​ПМТ - бадхоҳи арзишҳои миллӣ

АъзоёниТЭТ, “ПМТ” ҳамчун хоини Ватан ва миллат шинохта мешаванд, ки ҳақиқат буда, чандин кирдорҳои ношоистаи онҳо аз тарафи мақомотҳои қудратӣ ошкор гардидааст.

Ҳар ҳизбу созмон бо нияти ташаккул ва пешравии ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳамчунин хидмат ба Ватану миллат ва дар асоси садоқату посдории муқаддасоти миллӣ ташкил мешавад, вале дар асл созмондиҳандагони ин ҳизб ба хотири ба даст овардани манфиатҳои хеш ва ба даст овардани ҳокимият дар сар орзуву ҳавасҳоеро мепарвариданд, ки ба дасти бегонагон идора ва маблағгузорӣ мешуданд.Вале бо ҳушёрии мақомотҳои қудратӣдар андак замон чеҳраи аслии онҳо кушода ва нияти шумашон баръало намоён гардид.

Ба ҳамагон маълум аст, ки ҷомеаи Тоҷикистон тўли садсолаҳо аз мазҳаби ҳанафӣ пайравӣ мекард. Мазҳаби ҳанафӣ мардумро дар ин муддат ба таҳаммулгароӣ, ҳамзистӣ ва эҳтиром ба урфу одат ва арзишҳои миллӣ тарғибу ташвиқ менамуд. Дар ин сарзамин, дар маҷмӯъ ихтилофи мазҳабию эътиқодӣ ба назар намерасид. Аммо аз рӯзи ташкилёбии ҲНИ (имруза Паймони миллии Тоҷикистон) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтилофоти эътиқодӣ бо ҳам тавъам (дугоник) арзи вуҷуд намуданд. Яъне, ҲНИ бо омадани худ дар арсаи сиёсии кишвар ихтилофоти мазҳабиро низ бо худ овард. Зикр кардан бамаврид аст, ки ҲНИ пеш аз ҳама ҳамчун дарвозаи вуруди ақидаҳои бегона ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, салафия, ҳизби таҳрир ва шиа хизмат намудааст.

Таҷрибаи даҳ соли охир куллан исбот кард, ки ин ҳизб на танҳо ба тафриқаандозӣ машғул шуд, балки ба онҳое мадад кард, ки мехостанд суботи мамлакати орому осударо тавассути табаддулот барҳам зананд.

Исломе, ки асрҳо боз тоҷикро ба тоату ибодат, таълиму насиҳат, некхоҳию накӯкорӣ даъват менамуд, якбора ба ӯ амр кард, ки майдондорӣ кун, силоҳ бигир, мансабро ба зӯр соҳиб шав, интиқомгирӣ кун, одам бикуш ва ғайраву ҳоказо. Дар натиҷа, исломе, ки бояд омили муттаҳидии миллати мо дар солҳои сарнавиштсози поёни асри 20 мешуд, баръакс, сабаби ихтилофу даргириҳо гардид. Ин ҳизб дар фаъолияти хеш ҳеҷ гуна идеологияи дурнамо, мавқеи муайяне дар масъалаҳои миллӣ, илмию фарҳангӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва ғайра надошт.

Бо шарофати расонаҳои шабакаҳои интернет, баъзе паҳлуҳои фаъолияти сиёҳи ТЭТ ПМТ ва роҳбари он ошкор мегардад.

Оиди аз ҷониби ПМТ бартараф намудани қонуншиканиҳои дар фаъолияташон ҷойдошта дар давоми солҳои 2014 ва 2015 аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин маротиба огоҳномаҳо ирсол карда шудаанд, вале роҳбарияти ТЭТ ПМТ ба ин нигоҳ накарда, амалҳои ҷинояткоронаи худро ҷиҳати ғасби ҳокимияти конститутсионӣ тарҳрезӣ намуданд.

Давоми чанд соли охир дар қаламрави Тоҷикистон зиёа аз 125 узви ТЭТ ПМТ барои иштирок дар фаъолияти ҷинояткоронаи ташкилотҳои террористӣва экстремистии “ДИИШ”, “Ҳаракати исломии Ӯбекистон”, “Ансоруллоҳ”, “Ҳизб-ут-Таҳрир”, “Ҷамоати Таблиғ”, “Гуруҳи- 24” ва ғайра боздошт гардиданд. Аз 1140 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар сафи гуруҳҳои ҷангии ДИИШ ба қайд гирифта шудаанд, 521 нафарашон аъзои ТЭТ ҲНИ мебошанд.

Ҳамаи ин далелҳо аз он шаҳодат медиҳанд, киаъзоёни ПМТ кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки сохти конститутсиониро вайрон сохта бар зидди манфиатҳо ва арзишҳои миллӣ бароянд.

Аъзоёни ТЭТ ПМТ ҳамеша то абад ҳамчун хоинони Ватан ва миллат шинохта хоҳанд шуд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ