​Нопокӣ аз тинат аст...

Маълуми ҳамагон аст, ки имрўзҳо аз ҷониби давлатҳои абарқудрат таҷрибаи «сиёсати духўра» васеъ паҳн шуда, нисбати давлатҳое,ки дар он ҷо озодиҳои динӣ бисёр нигаронкунанда аст ва амалҳои террористӣ нисбати намояндагони ин ё он мазҳаб ба амал меояд бо назардошти мақсадҳои геополитикии баъзе «абарқудратон» нодида гирифта мешаванд.

Вазъияти ба амаломада дар кишвари ҳамсоя Афғонистон боисис нигаронии минтақа ва ҷаҳон мебошад. Зуҳуроти фалокатбори терроризм -экстремизм ,ки ба дини мубини ислом ҳеҷ умумияте, надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои нопоку ғаразноки сиёсӣ баъзе нохалафон содир карда мешавад, рўз то рўз доман паҳн карда истодааст.

Мисоли рӯшани ин гуфтаҳоро мо дар вазъияти ба маломада дар Афғонистон мебошад.. Яъне дирӯзакак гурӯҳи террористии ""Толибон! кулли оламиён ҳамчун гуруҳи террористӣ эътироф доштанду имрӯз бошанд соҳибдавлат....

Дар миёни ҳамаи миллатҳо мақоле бо ғояи “оила бе нуқсон намешавад” мавҷуд аст. Мутаассифона байни намояндагони халқи тоҷик низ нафароне, ки аз номи дини пок суханбозӣ доранду худ дар хориҷи кишвар нишаста танҳо барои сиёҳ намудани шакли давлатдориву миёни мардум иғвоангезӣ намуданро авлотар медонанд, умр ба сар доранд.

Бешак, ватанфурӯшиву хиёнаткорӣ ва амалҳои пасипардагии ин гурӯҳи экстремистиву террористӣ боз ҳам ба мардум равшантар гардидаасту ин нохалафон, ҷинояткор будани худ ва ТЭТ ҲНИ бори дигар исбот намуда истодаанд. Мақсади бадхоҳиву сангпартоиҳои ин гурӯҳи нотавонбин тайи солҳо ва рӯзҳои охир, бешубҳа, аён гардида истодааст, ки ҳадафи онҳо ба даст овардани ҳокимият аст, на чизи дигар...

Бадхоҳони миллат бояд ба хубӣ бар сари худ бигиранд, ки ин хоки муқаддас ва ин кишвари кӯҳҳои баланду ин миллат соҳибтамаддуни тоҷик на ҳар фардеро мепазирад ва на ҳар касеро ба оғӯши худ мегирад. Кабириву ҳаммаслакони онҳоро аз он ташвиш аст, ки Тоҷикистони азизамон босуръат ба пешравиҳо ноил гардидаву шукуфон гардида, биноҳои баландошёнаи зебою барҳаво ва бемористону мактабҳо қомат меафрозанд ва ба наслҳои минбаъда бо ифтихор аз Қаҳрамони миллати худ ёдовар мешаванд. Ва ҷое агар ҳоло ин ободкориҳо намебуд, аввалин шуда, боз ана ҳамин хоинони миллат ҷӯр мезаданд, ки дар кишвари сарбафалак кашидаву офтобии Тоҷикистон ҳеҷ гуна навовариҳо нест ва мактабу беморхонаҳо ва биноҳо сохта намешаванд. Ҳол он ки дар шуури пайравони ин хоин ғайр аз моҷароҷӯйи, ҷангандозӣ, манфиатҷӯйӣ, мансабталошӣ ва суйистифода аз дин фикри дигаре нест. Зеро ки тинаташон аз сиҳиву нопокӣ кирдорашон.... ҳайфи номи одамро соҳиб гардидан... ҳайфи тоҷик хонданатон.... Миллати тоҷик ва халқи сарбаланди кишвапр аз Шумо нохалафону хоинон нафрат дорад.

Шарифзода М.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ