Нест бод гурӯҳҳои хушуматомез

Воқеаҳои дар Бадахшон шуда тамоми мардуми Тоҷикистонро ба ташвиш даровард. Зеро бо сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат мардуми мо дар тӯли инқадар солҳо, ки сулҳу салоҳ ҳукмфармо буд ба хушиву хубӣ зиндагӣ намуда,барои ватандориву ватансозӣ камари ҳиммат баста, содиқона хизмат намуда истодаад.

Аммо имрӯзҳо бошад, ин нобакорону хоинони ватан бо сардории Мамадбоқиров Мамадбоқир ба қадри ин сулҳу салоҳ ва зиндагии осоишта нарасида боз даст ба нооромиву ҷангу хунрезӣ заданд. Дар натиҷаи инкор сари худ ва пайравонашаон хурданд, ки ба ин кор онҳо худ сазовор буданд.

Ин хиёнатпешаҳо барои мақсадҳои нопоку ғаризонаашо бо тақлидкориву тамаъҷӯӣ худ бо амри хоҷагони хориҷаи худ бо рӯ оварданд ба хиёнакориву гумроҳ намудани мардум. Мутлақо номардис, ки мушкилоти худро характери сиёсӣ дода бо аз ин ҳам бадтар характери дини додан аст.

Барои ҳамин ҳам бори дагир ба мардуми шарифи бадах шон ва алқи тоҷик гувтаниам, ки ҳамаи ин дастоварду тараққиёт ин сулҳу ваҳдат ва ҳамдиливу ҳамгирои вобастааст. Бубинед, ки дар мамлакатҳое, ки имрӯз фазои сиёсиву иҷтимоиашон ноором аст ба кадом ҳолат гирифторанду чигуна умр ба сар мемабаранд.Ин худ хуб медонед.

Мо бояд имрӯз ба қадри сулҳ, ваҳдат, оромиву осудагӣ расем ва шукрона намоем, ки бо азму ирода ва сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин Ватани маҳбуб ва халқи ватандӯст, ватану миллати худро ташкил намудем. Набояд, ки бо ин гуруҳҳои террористӣ шомил шавем ва онҳоро дастгирӣ намоем.

Зинда бод сулҳ, ваҳдат, дустӣ ва нест бод ҳаргуна гурӯҳҳои террорисиву экстремистӣ, ки ҷомеаи мутамаддини инсониро ба ташвиш меорад. То ҳастем бар зидди чунин афрод мубориза мебарем.

Устоди кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ