Нест бод-хоинони миллат !

Имрӯзҳо симои аслии Муҳиддин Кабирӣ ва Муҳаммадиқболи Садриддин маълум ва мардуми Тоҷикистон онҳоро ҳамчун як нафари хоин, ватанфурӯш, беимон ва нокас мешиносанд.. Одами бад ба муроду мақсад намерасад ё ин, ки гуфтаанд “Бори каҷ ба манзил нарасад”.

Агар ба таърих таваҷҷуҳ кунем, онҳо солҳои 90-ум нахустин маротиба барои амалӣ намудани мақсадҳои ғаразноки хеш кӯшиш намуданд, аммо хушбахтона мардуми сарбаланди тоҷик, ҳарчанд дар ин сардаргумиҳо талафоти ҷонии зиёд доданд, дар охир чеҳраи палиди Кабирию Муҳаммадиқболи Садриддин ва ҳаммаслакони ӯро шинохтанд. Дар оғози даврони истиқлолият ҳарчанд давлату ҳукумат ба онон бовар карда мансабҳои баландро сазовор донист то ки барои пешрафти ватани азизамон саҳмгузоранд, аммо ин ноҷавонмардон ҳамин ки ба сари мансаб расиданд ба ҷои он ки ба халқу миллат ёрӣ расонанд онҳо танҳо мансабталошӣ ва боигариро фикр карданд. Имрӯз мардуми Тоҷикистон дарк мекунанд, ки Муҳаммадиқболи Садриддин, Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш ба кадом андоза бо роҳҳои паст манфурона чеҳраи хешро намоиш дода истодаанд. Мардуми тоҷик аз азал соҳиби хираду маърифат ҳастанд, дигар ба макру фиреби чунин гурӯҳҳои худхоҳу мансабталош намеафтанд.

Имрӯз аз он ифтихор мекунем, ки тамоми мардуми кишвари аззиамон дар атрофи Пешвои муаззами миллат муттаҳид гардида барои шукуфоии мамлакат талош менамоянд. Ягонагию муттаҳидӣ асоси ҳамагуна пешравӣ мебошад. Агар мо дар иттифоқ ва ваҳдату ҳамдастӣ амал намоем, Ватани азизамон аз ин ҳамшукуфонтар мегардад. Мо ифтихор мекунем, ки таҳти парчами ягонагӣ ва муттаҳидӣ ва таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сари баланд ба пеш меравем.

Малика Томирис – омӯзгор, таҳлилгар

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ