Роҳандозии тамосу равобити дӯстона

Президенти мо ҳанӯз дар рӯзҳои душвор ва печидаи кишвар, дар ташаккули сиёсати хориҷии Тоҷикистон, роҳандозии тамосу равобити дӯстона бо кишварҳои гуногун, созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои молиявии ҷаҳонӣ ва муаррифии кишвару миллат дар ақсои олам нақши созанда ва беназир дорад. Даҳҳо кишвари хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон намояндагиҳои худро боз намуда, ҳамзамон дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон – аз Осиё то Аврупо ва аз Африқо то Амрико намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Тоҷикистон баҳри таҳкиму густариши ҳамкориҳои ду ва чандҷониба муваффақона фаъолият доранд. Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуда, аз минбари онҳо ташаббусу ибтикорҳои созандаи Президенти кишвар ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷаҳону минтақа, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, маводди мухаддир, ҷиноятҳои муташаккилонаи фаромиллӣ, масъалаҳои экологӣ ва амсоли он ба самъи ҷаҳониён расонида мешавад. Махсусан, силсилаи ташаббусҳои Пешвои миллат дар робита ба ҳалли мушкилоти об дар ҷаҳон, бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти мавзӯъ, боиси ба гунаи хос муаррифӣ шудани Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ гардид. Ҳамчунин, ӯ пайваста аз паёмади номатлуби тағйирёбии иқлим бонги хатар зада, зимни таъкид бар зарурати омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо, рушди устувори кишварҳои куҳсор ва таваҷҷуҳ ба рушди энергияи таҷдидшаванда ҷомеаи ҷаҳониро ба иқдому ҳамкории наздик даъват менамояд.

Сафари расмии президенти Тоҷикистон ба Фаронса 13 октябр оғоз гардида имкониятҳои фарохи афзоиши ҳаҷми молу маҳсулот ва фаъолгардонии сармоягузориро ду кишвар баррасӣ карда шуд.

Дар ҷараёни музокироти сатҳи олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Ҷумҳурии Фаронса даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон муносиб бо сафари ҷавобии расмӣ ба Тоҷикистон ташриф биёранд.

Дар саҳни ҳавлии Қасри Елисей Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эманнуэл Макрон дар назди доираи васеи хабарнигорон бо изҳорот баромад карданд.

Ҷураев М.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ