Мо бар зидди терроризм ва экстремизм мубориза мебарем!

Мо таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон посбони сулҳу суботи кишвар мебошем.

Терроризм ва экстремизм яке аз муаммоҳои асосии ҷомеаи башарӣ маҳсуб ёфта, махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамоянд. Гуруҳҳои террористӣ, ба ҷомеа ба ҳар роҳу васила хатар эҷод кардан мехоҳанд. Дар ҳар як сомонаи иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайра мавзӯи асосӣ ба пайвастани шаҳрвандон ба гурӯҳҳои террористӣ равона карда шудааст, ки ин яке аз муаммои асосии мо мебошад.

Дар замони муосир сафи ҷангиёни гурӯҳҳои террористӣ аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳу бесавод меафзояд ва ба назар мерасад, ки дар тамоми кишварҳо ҳамин гуна наврасони ба доми фиреб афтода кам нестанд ва онҳо ҷони худро бехабар аз мақсаду мароми роҳбаронашон қурбон мекунанд. Ба назар мерасад, ки ноогоҳӣ аз асолати фарҳанги исломӣ ва камсаводӣ ҳамчун муҳимтарин омили гумроҳшавии ин ҷавонон аст.

Терроризм дин, мазҳаб ё миллат надорад. Барои он ки дини мубини ислом минбаъд ҳамчун манбаи зӯроварию фишор қаламдод карда нашавад, мо бояд ба ҷаҳолат маърифатро муқобил гузорем.

Имрӯз Тоҷикистон аз воқеаҳои ҷаҳони ислом бетараф шуда наметавонад. Душманони миллати тоҷик бо ҳар роҳу восита мехоҳанд ороми кишвари моро халалдор созанд, аз хориҷа истода тақдири миллатро ҳал намоянд, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, ҷавонони ноогоҳро фиреб диҳанд ва онҳоро ба муқобили давлату халки худ барангезанд.

Террористону экстремистон, хоинону ватан фурӯшон ҷиҳод алайҳи кӣ эълон медоранд? Муқобили мусулмонон, муқобили калонсолону кӯдакон, ҳамдаёрону ҳамватанони худ. Вазифа меистад, ки шахсони масъул, шӯъбаю бахшҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимията давлатӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, аминони маҳаллаҳо, зиёиён бояд ба мардум фаҳмонем, ки ба даъвати душманону хоинон бовар накунанд. Онҳое, ки аз хориҷи кишвар одамонро ба ҷиҳод ташвиқ мекунанд, дар асл хоинони Давлат, Ватанфурӯшоне ки имрӯз аз Сурияву Ироқ дар Амрикову Аврупо баромад мекунанд. Ҳамаи гуфтахояшон дурӯғ, кирдорашон фисқ ва замирашон пур аз нифоқ аст.

Дар ин давр мо бояд бениҳоят ҳушёр ва эҳтиёткор бошем. Ба насли ҷавон ва наврас тарзи ҳаёта солим, бидуни ҳар гуна ҷангу ваҳшониятро тарғибу ташвиқ созем. Таълиму тарбияро ба роҳ монем, ки барои бекориву зоеъ рафтани вақти холӣ фурсат наёбанд.

Бештар ба ҳунаромузӣ ҷалб гарданд, то дар оянда тавонанд зиндагии шоиста дошта бошанд. Мо бояд ба наврасону ҷавонон фаҳмонем, ки бояд муттаҳид, якдил ва дастаҷамъ бошанд, ба иғвои хоинон дода нашаванд, тамоми кӯшишро ба харҷ диҳем, то ин ки ватани худро аз душманон эмин нигоҳ дорем...

Дар ҳақиқат терроризм падидаи номатлуби замони муосир буда, фаҳмиши он дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қатлу куштори мардум, ба гаравгон гирифтани одамон, тарконидани иншоотҳои маишиву фароғатӣ, рабудани воситаҳои гуногуни нақлиётӣ ба сифати гарав ва амсоли он дониста мешавад. Экстремизм бошад, хислати ҷудоихоҳӣ, ифротгароиро дар худ таҷассум намуда, бо терроризм алоқаи зич дорад. Бо ибораи дигар оқибати экстремизм терроризм аст. Вале ҷомеаи моро ҳамин матлаб кифоя аст, то ки бидонем ин ҳарду комилан хатари калони парокандагиву бесуботиро доро буда, оқибати он нохуш ва нанговар доранд.

Тоҷикистонро давлати ҷавонон ном бурдани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ифодагари он аст, ки он кас ба қувваю иродаи ҷавонони кишвар итминони комил доранд ва хоҳони он ҳастанд, ки насли наврасу ҷавони кишвар ин рисолати худро сарбаландона иҷро намуда, аз пайи омӯзишу тадқиқ бошанд.

Зеро қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» ифодагари мақом ва таваҷҷӯҳи хосаи роҳбарият ба ин табақаи ҷомеа аст.

Дар замири ҷавонон ҳисси баланда миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу хунари муосир, ҷиддаяту меҳнатдӯстӣ ва эҳтиромиқонун ташаккул бояд ёфт.

Онҳо дар оянда ҳамчун намояндагони сазовор ва шоистаи миллати хеш Ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ карда, рисолати таърихӣ ва эҳсоси масъулияти хешро дар баробари ниёгони гузашта, ҷомеаи имрӯза ва наслҳои ояндадарк намоянд, ба хотири таҳкими давлату-давлатдорӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлол, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии Ватани азизамон тамоми нерӯи ақлониву ҷисмонии худро равона созанд.

Омӯзгори кафедраи умумидонишгохи фалсафа Бегалиев Х.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ