Ҳомии муаззам ва сипари боэътимод!
Вазъи пуртаззоди сиёсӣ – иҷтимоии ҷаҳон давлатдоронро масъул менамояд, ки дар ҳифзи марзу бум ва таъминоти осудаю осоиштагии аҳолӣ тадбирҳои доимӣ андешанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мамлакатҳои ноором, аз қабили Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва ҳам Ҷумҳурии Қирғизистон марзи тӯлонӣ дорад, дар шароити хеле ҳассос қарор гирифтааст, ки аз роҳбарияти олии кишвар маҳорати баланд, хиради азалӣ, зиракии сиёсӣ, иродаю матонати қавӣ ва сифатҳои дигари олиро тақозо менамояд. Хушбахтона, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои чунин хислатҳои номбурда мебошад, ки исботи амиқи онро бори дигар метавон дар ҷараёни сафарҳои кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои Дӯстӣ, Ҷайҳун ва дигари вилояти Хатлон мушоҳида намуд.
Мебояд қайд кард, ки ноҳияҳои номбурда дар минтақаҳои ҳаммарз бо Афғонистон ҷойгир шудаанд. Дар ин васила рафти бомароми сафари корӣ исбот менамояд, ки вазъи сарҳадот мӯътадил асту ба амнияти аҳолии маҳал аз ҷониби Афғонистон бо сабаби мавҷудияти сипари боэътимоди нерӯҳои қудратӣ хатаре таҳдид намекунад. Ҳукумати кишвар муваффақона тавонистааст, ки хоки Ватан дар амнияти кулл нигоҳ дораду аҳолии маҳал орому осуда бо заҳмати созандаю бунёдкорӣ машғул бошанд. Тамошои киштзорҳо, зиндагиюзаҳматкашиҳои мардум, ифтитоҳи даҳҳо иншоотҳои навбунёд ва равандҳои дигари ободутаҷассуми волои он аст, ки Ватани маҳбубашон дар симои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳомии хирадманд, одилу оқил, ғамхору халқпарвар дораду ниҳодҳои қудратӣ сипари қавӣ дар атрофи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурӣ мебошанд.
Фарди солимақли соҳибватан аз воқеиятҳои номбурда хулосабардории оқилона карда мебояд ҳамеша бо меҳнати садоқатона баҳри ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлолияти давлатӣ омода бошанд. Шукрона намоянд, ки чунин ҳомии муваффақу сипари боэътимод доранд, фазои Ватан орому осуда асту сулҳу амонӣ танинандоз мебошад. Танҳо ҳамагонро мебояд ҷонибдори сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати кишвар бошему имкониятҳои инфиродии худро ҷиҳати вусъати корҳои ободониву созандагӣ бо пуррагӣ истифода намоем. Ваҳдату сарҷамъии ҷомеа омили қавии суботи кишвар асту итминон дорам, ки мардуми шарифи Ватан ин муқаддасотро доимо ҳифз менамоянд ва азизу гиромӣ медоранд.
Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”