Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад

Ба ақидиа инсонҳои нопок, ки вуҷудашон аз андешаҳои ғаразмандонаву таъсири идеологияи бегона саршор аст калимаҳои муқаддас чун “Модар” “Ватан” бегона аст. Дар яке аз баромадҳош Муҳиддин Кабирӣ иброз намуд, ки мо аз ҳар як воқеаҳое, ки дарТоҷикистонрӯй медиҳад бохабарем ва медонем, ки чӣ дар куҷо дорад ва бо кадом кор машғул аст. Дар навбати худ банда низ иброз доштани ҳастам, ки худи Кабирӣ низ чӣ дорад? дар куҷо дорад?Ва бо чӣ кор мешғул буданашро хуб медонем. Бино ба маълумотҳои ба дастомада аён мегардад, ки се манзили илстиқоматӣ, шумораи зиёди техникаи хоҷагидорӣ, як бинои дуошиёнаи иборат аз 27 ҳуҷра, 2 адад хонаи истиқоматиииборат аз 20 ҳуҷра, 2 адад сохтмони нотамом, корхона ва сехҳои дигари истеҳсолӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ба масоҳати зиёда аз 26 гектар, шумораи зиёди чорвои калони шохдор ва ғайра бо арзишиумумии зиёдааз 120 миллион сомаонӣ номгӯй бойигариест, ки тибқи изҳоротирасмии Прокуратураи генералӣба Муҳиддин Кабирӣ таълуқ дорад.

Бояд гуфт, ки ин номгӯйи моликиятест, ки аз ҳисобимаблағҳоиба номи ҳизб воридшуда, чун моли шахсии Муҳиддин Кабирӣ дониста шудааст. Ин ҷо метавон гуфт, ки боз садҳомаблағҳои ба номи ҳизб чун хайрот воридшуда чун моли шахсии Кабирӣ дониста шудааст. Ана дар куҷост маблағҳои бедарду миён. Ана дар куҷост маблағҳои муҳоҷирон. Дар яке аз баромадҳои худ раиси созмони гурӯҳи №24Ҳусайн Ашӯров иброз дошта буд, ки “ба мо муҳоҷирон кумаки молӣ модди ва фикрӣ мерасонанд. Мо он маблағҳоро ба ҷои лозима гузарон мегӯем” қайд намуд дар мусоҳибааш бо ҷавонписарон Ҳусайн Ашӯров. Аз гуфташ аз рӯяш маълум аст, ки чашми гуруснаву тафаккури нопок дорад. Илова бар ин дар ҳар гуторҳои дурӯғаш номи Худоро зикр мекунад. Оне, ки бо зикри Худо ҳарф мезанад аз гапҳои дурӯғаш аз ғазаби Худо магар наметарсад. Астағфириллоҳ аз ин дурӯғгӯйиву иғвоангезӣ. Вай рӯйи рост ошкоро мардумро ба гирдиҳамоӣ даъват мекунад. Вай тарафдори он аст, ки дар Тоҷикистон нооромӣ бошад. Мардум бо тарсу ҳарос зиндагӣ кунанд. Ҳаргиз не мо ба ин роҳ намедиҳем. Ман ба тамоми шаҳрвандони баору номусӣ кишвар муроҷиат намуда гуфтаниям, ки муттаҳид бошем ва ҳаргиз зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Зеро душман шикасти моро интизор аст ва мо ба ин ҳаргиз роҳ надиҳем.

Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад

Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад.

Биоишаи Назар

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ