Сипари иттифоқи Ватан интихоби мост!

Дар замоне, ки ҷаҳонро фазои ноороми сиёсӣ фаро гирифтааст, масъалаи таҳкими амнияти миллӣ, устувор кардани пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи сохтори конститутсионӣ афзалияти бештар дорад. Воқеаи дар шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Кулма, дар қисмати роҳи ноҳияи Рӯшон назди хати сарҳади давлатӣ рухдода, мудҳишу гӯшношунид мебошад. Аз ин рӯ, мо бояд аз ҳарвақта бештар муттаҳиду иттифоқ бошем. Монанди пӯсту нохун аз як гиребон сар барорем. Нагузорем, ки нохалафе ба пои мо хоре халад ё ба амнияту осоиштагии мо таҳдид оварад.

Амалҳои террористӣ ва ҳар гуна иғвоангезӣ дар ҳама давру замон дар тамоми гӯшаю канори олам маҳкум карда мешавад. Моро низ воқеаи дар Рӯшон рухдода ба ташвиш овард. Аз чунин равандҳои мудҳиш сабақҳои воқеоти таърихӣ намунаи ибрат мебошад. Бо вуҷуди расидан ба 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ чунин амалиёти муссаллаҳшавӣ ба муташанниҷии вазъият дар минтақаи ором оварда мерасонад. Ташкили амалҳои террористӣ ва экстремистӣ танҳо ба манфиати хоҷагони зархаридон аст, ки оқибатҳои даҳшатбор дорад. Аз ин рӯ, ҳадафи мо нагузоштани доман густурдани чунин амалиёти террористӣ мебошад. Итминони комил дорем, ки сиёсати давлатӣ ба манфиати ҷомеа нигаронида шудаасту ҳуқуқу озодиҳои онҳоро боло мегузорад. Таҷрибаи давлатдории мустақил, расидан ба сулҳу субот, ободониву созандагӣ исботкунандаи чунин раванд аст.

Манфиатҳои давлат аз ҳифзи сохти конститутсионӣ, истиқлолият, томияти арзӣ, барқарорсозии рушди устувори иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ, солимгардонии системаи экологӣ ва муносибати вазъи демографӣ иборат аст. Вобаста ба ин манфиати ҷомеа бояд ба даст овардани созгории миллӣ, рушди устувори ҷомеа, солимгардонии ахлоқию маънавӣ, истифодаи қонун ва нигоҳ доштани тартиботи ҳуқуқӣ бошад.

Мо имрӯз бояд дасти ҳам гирифта, инъикоскунандаи руҳи бедории миллӣ бошему дар самти баланд бардоштани ҳиссӣ худшиносии миллӣ, идеяи миллӣ, ифтихору ҳуввияти миллӣ саҳмгузор бошем, то ин ки сулҳи шаҳрвандӣ, созгории миллӣ, таҳкими ҳокимияти давлатӣ, институтҳои он, ҳифзи томияти арзии кишвар ва таъмини дахлнопазирии сарҳадоти он осеб набинад.

Зилола Комилова - сармуаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ