​Муҳофизи тоҷикони ҷаҳон!

Сиёсати муваффақонаи сулҳофариву суботкоронаи миллати тамаддунсозу фарҳангсолори тоҷик тавассути заҳмату талошҳои устуворонаи абармарди хирадманд, Пешвои муаззаму маҳбуби тоҷикон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вирди забони ҳамаи ҷаҳониён гаштааст. Маҳз, ин абарманд тавонист ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандиро хотима бахшида оромӣ, сулҳу суботро дар кишвар барқарор намояд. Таҷрибаи сулҳпарварии Тоҷикистон барои оламиён мактаби омӯзишу таҷриба гаштаасту мардуми шарифи кишвар бо сарҷамъиву якдилӣ ваҳдати миллӣ ҷонибдору пайрави ҳамешагии сиёсати Ҳукумати Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд. Шукронаи сулҳу амонӣ мекунанду созандагиву бунёдкориро пешаи доимии худ қарор доданд!

Ҳисси баландпояи ватандӯстиву орияти миллӣ, ғуруру номуси ватандории Пешвои муаззами миллат ҳамаи тоҷиконро умедвори зиндагии босафои оянда гардонидааст. Вохӯриву сӯҳбатҳои пайвастаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тоҷиконимуқими мамлакатҳои дунё дар аснои сафарҳои корӣ собит месозад, ки ин абармард ғамхору дӯстдори ҳамаи тоҷикон - миллати куҳанбунёд ҳастанду маҳбуби ҳамагон гаштаанд. Дар ин радиф сиёсати пайгиронаи Пешвои муаззамамон ҷиҳати ба эътидол овардани вазъи сиёсии Ҷумҳурии Исломии Аҷфғонистон тавассути таъсиси Ҳукумати фарогири ҳамаи қавму миллатҳо(инклюзивӣ)-и дар хоки Афғонистон қобили дастгирии ҳамаҷониба аст. Зеро, тоҷикони кишварҳои дигар дар симои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳомии боъэтимодро мебинанду ғамхорию таваҷҷуҳи доимиашонро эҳсос менамоянд.

Бар сари қудрати давлатдорӣ омадани аъзои ҳаракати "Толибон" бо кӯмаки давлатҳои абарқудрати манфиатдор боиси нооромиву фишор ба миллатҳои таҳҷоӣ ва амалҳои дигари номатлубгаштааст, ки моён, соҳибватанони тоҷикро бефарқ гузошта наметавонад. Бинобар ин, тамоми талошҳои Сарвари тоҷикони ҷаҳонро ҷонибдорӣ ва дастгирӣ менамоем ва роҳи ягонаи оқилонаи мусолиҳаовар мешуморем. Итминони комил дорем, ки иродави қавӣ, матонат, дурандешиву дурбинии сипаҳсолори таърихӣ Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати устуворонаи башардӯстӣ баҳри эътидоли вазъи сиёсӣ- иҷтимоии кишвари ҳамсоя мусоидат хоҳад кард. Ҳамаи тоҷикистониён пайраву ҳамсафи Пешвои худ дар пайгирии ин сиёсати хирадмандона мебошанд ва муваффақ ҳам мешаванд.

Аҳсанту таъзим ба хиради воло!

Мояи ифтихору умеди моён, Шумо!

Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати МДТ "Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров "

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ