​Нобуд созем ифротиёнро!

Муқовимати тӯдаи авбошон дар Бадахшон тавассути ҳамла ба биноҳои маъмурияти минтақа бо силоҳу ғайр амали ғайриқонунӣ ва ноҷавонмардона аст, ки рӯзҳои охир содир гардиааст. Муҳаммадбоқири беимон бо зӯроварию таҳдид, маблағгузорию маҳалгароӣ ва ғояҳои дигари ифротӣ иддае аз ҷавононро гумроҳ сохта баҳри иҷрои амалҳои гуногуни зиддидавлатӣ, аз қабили гирдиҳамоӣ, тазоҳурот, муқовимати мусаллаҳона ва ғайра барангехтааст. Захм бардоштани се нафар низомиёни давлатӣ шаҳодати садоқати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба қасами касбии худ бошад, аз ҷониби дигар бо тарҳрезию маблағгузории зархаридони хориҷӣ амал кардани Боқиру ҳамподаҳояшро нишон медиҳад.

Эй мардуми Бадахшон! Наход Шумоён гузоред, ки чанде палидони ифротии худозада обрӯву эътибори ҳазорсолаи Шуморо, ки бо меҳмондӯстиву ватанпарварӣ, софдилию меҳанқаринӣ, ғаюрию боориятӣ ва ҳоказо соҳиб гаштаед, халалдору олуда созанд? Охир, Боми ҷаҳон ҳама давру замон мавзеи далеронибошуҷоату содиқи Ватан буд, ҳаст ва мемонад. Якумин тоҷике, ки унвони генералиро сазовор гашта буд, Мастибек Тошмухаммадови бадахшонӣ нест? Куҷо шудед падару модарон, калонсолони ботамизи рӯзғордида? Барои чӣ ҷавонони роҳгумзадаро ҳушдор намедиҳед, ки амалҳояшон ҷинояткорӣ асту ба Ватани худ танҳо харобиву бесарусомонӣ меоварад? Таомули хуби бадахшониён аз қадимулайём қадри баланди сухани афроди рӯзғордидаи ботаҷриба мебошад, вале чӣ сабаб аст, ки имрӯз ғайр аз хомӯшии том чизи дигаре эҳсос намешавад?

Бар ивази муқовимат ба давлатдорӣ мардуми Бадахшонро мебояд нерӯи ҷавононро барои бунёди корхонаҳои саноатии коркарди кӯҳӣ бо истифодаи захираҳои бойи табиӣ равона созанд, сайёҳонро ба маҳали худ хонанд ва дигар амалҳои созанда баҷо биёваранд. Қадри оромиву сулҳро донанду ҷавононро аз каҷравиҳо боздоранд. Зеро, мардуми Бадахшон бо якдилию ваҳдат, сидқу вафо ба Ватан шуҳратёр шудаанду набояд тӯдаи авбошон ба ин ахлоқу маънавиёти мардум ҷирме ворид созад! Пояи давлатдории Тоҷикистон мустаҳкаму пойдор аст ва ваҳдату дастаҷамъии ҷомеа сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти олии кшварро тақвият медиҳад.

Оромию осудагӣ дар Бадахшон поянда бод!

Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ