​Ношукрони носипос!

Офаридгори олам ба банӣ Одам шуур ато намудаасту дар байни онон қисмеро ақлу тафаккур бештар додааст, ки ин тавоноии худро баҳри пешрафти ҷомеа сарф намояд. Олимону мутаффакирони бузурги ҳамаи давру замони таърихи башарият нерӯи худро баҳри иҷрои вазифаи муқаддаси худ харҷ намудаанд, ки кашфиёту ихтироъ ва дигар дастовардҳои ҷомеа гувоҳии ин амалҳост. Комёбиҳои башарият торафт вусъат ёфтаву алҳол фатҳи кайҳону таҳқиқи қаъри Замин низ имконпазиру барои инсон қариб сири нуҳуфта боқӣ намондааст. “Аз авҷи Зуҳал то қаъри гили сияҳ ҳама мушкилоти гетӣ” тадриҷан ҳаллу фасл шуда истодаасту дар натиҷа барои инсон шароити зисту зиндагонӣ торафт қулайтар ва осон шуда истодааст.

Афроди соҳибидроку боақл бо ин дастовардҳо шукрона намуда бо истифодаи васеи имкониятҳо нерӯи зеҳнӣ ва ҷисмонии худро барои пешбурди ҷомеа новобаста аз мансабу вазифа ва ҷойи кор равона менамоянд. Вале, дар ҷомеа нафарони ботинсиёҳи палид низ вуҷуд доранд, ки ақлу тамиз - атои Худовандро ба сӯи ҳидояткардаи Иблиси малъун харҷ менамоянд, ки сифати пасттарини инсонӣ ва қаробат ба олами вуҳуш доштани онҳо мебошад. Нафарони гумоштаи шайтонсифат тӯдаи ночизро ташкил диҳанд ҳам, бӯи ғализу нопоки онҳо муҳити муайяни башариро бадбӯю ҷомеаро нороҳат месозад. Намояндагони барҷастаи ин тоифаи худозадагони худобехабар аъзои ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати Ислом мебошанд, кибо сардори ҳилагари маккорашон Муҳиддин Кабирии ватанфурӯш дар саҳнаи шабакаҳои иҷтимоӣ чун кафки оби уқёнус алвонҷ мезананду ваҷоҳати палидонаашон аз мақсадҳои нопокашон дарак медиҳад.

Пуштибони ин наҳзатиёни разил – хоҷагони аҷнабии маблағгузор лӯхтаку зочаҳои наҳзатиро гоҳе ба дастгирии ҳаракати ифротгарои “Толибон”, баъзан сӯи ҳокимияти қонунии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ғайра ҳидоят мекунанду разилони наҳзатӣ роли худро ҳаддалимкон иҷро менамоянд. Ба ҷое, он ки нафъовари ҷомеа бошанду ақлу фаросати додаи Парвардигорро барои пешбурди ҷомеа харҷ намоянд, ки нобакорони наҳзатӣ дар байни мардуми соддалавҳи зудбовар, аз он ҷумла муҳоҷирони тоҷикистонӣ шӯру ғавғо ангехта ҳам ба фаъолияти меҳнатии онҳо халал мерасонанд ва ҳам онҳоро фирефта ба доми рӯбоҳонаи худ мекашанд. Афроде, ки бо баъзе кирдору ҷиноят ҳукумати қонунии кишвар онҳоро ба ҷавобгарӣ кашидааст, барои наҳзатиён ҳамчун ливое мебошанд, ки рӯҳи муғризонаашон боло мебардораду бо ҳарзаю чоплусӣ аз ин тоифаи бадкирдорон ва амалҳои ношоистаи инсонии онҳо ҳимоят мебарад. Қазияи Изат Амон ва амсоли он шаҳодати воқеии шайтонпарастии наҳзатиён мебошад, ки адлу инсоф, қадру манзалати шахсиятро намефаҳманду намехоҳанд риоя кунанд. Чун саги девона, ки ба соҳиби худ дандон мезанад, наҳзатиёни палид нафсонияти маблағро авлотар аз шукронаю сипосгузорӣ, арҷгузорӣ ба дастовардҳои мардуми ҳамқавми худ мемонанд.

Ношукрону носипосонро нашояд одамӣ хонду ба сӯи онҳо танҳо санги таърихро ҳавола карду маҷақу пачақ, пароканда гаштани онҳо дер намепояд.

Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ