълумоти миёнаи касбӣ ва 553 нафар дорои маълумоти ибтидоии касбӣ буда, 5743 нафар ё худ 67,5%-и онҳо бекасбу ихтисос мебошанд.

Воқеан бекорӣ аз зуҳуроти манфии ҷомеа ва давлат маҳсуб меёбад, ки дар пай воқеаҳои нохуш дорад. Аз ҷумла, яке аз сабабҳои маъмулии ифротишавӣ ва гумроҳшавии сокинон ба гуруҳҳои террористиву экстремистӣ ин таъмин набудани сокинон бо ҷойи корӣ, надоштани машғулияти корӣ ва роҳ пеш гирифтан ба муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад.

Падидае, ки имрӯз дар байни баъзе аз бекорон ва муҳоҷирони тоҷикистонӣ густариш меёбад, ба равияҳои гуногуни динӣ гаравидани онҳо мебошад. Мушоҳидаҳо собит менамоянд, ки баъзе ҷавонони бекор бо тафаккур ва ҷаҳонбинии дунявӣ ба кишвари Русия ба муҳоҷират мераванд, вале аз он тараф бо тафаккур ва ҷаҳонбинии ифротӣ ва хурофотӣ ба Ватан бармегарданд. Аз ҷониби дигар, тибқи маълумотҳои рақамӣ солҳои охир наздик 1,6 миллион ё 19 % аҳолии Тоҷикистон ба интернет дастрасӣ доранд, ки тавассути он маводи зиёди дорои хусусияти ифротӣ ва таблиғкунандаи терроризму экстремизм дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд паҳн мешаванд. Аъзоёни гурўҳҳои ифротӣ пинҳонӣ ё тариқи ошкоро тавассути шабакаҳои иҷтимоии “Facebook”, “Viber”, “Одноклассники”, “Twitter” ё дигар сомонаҳои ғайрирасмӣ ҷавононро дар баъзан ҳолат оилавӣ бо роҳи фиреб ва бо истифода аз қишри ҷавонони камсавод, бекор, муҳоҷирони меҳнатӣ, заифирода ва дорои маърифати пасти диниву дунявӣ доштаро, ба гумроҳӣ ва хиёнаткорӣ мебаранд, ки дар бештар маврид зану фарзандони худро дар кишварҳои ҷангзада даъват намуда истодаанд, ки ин ҳаёти хатарнок барои ҷомеаи мо маҳсуб меёбад. Роҳ ёфтани бештари ҷавонон ва оилаҳои онҳо ба гурўҳҳои экстремистиву террористӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад, ки баъзан ҷавонон ҳанўз ҳам маълумоти дурустро аз нодуруст ё дурўғу шубҳанокро фарқ карда наметавонанд, ки боис ба шомилшавӣ ба гурўҳҳои экстремистиву террористӣ мешаванд. Ҷавонон ва оилаи онҳо бояд дар навбати аввал фаромўш насозанд, ки дар паси шабакаҳои иҷтимоӣ ё интернетӣ бо кӣ хамсўҳбат мешаванд ва чӣ мақсаду ҳадафҳо доранд. Дар ин ҳолат, танҳо истифодаи моҳиронаи маърифати баланди сиёсӣ, ҳуқуқиву динӣ, равонӣ ва ғайра моро аз зуҳуроти номатлуб дур месозад.

Гулафзо Ҷӯраева – омӯзгори факултети забонҳои шарқ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ