​Сарҳади Тоҷикистон марзи номусу нанг

Марзу бум, сарҳаду ҳудуди ҳар як кишвар бар ҳар нафаре, ки ободиву осоиштагии сарзамини худро мехоҳад, баҳри шукуфоии мамлакат ҷидду ҷаҳд мекунад, муқаддасу азизу муътаббар шуморида мешавад. Миллати тоҷик аз қадимулайём соҳиби муқаддасоти миллӣ ба монандӣ сарҳад, забон ва фарҳанги ғанӣ буд, ки инро авроқи таърих якояк гӯё аст! Забону фарҳанги миллиро мо ва аҷдодони бузургсолори мо ҳифз намудаву то ба мо мерос гузоштаанд, вале сарҳади давлатии тоҷикон каме тағийр ёфтаву дар натиҷаҳои гиру дод ба ҳудуди ин ё он мамлакат вуруд гардидааст. Миллати тоҷик қисман дар ҳудуди Афғонистону Ӯзбекистон, Қазоқистону Қирғизистон ва дигар мамолики шарқ иқомат доштаву мероси гарони миллӣ забони миллатро гиромӣ медоранд. Аммо сарҳади Тоҷикистон, ки сарҳади ору нанг ҳар як сокини кишвар асту ҳар як ватандори асили тоҷик як кафи хоки поки ватанро ҳамчун мазҳари эҳтирому иззату икром шинохта шудааст.

Солҳои охир манотиқи марзии Тоҷикистон зери низоъву ғасбкуниҳои беҳудуди заминҳои наздимарзӣ аз ҷониби қирғизҳо гардидаву ҳатто кор то ҷое расидааст, ки “анклав” номидани деҳаи овозадори Ворухи шаҳри Исфара ғурури ватандоронро бедор намудаву аз ҳар гӯшаву канори кишвар, паҳлавонони ҳузарби тоҷик бо шиори “Як ваҷаб замини ту намедиҳам ба кас, Ҳар ваҷаб замини ту муқаддас аст, ВАТАН” ба по бархестанду марзу буми кишварро ҳимоя намуданд... Нафаре ҷон супориду дигаре сипар гардид, вале марзу ҳудуди худро надоду ҳимоя намуд. Ин аст, ВАТАНдорӣ, ин аст қарзи шаҳрвандӣ, ин аст соҳибмулк будан! Бо ин рафтори родмардонаи худ, ҳам сарҳадбонону ҳам родмардони тоҷик ба халқи осоишта нишон доданд, ки “бубинед, сарҳаду ҳудуди кишварро мо ҳимоя мекунему хоҳем кард!”.

Имрӯз вазъ ором асту ба пуррагӣ зери назорати сарҳадбонони тоҷик аст, ки аз ин мо шарафмандем!

Шарифзода М.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ