​Оромии ҷомеа аз Ваҳдат

Мардуми шарифи кишвари биҳиштосоямон дар арафаи таҷлили ҷашни 25 - солагии ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ – дастоварди беназири даврони нави давлатдории тоҷикон қарор доранд. Ҷомеа муттаҳидона баҳри истиқболи сазовор ва бошукӯҳи ин санаи таърихан муҳим ҷидду ҷаҳд дорад ва корҳои зиёде ба анҷом расонида шудааст, ки аз вазъи орому осуда, табъи болида ва нерӯбахшии мардум ҳувайдост.

Мутаасифона, ҳаёти бомароми осоиштаи кишвар душманони дохилию хориҷии моро нороҳат месозаду ин тоифаи бадкирдорон баҳри ноором сохтани Ватанамон тарҳҳои нав ба нав мекашанд. Қазияи марбут ба Боқиру бастани роҳи мошингард дар ноҳияи Рӯшон ва амсоли онҳо қисме аз ин тарҳҳои муғризонаи хоҷагони маблағгузори хориҷӣ мебошаду баъзе афроди нокас дар ин тарҳрезиҳо ҳунармандии беақлона мекунанд.

Вазъи сиёсии ҷаҳон, алҳол хеле мураккаб ҷараён гирифтааст ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, чун узви комилҳуқуқи ҷомеа давраи пуртаҳлукаеро паси сар карда истодааст, ки якдилию ваҳдат, дастгирии ҳамаҷонибаи сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти олии кишварро тақозо менамояд. Нооромиҳо дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, муноқишаю иғвоангезӣ, дасисабозиҳои байнисарҳадӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон ва омилҳои дигари беруна амсоли ҳарзагӯию ҳангоматалабии саркардагони ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати Ислом бо сардории Муҳиддин Кабирии муртади мазҳабфурӯш ва ҳоказо падидаҳои хатар ба ҷомеаи мо мебошад, ки масъулияти баланди шаҳрвандии ҳар як узви ҷомеаро металабад.

Талошҳои пайвастаю бисёрҷабҳаи Ҳукумати кишвар баҳри рафъи муваффақонаи қазияҳо мусоидат карда истодааст, ки мебояд ба ин шукрона кард. Оғози истеҳсоли техникаи бесарнишин, бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, рушди истеҳсолоти кишоварзӣ ва ғайра падидаҳои равшану амиқи сиёсати муваффақонаи дохилию хориҷии роҳбарияти олии кишвар мебошад, ки сазовори таҳсину офаринҳо ва қадрдонии арзанда мебошад. Аз узви ҷомеа тақозо карда мешавад, ки дар маҳали зист, муҳити оила, ҷойи корӣ, байни ҷомеа бештар ба масъалаи дастовардҳо эътибор диҳему тақвияти раванди созандагиро талқин диҳем. Нашояд ҷомеаи мутамаддини мо, хусусан насли ҷавон ба иғвою дасисаҳои муғризони палид фирефта шаванду ба ғояҳои ифротӣ гаравида бошанд. Бинобар ин, зарур аст, ки ҳар фарди солимақл алҳол мавқеи фаъоли шаҳрвандиро касб намояду дар ободии Ватани маҳбубамон саҳми бештар гузорад.

Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ