​Роҳи мо роҳи адолат аст!

Имрӯз мутаассифона, душманони миллат, ки берун аз ҳудуди кишварамон умр ба сар мебаранд ҳама имкониятҳои худро ҷиҳати паст намудани имиҷи Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ истифода бурда истодаанд. Онҳо ин сиёсати ғайриқонунии худро бештар тариқи шабакаҳои иҷтимоии интернет роҳандозӣ намуда истодаанд. Вақти тамошои барномаҳои бемаънои онҳо шахс метавонад пай барад, ки то чӣ андоза онҳо нисбати мардуми Тоҷикистон ва шахсони воломақоми он нафрат доранд. Вале онҳо гарчанде ки дар хориҷа умр ба сар баранд ҳам, худро мехоҳанд ба ҳамагон чун шахси ватандӯсту ватанпарвар вонамуд кунанд. Мақсади аслии ин гуна ашхос авомфиребӣ буда, ба ин васила мехоҳанд, ки ба ҳадафҳои ғаразноки худ бирасанд. Яке аз чунин шахсони бадному бадсиришт Муҳаммадиқболи Садриддин аст, ки дар Аврупо зиндагӣ мекунаду ҳамзамон мехоҳад худро чун дӯстдори Тоҷикистон вонамуд кунад. Дар асл ӯ танҳо чун як воситаи ҳимояи манфиатҳои хоҷагони хориҷиаш хизмат мекунад, ки шояд худ бехабар аст. Ӯ бо маслиҳатҳо ва маблағҳои хоҷагони хориҷиаш ба қадри ин қадар ободиву созандагӣ нарасида, хоҳиши халалдор сохтани фазои сулҳу оромии кишвари азизамонро дорад, ки боиси нигаронист. Маҳз ҳамин гуна шахсон метавонанд сабаби халадор сохтани вазъи ороми ҷомеа гарданд.

Инчунин онҳо барои дар амал татбиқ намудани ниятҳои ғаразноки худ қарор доданд, ки бо ҳар гуна роҳу воситаҳои ғайриқонунӣ баъзе аз ҷавонони чаласаводу ноогаҳ аз моҳияти аслии дини исломро ба сафҳои худ кашанд ва дар дили онҳо нафрат нисбати ҳукумати қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайдо намоянд.

Лекин, чӣ тавре ки борҳо дар баромадхои худ роҳбари давлат таъкид кардаанд, мо ватанамонро худамон обод мекунем, каси дигар барои мо ин корро нахоҳад кард. Хушбахтона имрӯз аксарияти ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия ёфта, ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ доранд. Онҳо доимо дастгириҳои пайвастаи Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро эҳсос мекунанд ва медонанд, ки қувваи пешбарандаи ҷомеа ҳастанд.

Ҳоло фурсате расидааст, ки мо тоҷикистониён сарҷамъ шавем ва барои расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар тадбирҳои зарурӣ андешем. Мақсаду мароми Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам овардани шарту шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар як сокини ба ору номуси кишвар аст. Вазифаи муқаддаси ҳар як тоҷикистонӣ бошад, ҳифзу гиромӣ доштани сарзамини аҷдодӣ ва рушду обод намудани он аст.

Камолиддини Раҷабзод!

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ