Намакносипосии хоинони миллат

Аз рўи расонаҳо ва хабарҳои иттилоотии ватанӣ ба мо маълум гашт, ки Муҳаммадиқболи Садридин яке аз инсони палиди ватанфурўш буда, баҳри манфиати худ шахсони соддадилро ба фирефтаи худ гирифта аз маблағхои пулии онҳо даромади калон ба даст овардааст. Илова бар ин аз рўи маълумотҳои оморӣ маълум гардид, ки ин ашхоси беватан бо роҳҳои фиребгариву ифротгароӣ машғул буда, яке аз пайравони М.Кабирӣ кору фаъолият намудааст.

Ҳар рӯз дар арсаи олам ҳодисаҳое ба вуқӯъ мепайванданд, ки нисбат ба онҳо бепарвову бетараф будан ҳаргиз раво нест.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир менамояд. Нақшаҳои баде, ки Муҳаммадиқболи Садриддин кашида буд, оқибат худ шармандаю берун аз кишвар фирор шуд. Имрӯз ӯ як инсони дарбадар ва дур аз Ватан аст.Чунин аст ҷазои чунин касоне, ки Ватану миллати худро мефурӯшад.

Аз ҳамин лиҳоз бояд, қайд кард, ки Муҳаммадиқбол Садриддин метавонад андаке сабр намояд, зеро мақомотҳои волоии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин инсонҳои бе ватани палидро намегузоранд, ки бо чунин сафсатаҳои бардуруғи худ моро ба фирефтаи худ гирифта ҳамчун ғуломи худ созанд. Умед бар он дорем, ки дере нагузашта мақомотҳои волоии ватанӣ ҳамаҷониба корҳои кофтуковии худро мустаҳкам намуда, чунин қаллобони хоини ватанро дастгир менамоянд. Мо ҳамагон намегузорем, ки ватани орому осоиштаи моро ин махлуқони ҷондорӣ бераҳм халалдор созанд.

Боиси қайд аст, ки иғвогарону бефарҳангон наметавонанд мафкура ва тафаккури мардуми бофарҳанги миллати тоҷикро халалдор созанд.

Гурдофариди Рустам – омӯзгор, таҳлилгар

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ