Пешвои миллат бунёдгари равзанаи нур
Ҳазорсолаҳо мардум дар орзуи дидани қаҳрамони воқеӣ буда, чандин афсонаҳоро эҷод намуданд, ки хулосаи ҳамаашон як будқаҳрамон мардумро аз торикӣ наҷот дода, ба рӯшноӣ мерасонад. Ба бахти миллати тоҷик, ки зулмоту торикиро дар ҳаёти худ дида, дар орзуи чунин қаҳрамонҳо афсонабофӣ мекард, ниҳоят ин ормонаш воқеият ёфт. Халқи тоҷиксоҳиби қаҳрамони воқеӣ дар шахси Пешвои миллат- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Эмомалӣ Раҳмонгардид, ки аз чандин зулмоти нобудкунанда моро наҷот дод. Бадтарин бадбахтӣ сари халқи тоҷик ин ҷанги хонумонсӯзи бародаркуш буд, ки Пешвои муаззами мо бо ғайрати мардона ва паҳлавонона халқро сарҷамъ намуда ба сӯи сулҳу ваҳдат, тинҷию амонӣ роҳро равшан намуд. Дигар ин гуруснагии сартосар бар асари сабабҳои зикршуда буд, ки бо тақсим намудани заминҳои президентӣ ва дигар тадбирҳои муҳимми иқтисодӣ ҳалли худро ёфт. [2]
Пешвои миллат ҳамеша дар талоши равшанию гармии хонадони ҳар яки мо буданд.Ба ҳамагон маълум аст, ки бе рушди соҳаи энергетика пешрафти иқтисодиёти кишвар ғайриимкон аст. Беҳуда энергетикаро пешбарандаи иқтисодиёт нагуфтаанд. Баҳри таъмини аҳолӣ бо неруи арзони аз ҷиҳати экологӣ тозаи барқ ва ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ давоми 28 соли соҳибистиқлолӣ сохтмони як қатор иншоотҳои бузурги неруи барқи “сабз” ба роҳ монда шуд, ки дар сархати ин феҳрист номи НБО Роғун қарор дорад. Ин сохтмони бузург – нерӯи сабз,ки яке аз самтҳои иқтисодиёти сабзмебошад як қадами ҷиддӣ дар рушди иқтисодиёти сабз ба ҳисоб меравад.
Пешвои муаззами мо чандин маротиба ба ин сохтмони азими аср,ки яке аз неругоҳҳои калонтарин ва нодиртарин дар Осиёи Миёна ба ҳисоб меравад сафари корӣ анҷом дода, аз рафти сохтмон дидан намуданд ва бо сохтмончиён сӯҳбатҳои самимӣ доир карданд, ки ин вохӯриҳо ба сохтмони неругоҳ такони ҷиддӣ бахшид.
Махсусан, санаи 29 октябри соли 2016 барои миллати тоҷик як санаи бузурги таърихӣ ва фаромӯшнашаванда гардид, зеро ки ин рӯз бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун дар соҳили дарёи Вахш маросими оғози бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии “Роғун” барпо шуд. Пешвои миллат шахсан дар бастани маҷрои дарёи Вахш иштирок дошта, бо булдозер зиёда аз якуним соат бо пеш кардани сангу шағал маҷрои ин дарёро бастанд ва ба бунёди сарбанди ин иншооти бузурги аср оғоз бахшиданд.
Барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли гузашта соли воқеан таърихӣ бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмон буд, ки яке аз онҳо ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ба шарофати он орзуи чандинсолаи мардуми шарифу заҳматқарини тоҷик амалӣ гардид, ибтидои гардиши куллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва як қадами устувору бузурги кишвари мо дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ - истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад.
Истиқлолияти давлатӣ муваффақияти бузург ва дар навбати худ ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Маҳз дар ҳамин давра мо ҳамзамон бо ташаккули ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд ба муваффақиятҳои бузург дар соҳаи иқтисод ва энергетика гардидем.
Дар ин муддат давлату ҳукумат ва миллати мо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллатро сармашқи фаъолияти худ қарор дода баҳри ҳалли мушкилоти энергетикӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва равшану чароғон намудани ҳар як хонадон камари ҳиммат бастанд. Дар натиҷа мо имрӯз ба чунин комёбӣ ноил гардидем. Ин ҳама натиҷаи талошу кӯшишҳои Пешвои муаззами мо аст.
Дар давраи истиқлолият дар соҳаи электроэнегетика 20 лоиҳаи сармоягузорӣ бо ҷалби зиёда аз 1, 9 млрд. доллари ИМА татбиқ гардид, ки муҳимтаринаш ин тавлиди иқтидорҳои нави неруи барқба монанди НБО Сангтӯда -1, Сангтӯда- 2, Помир -1, маркази барқу гармидиҳии Душанбе -2, сохтмони зеристгоҳи барқии Душанбе- 500, Суғд -500, Дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 500 кв дар НБО Норак ва Қайроққум, хатҳои интиқоли Ҷануб -Шимол, Тоҷикистон -Афгонистон, Қайроққум -Ашт, Қайроққум- Суғд, Хуҷанд- Айнӣ, Айнӣ -Рӯдакӣ ва ғайраҳо ба шумор меравад. Дар даҳ соли охир иқтидорҳои истеҳсолии низоми энергетикии кишвар дар ҳаҷми 1520 мегаватт зиёд карда шуд ва беш аз
Моҳи сентябри соли 2018 дар ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб нерӯгоҳи барқи обии «Тоҷикистон» бо иқтидори 1500 киловатт ба маблағи 80 миллион сомонӣ ба истифода дода шуд, ки бо шарофати он талабот ба нерӯи барқ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пурра таъмин гардид. Ҳоло асосноккунии техникии ду нерӯгоҳи барқи обии дигар дар ин минтақа, яъне Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – “Санобод” ва “Себзор” бо иқтидори умумии 211 мегаватт омода гардида, корҳо доир ба дарёфту ҷалби сармоя бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ идома доранд.
Инчунин дар баробари бунёди нерӯгоҳҳои барқи обии нав, ба масъалаи барқарор намудани иқтидорҳои мавҷуда таваҷҷӯҳи хоса зоҳир шуда истодааст, зеро дар ҳолати таҷдид накардани як қатор нерӯгоҳҳо, ки солҳои тӯлонӣ фаъолият карда истодаанд, самаранокии истеҳсолии онҳо коҳиш меёбад.
Бинобар ин, ҳоло таҷдиди нерӯгоҳи барқи обии «Сарбанд» ба маблағи 1,3 миллиард сомонӣ идома дорад ва таҷдиди нерӯгоҳи барқи обии “Қайроққум” дар ҳаҷми 1,9 миллиард сомонӣ ва марҳалаи якуми таҷдиди нерӯгоҳи барқи обии «Норак» ба маблағи 3,5 миллиард сомонӣ оғоз гардидааст. Баъди таҷдиди пурра тавоноии ин се нерӯгоҳ нисбат ба ҳаҷми воқеии имрӯзаи онҳо, дар маҷмӯъ, 840 мегаватт афзоиш меёбад.
Танҳо бунёди нерӯгоҳи “Роғун” имкон медиҳад, ки умри нерӯгоҳи “Норак” садсолаҳо дароз карда шавад. Ин чунин маънӣ дорад, ки ба обанбори “Норак” аз нерӯгоҳи “ Роғун” оби таҳшиншудаи соф дохил мегардад ва обанбори “Норак” аз гилу лой пур намешавад. Илова бар ин, тавоноии нерӯгоҳҳои амалкунандаи масири дарёи Вахш 4 миллиард киловатт - соат меафзояд.
Барои боз ҳам устувор гардонидани низоми энергетикии кишвар кор доир ба татбиқи лоиҳаи минтақавии КАСА-1000 оғоз гардидааст, ки маблағи умумии он қариб 11 миллиард сомонӣ (қисми Тоҷикистон 3,4 миллиард сомонӣ) буда, соли 2021 ба анҷом расонида мешавад.
Соли охир мо на танҳо барои ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ қадами устувор гузоштем, балки дар 28 соли соҳибистиқлолии кишварамон ду соли охир мардуми мамлакатро пурра бо барқ таъмин намуда, дар ҳаҷми қариб 3 миллиард киловатт - соат нерӯи барқ содирот кардем.
Ҳоло Тоҷикистон, тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалӣ доир ба истеҳсоли нерӯи барқи аз лиҳози экологӣ тоза дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол мекунад. Кишвари мо имконият дорад, ки баъди ба кор андохтани иқтидорҳои нав, аз ҷумла нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” аз лиҳози фоизи истеҳсоли нерӯи барқ аз манбаъҳои таҷдидшаванда дар ҷаҳон ба ҷойи дуюм ё сеюм барояд.
Ин саҳми Тоҷикистон дар ҳалли яке аз мушкилоти глобалӣ – кам кардани партовҳои гази карбон ба ҳавои атмосфера ва коҳиш додани оқибатҳои манфии гармшавии иқлим хоҳад буд.
Хуллас, ба кор андохтани агрегати якуми НБО-и Роғун 16 ноябри соли 2018 ва агрегати дуюми он 9 сентябри 2019 сол як тӯҳфаи беназиртарин барои миллати тоҷик дар арафаи ҷашни 30 солагии Истиқлолияти Ҷумхурии азизамон мебошад. Бунёди ин иншооти аср бо баробари пурра таъмин намудани кишвар бо неруи барқ ва содироти бақияи он ба хориҷа маҳдуд нашуда, боиси ташкили ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ, зиёд шудани корхонаҳои саноатӣ, баланд шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ, рушди ҳамаи бахшҳои иқтисодиёт аз зумраи афзалиятҳоеанд, ки Тоҷикистонро ба як неруи иқтисодии минтақа табдил медиҳанд ва барои амалӣ намудани стратегияи чоруми миллӣ саноатикунонии босуръати кишвар такони ҷиддӣ мебахшад.
Бо роҳандозии ғояи Пешвои миллат сохтмони иншоотиРоғун халқи тоҷикро ба марҳилаи нави рушд ворид кард. Ин сохтмон обрӯи сиёсии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардошт.
Лоиҳаи неругоҳи барқии обии Роғун ба талошҳои имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои гузаштан ба иқтисодиёти сабз, ки асоси онро истифодаи сарчашмаи энергияи барқароршаванда ташкил медиҳад, мувофиқ буда, татбиқи он имконият медиҳад, ки партови садҳо ҳазор тонна гази карбон ба атмосфера кам карда шавад.
Пешвои миллат бо роҳбаладии маъракаи идеологии Роғун собит сохтанд, ки иродаи устувор метавонад тамоми монеаҳоро бартараф созад ва ба қуллаи мурод расонад, афсонаро ба ҳақикат табдил диҳад, исбот карданд, ки қавииродагии як инсон метавонад миллатро бо ҳам оварда дар татбиқи ҳадафҳои олии давлатдорӣ муттаҳид созад.
Миллати меҳнаткаши тоҷик ба бехтарин шароити зиндагӣ сазовор аст. Ин аст, ки бо муттаҳид гардидан атрофи сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Пешвои миллати худ мо ҳамасола ба пешравиҳои назаррас ноил гашта истодаем. Ифтихори бузурге миллати тоҷикро даст дод, ки мо шоҳиди ба кор андохтани ду агрегати неругоҳи бузурги тақдирсоз гардидем.
Ба истифода додани ду агрегати ин неругоҳи бузургу беназир, ки амалишавии он чандин даҳсола ҳамчун ормони миллӣ орзу буд, воқеан руйдоди муҳими таърихӣ аст. Барои расидан ба ин ормони миллӣ чанд сол муқаддам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат зимни суханронӣ дар маросими иваз кардани маҷрои дарёи Вахш чунин баён доштанд, ки расидан ба ин рӯзи некро тамоми сокинони Тоҷикистон солҳо интизор буданд ва фарзандони бонангу номуси Ватанмутахассисону сохтмончиёни баландихтисос барои наздик овардани чунин рӯзи таърихӣ шабонарӯз заҳмат кашиданд.
Заҳмати Пешвои миллат дар бунёди ин сохтмони халқӣ беназиру беҳудуд буда, тавонист мардуми кишварро дар бунёди ин неругоҳи бузург муттаҳид созад. НБО Роғун на танҳо манбаи нуру рӯшноӣ балки санги маҳаки номуси миллӣ, шарти иқтидору пойдории давлат ва омили асосии таъмини амнияти миллату давлати Тоҷикистон мебошад.
Қаҳрамонии Пешвои миллат дар он зоҳир мегардад, ки ӯ дар ғами номуси миллат буда, дар самти ҷалби сармояи хориҷӣ ба тарҳи неругоҳи Роғун чунин гуфта буданд: “Мо набояд ба умеди дигарон шавем зеро Ватани моро ғайр аз худи мо каси дигар обод намекунад, чунки ин Ватан аз мост ва тақдири имрӯзу фардои он низ дар дасти худи мост”.
Роғун ба дилу дидаи ҳар як тоҷик ҷой гирифтааст ва нест тоҷике, ки ин сохтмонро дастгириву мададгор нашуда бошад.
Алиxонов Xамшед Абдуrаюмович профессор