Мо муттаҳиду сарҷамъем

Ҳамаи мо инсонҳои комил, солим ва дорои ақлу заковат ҳастем, неку бад ва хираду ҷаҳолатро ҷудо карда метавонем. Вале муатаасифона дар ҳаёт шахсиятҳо ё гуруҳҳое пайдо мешаванд, ки дидаву дониста роҳи хаторо пеш мегиранду гумроҳ мешаванд. Барои пулу сарват ё барои ба қудрат расидан ватан, миллат ва мазҳаби худро мефурўшанд, ба мардуми худ, ҳатто ба падару модари худ хиёнат раво мебинанд.

Дар ҳамаи давру замон чунин инсонҳо арзи вуҷуд мекунанд ва ба нафрати мардум рӯ ба рӯ мешаванд. Ҳамаи мо мусалмонем ва ба роҳи рост равонем.

Дар замони мо инсонҳое ёфт мешаванд, ки ғаризаи нопок доранду манфури халқу ватан шудаанд, созмондиҳандагон ва пешвоёни ташкилоти экстремистӣ-террористӣ Ҳизби наҳзати ислом мебошанд, ки мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат, яъне мазҳаби ҳанафиро зери по карда ба мазҳаби шиа пайрав шуда бозичаи дасти хориҷиён шудаанд. Роҳбари наҳзатиён, ки дар хориҷ гурезаанду дар ҷустуҷўи мақомотҳо қарор доранд, гоҳо тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бо баромадҳои фаҳшу бемаънояш худро пешвои дину арзишҳои миллӣ мегирад. Вале мардум аллакай медонанд, ки шомил шудан ба ин ҳизб чӣ гуна оқибатҳо дорад. Зеро ин ҳизб сари чандин нафаронро бурдаасту бар доми асири худ кашида ҷавонони бегуноҳро ғарқи ифрод кардаасту сабабгори ашки модарону тифлони бегуноҳ гаштаст.

Ман итминони комил дорам, ки дигар ин ҳиллаҳои онҳо ба мо кор намегирад ва ҷавонони мо зиракии сиёсиро аз даст надода баҳри ободиву оромии кишвари азизамон якдилона камари ҳиммат мебанданд. Ва намегузоранд, ки дигар ашки модарон резаду тифлакон бе падар монанд. Мо бо Пешвои худ Истиқлолиятро ба даст овардем ва то ҷон дар бадан дорем барои ҳифзи марзу буми кишвари азизамон камари ҳиммат мебандем.

Биоишаи Назар

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ