Мулоқоти хотирмону судманд

Моҳи октябри соли равон сафари кори Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Фаронса сурат гирифта, зимни вохӯри масойили иттиҳодияи Аврупо мавриди бараси қарор гирифт. Призиденти Ҷумҳуии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон аз рушду нумӯи ҳамкори изҳори қаноатманди карда, таъкид доштанд, ки ҳамрокӣ бо Иттиҳодияи Аврупо дар арсаи байналмилалӣ шарики муҳими кишвари мо мебошанд.

Зимни мулоқот ҳамкори тиҷоратӣ, иқтисодӣ, тадбиқи амали лоиҳаҳои судманд дар соҳаҳои мухталифи гуманитарию, фарҳангӣ ба хусус маориф, тандурустӣ ва рушди маҳалро муҳокима карданд. Дар зимн такид гардид, ки инкишофи ҳамаҷонибаи ҳамкории иқтисодӣ яке аз ҷанбаҳои муҳими муносибатҳои Тоҷикистон ва Иттиҳодияи Аврупо ташкил медиҳад.

Вобаста ба ин ҷонибҳо доир ба масоили ҳамкории соҳаҳои энергетика аз ҷумла тадбиқи лоиҳаҳои “КАSA-1000” ва ташаккули иқтисоди сабз изҳори қаноатмандm намуда, зарурати тавсияи минбаъдаи онҳоро ба таври хоса қайд намудаанд.

Такид гардид, ки барои ҳарчи бештари робитаҳо,амалисозии санадҳои қабул шуда, аз ҷумла тадбиқи созишномаи ҳамкорӣ ва шарикӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳодияи Аврупо ва пайвастани Тоҷикистон ба имтиёзҳои гумрукӣ дар содироти молу маҳсулот ба Аврупо зарур аст. Дар мулоқот ҳамчунин дар бораи ҳамкории ҷонибҳо дар самти аз байн бурдани пандемияи “коронавирус” масоили истифодаи пурсамари захираҳои об, тайғирёбии иқлим, раъфи оқибатҳои он ва ҳифзи пиряхҳо табодули андеша сурат гирифт. Зимни баррасии масъалаҳои маскур Пешвои Миллат аз номи ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ба ҷониби Иттиҳодияи Аврупо барои ба Тоҷикисон расонидани кӯмак дар рафти оқибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ, паҳншавии вируси “COVID-19” ва тақвияти соҳаи тандурустӣ изҳори сипосмандӣ намуданд.Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии ҳамаҷонибаи давлатҳо минаддории худро изҳор дошта, таъкид доштанд, ки дар оянда низ чунин ҳамкориҳои судманд миёни Тоҷикистон ва мамолики аврупо роҳандозӣ мегардад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ