​Пешвои миллат – ғамхори аҳли зиёи кишвар

Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, ба мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст.

Бо дарназардошти аҳаммияти ин масъала, мақому манзалати илм, олимону донишмандон, аҳли маориф ва зиёиёни эҷодкорро дар ҷомеа аз нигоҳи иҷтимоӣ, маънавӣ ва молиявӣ давра ба давра баланд бардошта шуд. Зеро дар ҷаҳони муосир танҳо кишварҳое метавонанд ҳастии худро ҳифз карда, рушд ёбанд, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд. Ҳоло истифодаи «зеҳни сунъӣ» дар ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ торафт густариш пайдо карда истодааст. Ба ин маънӣ, дастоварди олимон на танҳо пешрафти як давлату миллатро такон мебахшад, балки метавонад мавриди истифодаи башарият қарор гирад.

Ҳукумати мамлакат дар шароити бисёр мураккаби иқтисодиву молиявии солҳои 90-ум на фақат ҳамаи муассисаҳои Академияи илмҳо ва академияҳои соҳавиро устувор нигоҳ дошт, балки дар сохтори онҳо даҳҳо пажӯҳишгоҳ ва марказҳои нави илмиву таҳқиқотиро таъсис дод.

Барои тақвияти заминаҳои моддиву техникии илми ватанӣ маблағгузориро зиёд карда, ба ин мақсад 1 миллиарду 607 миллион сомонӣ ҷудо шудааст, сохтори Академияи илмҳоро мукаммал гардид ва соли 2020 он ба Академияи миллии илмҳо табдил дода шуд.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоии кишвар, аз ҷумла дар соҳаи илму маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сармояи хориҷӣ беш аз 1400 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 36 миллиард сомонӣ амалӣ карда шуд. Ҳоло дар мамлакат боз 724 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 152 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст, ки аз ин шумора даҳҳо лоиҳа ба соҳаи илм равона гардидааст. Дар ин давра сатҳи зиндагии мардуми кишвар тадриҷан беҳтар гардида, нишондиҳандаи сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999 то 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш дода шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи маориф ва илм таваҷчуҳи аввалиндараҷа дода, дар давоми беш аз 30 соли соҳибистиқлолӣ зиёда аз 3900 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла муассисаҳои типи нав, яъне гимназия, литсею коллеҷ, инчунин, донишгоҳу донишкада бунёд карданд. То замони истиқлол дар кишвар 13 муассисаи таҳсилоти олӣ бо 65 ҳазор донишҷӯ фаъолият дошт. Ҳоло ин рақам ба 47 ва шумораи донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 220 ҳазор нафар расидааст. Яъне ҳам шумораи мактабҳои олӣ ва ҳам шумораи донишҷӯёни онҳо қариб чор баробар афзудааст. Олимони мо минбаъд низ бояд барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат, таъмини рушди босуботи мамлакат, пешрафти соҳаҳои мухталифи он, хусусан, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ саҳмгузор бошанд.

Маблағгузорӣ ва ҳавасмандсозиҳои дигари давлатӣ барои соҳаи илм яке аз масъалаҳои асосӣ мебошад, ки Ҳукумати мамлакат ба он таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир менамояд ва онро бо дарназардошти имкониятҳои буҷет сол ба сол зиёд карда истодааст. Маблағгузории соҳаи илм танҳо дар соли 2024-ум ба 225 миллион сомонӣ расонида шуд, ки назар ба соли 2023-юм 45 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Маоши миёнаи кормандони Академияи миллии илмҳо соли 2003-ум ҳамагӣ 45 сомонӣ буд ва соли 2023 ба 2438 сомонӣ расонида шуд, яъне қариб 54 баробар афзоиш дода шуд. Аз моҳи июл дар баробари дигар соҳаҳо маоши кормандони илм боз 40 фоизи дигар зиёд карда мешавад.

Ба хотири ҳавасмандгардонии олимон ва пешрафти илму маориф дар кишвар унвонҳои фахрии Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон ва Корманди шоистаи Тоҷикистонро таъсис дода шуд. Ба замми ин, Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон дар соҳаи маориф, ҷоизаҳои давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаҳои илм ва техника, Ҷоизаи давлатӣ барои олимону омӯзгорони фанҳои табиӣ ва риёзӣ, ҷоизаҳои давлатии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон таъсис дода шудаанд. Ҳоло даҳҳо ҳазор хонандагону донишҷӯёни кишвар намудҳои гуногуни стипендия, аз стипендияи президентӣ то стипендияҳои раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро мегиранд.

Ҳамаи тадбирҳои зикргардида далели ғамхориву дастгирии давлатӣ нисбат ба аҳли илму маориф буда, ҳоло ба дарёфти истеъдодҳо ва дастовардҳои нави илмӣ мусоидат карда истодаанд. Ҳоло дар кишвар қариб 5900 нафар кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ фаъолият менамоянд, ки 886 нафар ё 15,5 фоизи онҳо доктори илм (аз ин 146 нафар ё 16 фоиз занон), 4800 нафар номзади илм ва 158 нафар доктор аз рӯйи ихтисос мебошанд. То замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 3300 нафар кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ, аз ҷумла 229 нафар докторҳои илм ва 3074 нафар номзадҳои илм фаъолият мекарданд.

Бо дарназардошти ин, вазоратҳои маориф ва илм, саноат ва технологияҳои нав ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро зарур аст, ки ҷиҳати ба талаботи замон мувофиқ намудани фаъолияти паркҳои технологӣ то охири соли ҷорӣ тадбирҳои дахлдор андешанд. Ҳол он ки дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ донистани забонҳои асосии илми муосири ҷаҳонӣ яке аз шартҳои ба сатҳи байналмилалӣ баромадани натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва дастрасӣ ба дастовардҳои илмии кишварҳои пешрафта маҳсуб мешавад. Яке аз сабабҳои паст гардидани сатҳу сифати корҳои илмӣ хунукназарии шӯроҳои диссертатсионии амалкунанда, муассисаҳои пешбари тақриздиҳанда ва муқарризони расмӣ ба масъалаи арзёбии диссертатсияҳои ҳимояшаванда мебошад. Дар баробари ин, дониши тахассусии баъзе довталабоне, ки рисолаҳои номзадӣ ва доктории худро тибқи низоми докторантура аз рӯйи ихтисос ҳимоя мекунанд, ҷавобгӯи талабот ва дараҷаи илмии дарёфтшаванда нест. Ба корҳои илмиву таҳқиқотӣ кам ҷалб гардидани ҷавонони лаёқатманду забондон, рушд накардани мактабҳои илмии олимони собиқадор ва ҳавасмандии нокифояи аспирантҳову докторантҳо, хусусан, дар самти илмҳои табиӣ ва риёзӣ аз ҷумлаи мушкилоти асосии омода кардани кадрҳои илмӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ мебошад.

Маҳз илму маориф асоси пешрафти давлат ва раҳоии ҷомеа аз ҳама бадбахтиҳо, аз ҷумла ифротишавӣ, хурофотпарастӣ ва ҷаҳолат аст. Олимон чун ҳамеша рисолати худро дар назди миллату давлат бо садоқати баланди ватандорӣ иҷро намуда, дар ҳифзи дастовардҳои истиқлол, муқаддасоти миллӣ таҳкими хотираи таърихиву фарҳангии миллати тоҷик ва муаррифии шоистаи Ватани азизамон – Тоҷикистон саҳми арзишманди худро мегузоранд.

Ба миллати тоҷдорамон, ба давлати соҳибистиқлоламон ҳамеша содиқ бошем, доим дар хотир дошта бошем, ки миллати тоҷик ба туфайли забону фарҳанг, илму дониш ва маърифати баланди хеш дар мураккабтарин давраҳои таърихи беш аз шашҳазорсолаи худ аз байн нарафт, зинда монд ва минбаъд низ зиндаву ҷовидон хоҳад монд. Ояндаи давлати тоҷикон дурахшон аст. Мо истиқлолу озодиро, ки неъмати бузургтарину муқаддастарини зиндагиамон мебошад, ба ягон чиз ва ҳаргиз иваз намекунем. Ҳар яки мо бояд шукрона кунем, ки соҳиби Ватани озод ва давлати соҳибистиқлол ҳастем ва Тоҷикистони азизи моро, ки дар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ баробари тамоми кишварҳои мутамаддину пешрафта як овоз дорад, имрӯз дар дунё на танҳо мешиносанд, балки ташаббусҳои онро ба хотири ҳалли мушкилоти сайёра ҷонибдорӣ ва эътироф мекунанд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ