Мардуми қирғизро зиракии сиёсӣ мебояд!
Пояҳои ҳукумати имрӯзаи Ҷумҳурии Қирғизистон фалаҷ гардидаву ҳокимият бо мақсади ба чашми мардум хок пошидан аз тоҷикон «душмани миллӣ» сохта истодааст. Низоми сиёсиву вазъи иқтисодиву иҷтимоии имрӯзаи Ҷумҳурии Қирғизистон чунон зудуда аст, ки кишварро инқилоби навбатӣ дар пеш аст. Фаъолияти имрӯзаи қирғизисҳо монанди кишвари бесаробон аст, ки на ҳукми давлату на амри ҳокимият наздашон баҳо дорад. Дар акси ҳол баъди чанд лаҳзаибастани аҳду паймони дӯстӣ халқ дубораба ҳуҷуми мусаллаҳона даст намезад. Онҳо ба фиреби сиёсии бофтаву сохтаи манфиатҷӯёни мансабталош кашида шуда, ба ҳамсояи таҳаммулпазиру сулҳхоҳаш тоҷик ҳуҷуми ғайриқонуниву ваҳшиёна карда истодаанд. Мактабу масҷиду хонаву мардуми бечораро тарконидан, оташ задану тирборон сохтан амали нобахшиданист. Тоҷикон ворисони Сомониён, фарзандони Рустами достон хиёнату аҳдшикании душманонро намебахшад. Ин саҳифаи хунину бар маруми қирғиз нангин бо хати сиёҳ дар таърих сабт гардидаву бо фарзандони ҷасур, сарбозони шуҷоъ, сарҳадбонони далер ва кулли сарсупурдагони Тоҷикистон интиқомёбанда аст. Зеро кӯдагони бегуноҳу мардуми кунҷи хона саргарми кори хеш бударо ҳадафи худ қарор дода, онҳоро ба коми марг кашидан аз тинати пасти рақибони марзи бегонахоҳ шаҳодат медиҳад. Чунин амали даҳшатафкани қиргизҳо ба кулли принсипҳои сиёсати байналхалқӣ ва умуман қонунҳои давраи ҷанг зид мебошад. Ҷаҳониён низ рафтори разилонаву золимонаи мардуми Қирғизистонро маҳкум месозанд. Чунин рафтори аҳдшиканон тоҷиконро водор месозад, ки ҳудуди марзҳои худро аз кӯчманчиёни бодиянишини хунхор тоза намояд. Дигарбора ба ҳамсояи ваъдахилоф эътимод насозад.
Дар замоне,ки мардуми аҳли дунёро пешаи сулҳ, равобиту тиҷорат, садоқату рафоқат умри хушу саодат месазад, кишвари осоиштаро ба майдони муборизаи манфиатхоҳон табдил доданд, нишонаи ҷоҳилист. Айни замон мардуми қирғизро аз даст надодани зиракии сиёсӣ зарур аст. Проблемаҳои дохилӣ ҳеҷ гоҳ бо ҳуҷуми берунӣ ҳал карда намешавад. Баръакс, ин ба дучанд гардидани муаммоҳо ва паст гаштани сатҳи зиндагӣ оварда мерасонад. Бинобар ин, шаҳрвандони Ҷумҳурии Қиргизистонро зарур аст, ки аз амале, ки оқибаташ танҳо пушаймонист даст кашанд.
Зилола Комилова
сармуаллимаи кафедраи
умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ