​Рӯ овардан ба китобхонӣ ин муқовимат ба терроризм аст!

Дар баробари рушду тавсеа ва комёбиҳо дар самти фаъолияти ҷавонон ҳолатҳое ба назар мерасанд, ки аз тамоюлҳои манфию ғайриахлоқӣ миёни ин қишри аҳолӣ дарак медиҳад, ки он давлату ҳукумат ва ҷомеаи кишварро ба ташвиш овардааст. Ба қайд гирифта шудани ҳазорҳо ҷинояти мухталиф аз ҷониби ҷавонон содиргардида вашомилшудагон ба гурўҳҳои иртиҷоӣ ҷомеаи моро ором гузошта наметавонад.

Мавҷудияти муаммои зикргардида дар пешрафти ҷомеа ва ояндаи дурахшони халқи тоҷик халал ворид мекунад. Дар шарҳи ин муаммоҳо костагии ахлоқи ҷавонон, нашъамандӣ, тақлидкорӣ ба фарҳанги бегона, тамокукашӣ, оворагардӣ, ба марказҳои дилхушӣ рафтан, шабгардиҳо, даст ба ҳуқуқвайронкуниҳо задан, дур шудан аз анъанаҳои неки илмомўзӣ ва гаравиш ба экстремизму терроризмро номбар намудан мумкин аст. Ин муаммоҳо ҳамчун доғи рӯз дар ҷаҳони имрўза муаррифӣ гардида, аз ҳама хавфноку хатаровари он шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ба ҳисоб меравад. Имрӯз амалҳои террористиву экстремистӣ муаммои сатҳи байналмилалӣ маҳсуб ёфта, беш аз 100 давлати дунёро ба ташвиш овардааст.

Бо дарки муҳиммияти ин масоил Пешвои муаззами миллат зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” зикр доштанд, ки «Дар зарфи солҳои охир зиёда аз 100 мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифта, бар асари ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расидаанд ва миллионҳо нафар макону манзили зисташонро тарк кардаанд. Пӯшида нест, ки дар чунин вазъият кишварҳои дунё дар танҳоӣ наметавонанд дар муқовимат бо хавфу таҳдидҳои афзояндаи амнияту осоиш комёб гарданд ва сулҳу суботро таъмин намоянд». Рў овардан ба ин муаммои муҳим дар самти мубориза ва пешгирии таҳдиду хатарҳои амниятӣ дар ҳама сатҳу зинаҳо хоса байни ҷавонону наврасон хеле зарур арзёбӣ мешавад.

Аз ин лиҳоз, рӯ овардан ба китобхонӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва динии ҷавонон дар роҳи муқовимат ба терроризму экстремизм ва дигар падидаҳои манфии дар ҷомеа мавҷуда мусоидат менамояд.

Гулафзо Ҷӯраева – омӯзгори ДДХ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ