Сабабӽои гаравиши ҷавонон ба тамоюлӽои номатлуб ва роҳҳои пешгирии он

Дар охири қарни XX ва ибтидои қарни XXI сокинони сайёра ба хатари ҷидди амсоли ифротгароӣ, терроризм ва экстремизм рў ба рў шуд, ки ин падидаи номатлуб ба бақои одаму олам таҳдид мекунад.

Ифротгароӣ, терроризм ва экстремизм падидаҳое мебошанд, ки инсониятро дар тамоми тўли таърих бо навъҳои мухталиф ҳамроҳӣ намуданд. Решаҳои онҳо хеле чуқур мебошанд. Ҳоло касе гуфта наметавонад, ки якумин амалиёти террористӣ кай, дар куҷо ва бо кадом мақсад cap задааст.

Дар ахди қадим, асрҳои миёна ва давраи нав ҳам одамони алоҳида ва ҳам гурӯҳҳои муташаккили сиёсию мазҳабие буданд, ки ба воситаи тарсонидану даҳшатофаринӣ мехосатанд мақсадҳои худро ба дигарон бор кунанд, зимни ин одамони бегуноҳ қурбон мешуданд.

Дар охири қарни гузашта ва ибтидои ҳазораи нав амалҳои ифротгароӣ ва террористӣ бештар характери сисёсӣ гарифтанд, доираи фаъолияти террористон хеле васеъ гардид. Бо инкишофи техника ва техналогияи нав шаклу намудҳои нави террористӣ ба вуҷуд омаданд, ки аз рўи иқтидори харобиовариашон ба амалиёти калони ҷангӣ шабоҳат доранд.

Барои ба ӽадафӽои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотӽои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, шаӽрвандони гуногуни дунёро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаӽои динии онӽост. Маӽз бо ин роӽу восита мехоӽанд дини мубини исломро барои ба ӽадафӽои нопоки худ ноил шудан истифода баранд.

Бо роҳи ғайриқонунии зўрию даҳшатафканӣ тарсондан ва пахш кардани рақибони сиёсӣ - терроризм аст. Маҳз созмонҳои экстремистӣ сарчашмаи бавуҷуд оварандаи терроризм мебошанд. Аз ҳама бештар ҳаракату созмонҳои ифротгаро барои ба даст овардани мақсадҳою ҳадафҳои сиёсии худ аз амалҳои террористӣ истифода мекунанд. Истилоҳи терроризм барои ифодаи анҷоми амалҳои террор ё даҳшатафканӣ дар роҳи ба даст овардани ҳадафҳои сиёсӣ, идеологӣ ва иқтисодӣ истифода мешавад.

Экстремизм – ин изӽори фаъолияти ифротии шахсони ӽуқуқӣ ва воқеӣ ба даъвати нооромӣ, дигаркунии сохти конститутсионӣ дар давлат, ғасби ӽокимият ва тасарруфи салоӽияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ ва мазӽабӣ мебошад.[1]

Мубориза бар зидди экстремизм бо самтӽои зерин амалӣ мегардад:

- андешидани чораӽои пешакӣ барои пешгирии фаъолияти экстремистӣ, аз ҷумла ошкоркунӣ ва бартараф намудани шарту сабабӽое, ки барои амалӣ гаштани фаъолияти экстремистӣ мусоидат мекунанд;

- ошкоркунӣ, огоӽкунӣ ва пешгирии фаъолияти экстремистии шахсони ӽуқуқӣ ва воқеӣ.

Мубориза бар зидди экстремизм яке аз вазифаӽои афзалиятноки давлат мебошад. Вай вазифаӽои худро дар ин соӽа ба воситаи мақомоти ӽокимияти қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардонад.

Дар Паёми навбатии худ Пешвои муаззами миллат, Эмомалӣ Раҳмон барои пешгирии ҷавонон аз шомил шудан ба ҳаракатҳои ифротӣ ва роҳҳои бартараф намудани он мақомотҳои дахлдори хуқуқиро вазифадор намуданд: «Дар шароити тағйир ёфтани вазъи геополитикии ҷаӽон ва афзоиши таӽдиду хатарӽои нав, ки ба рушди давлатдории миллӣ ва манфиатхои милливу давлатии мо низ монеаӽои ҷиддӣ эҷод мекунанд, аз кормандони мақомоти ӽифзи ӽуқуқ ва сохторӽои низомии кишвар масъулияти дучандро тақозо менамояд».[2]

Таӽлили сарчашмаӽо нишон медиӽанд, ки бештар ҷавонон, ки яке аз қишри осебпазири ҷомеа ба ӽисоб мераванд ӽадафи асосии гурӯӽӽои экстремистӣ ва террористӣ мегарданд.

Ҷавонон – ин гуруӽи иҷтимоию демографӣ мебошанд, ки дар асоси маҷмӯи хусусиятӽои синну сол ҷудо карда шуда, аз хусусиятӽои вазъи иҷтимоӣ ва аз дигар хусусиятӽои иҷтимоӣ-равонӣ вобастагӣ дорад.

Дигар воситаи таъсиррасон ба шомилгардии ҷавонон ба гуруӽӽои ифротӣ ин истифодаи васеи сомонаӽои интернетӣ мебошад. Созмонӽои экстремистӣ ва террористӣ аз ин усул бо паӽн кардани сабтӽои видеоӣ, наворӽои таблиғотӣ ба равони ҷавонон таъсир карда, тарафдорони худро зиёд намуда, ӽатто ба ҷиӽод ва ҷанг даъват менамоянд.

Ташкили кор оид ба пешгирӣ намудани ҷавонон аз шомилшавӣ ба гуруӽӽои экстремистӣ зина ба зина якчанд марӽаларо дар бар мегирад. Ба андешаи мо, хуб мешавад, ки дар асоси барномаӽои махсус бо ҷавонон ва наврасон дар муасиссаӽои таӽсилоти миёна ва олӣ, чорабиниӽо ва вохӯриӽо, маӽфилӽо, мизӽои гирд бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ӽокимияти давлатӣ, мақомоти ӽифзи ӽуқуқ ва кормандони ҷомеаи шаӽрвандӣ гузаронида шаванд.

Яке аз масоили мураккаб ва глобалии пурҳаводиси муосир ин масъалаитеррористиву экстремистӣ дар миқёси сайёра ба шумор меравад. Ин падидаи номатлуб тавассути технологияҳоимуосири иттилоотӣ бо суръати бениҳоят тез ба зеҳнуафкори ҷомеа, хусусан қишри ҷавонон дастрас мегардад. Тақдири халқу миллати тоҷик, хосатан оромию ваҳдатиҶумҳурии Тоҷикистон рисолати муҳимтарини Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, пайваста дар қалбу пайкори соҳибонимиллат қарор дорад. Аз ин рӯ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як роҳи пешгирии шомил нашудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳоитеррористӣ ва экстремистиро пешниҳод намуданд, ки он таъсис намудани Маркази ягонаи иттилоотӣ мебошад.

Аз ҷумла, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ аз санаи 23.12.2022 дар ин хусус чунин ибрози андеша намуданд: “Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шахрвандон ба сафҳоихуд бо истифода аз технологияҳоимуосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаррибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд.

Дар робита ба ин, ҷиҳатипешгирӣ намуданиҷиноятҳои хусусияти экстримистиву террористидошта ва ҷиноятҳое, ки бо истифодаи технологияҳои иттилоотвукоммуникатсионӣ содир карда мешаванд, зарур аст, киМаркази ягонаи иттилоотӣ таъсис дода шавад”.[3]

Барои он ки гаравиш аз тарафи чавонон ба хизбу ӽаракатӽои террористӣ ва экстремистӣ аз байн бардошта шавад, бояд масъалахои таълим ва хусусан тарбия дар муассисахои миёнаи тахсилоти умумӣ, муассисахои тахсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ беҳтару хубтар ба роҳ монда шавад:

  • Омӯзгоронро лозим аст, ки дар дарсхои тарбиявӣ бобати масъалахои мазкур бештар диккат диханд. Ӽисси нафрат ва баъдбиниро нисбати терроризм, экстремизм ва хизбу харакатхои тундрав ва равияхои номатлуб бедор намоянд;
  • Ташкил намудани конфренсияҳо бо кормандони ӽифзи ӽуқуқ дар доираи шомилшавии ҷавонон ва наврасон ба ӽаракатӽои қайд гардида дар муассисахои таълимӣ зиёд карда шавад. Зеро, ки мубориза алайхи терроризм ва экстремизм натанхо вазифаи равшанфикрон, балки вазифаи ҳар фарди бо нангу номуси Ватан, ӽар шахси комилӽуқуқи ҷомеъа аст.
  • Инчунин, дар муасисахӽои таълимӣ кори созмонӽои талабагӣ ва созмони ҷавонон ҷоннок ба роӽ монда шавад, чунки гаравиш ба сафи ташкилоту созмонӽои байналмиллалии экстремистӣ-террористро имрўз ҷавонон ташкил медиӽанд.

Дар ин ҷода дастгирии ӽаматарафаи шаӽрвандон низ мавқеи махсус дорад, зеро амният ва оромии кишвар ба ӽамдастии давлату ҷомеа сахт марбут аст.


Шарипова Моӽира, омўзгори кафедраи умумидонишгоӽии фарӽангшиносии МДТ «ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров»

Адабиёт:

1. Маҳмадов А.Н. Сиёсатшиносӣ. Душанбе., 2010

2. Паёми Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон 23.01.2015 12:37, шаҳри Душанбе.

3. Паёми Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон 23.12.2022, шаҳри Душанбе.

4.Тоатов Ҳ. Терроризм ва экстремизм – паидаҳои номатлуб. Хуҷанд, 2017.

5.Исламское государство Ирака и Леванта.https://ru.wikipedia.org/wiki/.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ