Мақсади асосӣ-таъмини амнияти шаҳрвандон

Эътирозҳое, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шуда гузашт, бори дигар нишонаи кӯтоҳандешии мардуми ин вилоятро нишон дод. Ин амалҳоро метавон инкори сиёсати иҷтимоъии дар солҳои ахир пешгирифтаи ҳукумати Тоҷикистон арзёбӣ кард.

Мақомот мегӯянд, дар ошӯбҳои рӯзи 16 май дар маркази вилоят, шаҳри Хоруғ, ҳашт эътирозгар ва як пулис кушта шудаанд. Пас аз он задухӯрдҳо ба дигар манотиқи худмухтори камаҳолӣ паҳн шудаанд.

Тазоҳуроти оммавӣ пас аз рад шудани чандин хоҳишҳои эътирозгарон, аз ҷумла таҳқиқи куштори як шаҳрванди маҳаллӣ аз сӯи пулис дар моҳи ноябр, ки ба ошӯбҳои хунин оварда буд, раҳоии чанд фаъоли боздоштшуда дар моҳҳои ахир ва истеъфои раиси вилоят ва раиси шаҳри Хоруғ, шурӯъ шуд.

Дар паси ин сабабҳо чист? Мутаассифона, дар ин манотиқи Тоҷикистон гурӯҳҳои мусаллаҳ вуҷуд доранд ва онҳо то ҳол манотиқи маҳаллиро тақсим карда, талош доранд, онҳоро зери назорат гиранд. Ҷинояткорӣ ҳоло ҳам авҷ гирифтааст, қочоқи маводи мухаддир авҷ гирифтааст ва таъсири созмонҳои террористии беруна ба назар мерасад. Дар натиҷа бархе аз ҷавонони вилоят қурбонии гурӯҳҳои ҷиноӣ шудаанд. Онҳо ба муқобили пояҳои сохти конститутсионӣ равона шуд.

Дар ҷумҳуриамон вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшони мавқеи махсус дорад. Аз ин минтақа на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар ҷаҳон низ афроди маъруф ба камол расидаанд. Дар байни онҳо олимон, рассомон, шоирон. Кӯҳҳои Помир ва зебоии онро ҷаҳон медонад. Дар ин мавзеъ, ки аз сарватҳои зеризаминӣ бой аст, корҳои нави эҷодӣ интизоранд. Вақти он расидааст, ки ба афсонаҳои баъзе сардорони гуруҳҳои ҷиноятӣ бовар накарда, Бадахшонро аз нав обод кунед. Аз таъсири авбошон раҳо кардани ҷавонон ва ба корҳои нек даъват кардани онҳо беҳтарин амал аст.

Ҳамеша хираду дурандешӣ, сабру таҳаммул ва эҳтироми ҳамдигар бартарӣ дошт. Тоҷикистон имсол дар арафаи идҳои бузург аст. Зеро, ба ин рузҳои осоишта ба осонӣ наомадаанд. Рушди мамлакати мо мақсади асосии мост. Ҳар касе, ки ба мамлакати мо халал мерасонад, бечазо намемонад. Зеро мо ҳеҷ гоҳ аз ҳадафи интихобкардаамон барнамегардем.

Равшан Усанов, дотсенти ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ