​Сарҳади тоҷик ҳимоятгар дорад!

Чандест, ки дар давлати ҳамсоякишварамон Афғонистон вазъият пурталотум гардида, давлат бесаробон мондаву террористони дирӯза, имрӯз худро соҳибони давлат ва марзу бум эълон доштаанд. Ин вазъият мардуми осоиштаву озодихоҳӣ ҳам дохили Афғонистону ҳам минтақа ва ҳатто ҷаҳон- аз Осиё то Африқову Амрикоро бе таъсир нагузоштааст. Вазъи ноором ва ба сари қудрат омадани ҳаракати толибон давлатҳои ҳамсояву ҷаҳонро ба таҳаллука оварда, ҳар нафаре кӯшиш дорад, ки марзу буми худро аз хатари ҷангу ҳамлаи ногоҳонии террористон эмин нигоҳ дорад. Мин ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Ҷумҳурии исломии Афғонистон анқариб 1400 км ҳамсарҳадӣ дораду мардуми осоиштаи назди сарҳадиро ба ҳоли нигаронкунанда оварда расонидааст. Вазъи ноором, овози тиру туфанг аз ҷониби ҳамсоякишвар халқи осоиштаро ба ваҳм овардаву модари тоҷики дирӯзакак аз вартаи ҷанги таҳмилӣ баромада бошад, боз дар шигифт аст, ки наход воқеоти таърихии солҳои аввали соҳибистиқлолӣ боз ба мо расиданӣ дорад, магар моро тинҷ мегузошта бошанд, мо боз он нобасомониҳоро медида бошему находҳои дигар..... Ҳатто Президенти Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко пас аз сафари корӣ аз мамлакати мо, дар муроҷиаташ ба халқи белорус иброз дошт, ки “Халқи тоҷик, ки худ дирӯзакак аз вартаи ҷанг баргаштаву акнун қомати худро рост карданӣ ҳасту аммо вазъияти ҳамсоякишвараш тамоми халқро ба таҳаллука овардааст....”

Вале, мо халқи осоишта итминони комил дорем, ки сарҳадбонони тоҷик бо сарварии Садри муаззами кишвар намегузоранд, ки вазъият ҳам дар марзи давлатии Тоҷикистону Афғонистон ва ҳам дар дохили кишвар ноором гардида бошад, зеро сарҳади мамлакат ба пуррагӣ зери назорати сарҳадбонони тоҷик қарор дорад. Дар ҳақ, ҳар як марди сарҳадбон бо сарварии Ромарди миллат ҳудуди кишварро бо вуҷуди худ баробар намуда, ҳар як пора хоки муқаддаси ВАТАНро чун гавҳараки чашм нигоҳбонӣ доранд. Ин сарзамин ифтихори ҳар як ватандор асту баҳри шаҳрванди асили тоҷик БЕҲУДУД!

Шарифзода М.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ