Нест бод Кабириву Муҳаммадиқболи беиқбол

Агар офтобро ҷиддан назар афканем, он бо нурҳояш ҳафт коинотро гармиву рӯшноӣ мебахшад. Тамоми мавҷудоти рӯи оламбо ҳастии офтоб умр ба сар мебарад. Лек бар ивази нурҳои ҳаётбахшаш, чизе талаб намекунад. Ба таъбири шоири ширинкалом Фарзона, ки чунин менигорад:

Шамс ба ҳаққи хизматаш пайса нагирад аз замин,

Хайру сахо нисор кун, лек маҷӯ маҷӯ савоб.

Пешвои миллат барои мардуми тоҷик шабеҳи офтобе мебошад, ки аз баландиҳо ба сарзамини тоҷик нурафшонӣ мекунад. Ва бар ҳаққи некиҳояш ба ҷуз сулҳу ободӣ чизе талаб намекунад.

Мардуми тоҷик бо роҳбарии Асосгузорӣ сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлолияти худро ба даст овард.

Аммо баъди пойдор гардидани субот дар Тоҷикистон ғазаби хоинони кишвар боз ҳам баландтар шуд. Оҳо аз ҳар тараф истода оромии кишвари моро халалдор кардани ҳастанд. Яке аз ин гуна равияҳо ин ҲНИмебошад, ки аз рӯзҳои нахустини таъсисёбиаш зери ниқоби демократия фикри мардумро олудаи кинаву адоват ва фикрҳои бад кардани буд.

Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё ба зӯрӣ сарнагун карданисохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд манъ аст.

Сарвари ин ҳизб Муҳиддин Кабирӣ, ки доиммо дар сараш фикри бад дораду ҳамеша аз паи вайрон намудани сохти конститутсионӣ дар кишвари мост тариқи сомонаҳои интернетӣ бар зидди ҳокимияти мо ҳаргуна баромадҳои иғвоангез мекунад. Ҳамаи баромадҳояш сохтакорона ҳастанд. Ягон асос надорад. Ҳамааш гапу каловчаҳои ҳавоӣ.Кабирӣ доиммо иғворо меҷӯяд бо ҳаргуна гунаҳкориҳо моро сиёҳ мекунад. Гӯё, ки худаш “моҳи беайбу ситораи бедум” бошад. Гиребонатро якбор бӯй бикун Кабирӣ ки пур аз буйи баду куштору хиёнат аст. Ту ки худат аз сураҳои Қуръони карим мисолҳо меорӣ магар хутак аз ҷиноятҳои содир кардаат дар назди Худованд наметарсӣ. Аслан мегӯянд, ки:

Воизон чун ҷилва дар меъробу минбар мекунанд

Чун ба хилват мераванд зон кори дигар мекунан.

Мушкиле дорам, зи донишманди маҷлис боз пурс

Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд.

Биоишаи Назар

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ