М. Саддриддин – иғвогари бешараф

Имрўзҳо тибқи шакабаи иҷтимоӣ яке ҳаммаслаки ТТЭ ҲНИ, иғвогар Муҳаммадиқболи Садриддин баромадҳои бесоси худро байни мардуми тољик паҳн карда истодааст.М.Садриддин бо воситаи сомонаҳо ҳар гуна гапҳои бофта баён карда зидди сулҳу ороми баромад мекунад. Бояд афзуд, ки ў ҳуқуқи маънавии дар бораи миллату давлат ва адолат сухан гуфтан надорад, зеро худ нопоку бадахлоқ аст. Тамоми мардуми кишвари Тоҷикистон М.Садриддинро ҳамчун як нафари хоин ватанфурўш мешиносанд. М.Садриддин хоини миллат ва ватанфурўш аст, ки аз дур истода тариқи сомонаҳои интернетӣ суханҳои дурўғу фитнаангезро нисбати ҷомеъаи мо паҳн мекунад. Аслан ҲНИ ва ташкилкунандаи онҳо ҳеҷ вақт ба фоидаи мардум кор накардааст. Доим мухолифи давлат аст. Онҳо ҳамеша барои мақсади нопоки худкор мекунанд. Имрўз аз корҳои зишти онҳо тамоми дунё бохабар гардид. Онҳо ягон нияти нек надоранд ва бозичаи хориҷиён гардидаанд. М.Садриддин муддати чанд сол аст, ки мардуми Тоҷикистонро бо суханҳои дурўғу бемаъниаш дар арсаи ҷаҳон паст карданӣ мехоҳад. Чунин гуфтаҳо собит месозанд, ки М.Садриддин оиди адолату ҳақиқат сухан гуфтан ҳуқуқи маънавӣ надорад. Новобаста аз таҳдиду ҳаракатҳои ҲНИ мо итминон дорем, ки ваҳдату якдилӣ ва сулҳу суботи кишвари Тоҷикистон ҳамеша пойдор мемонад Саҳми арзанда ва хизмати шабонарўзӣ ва шуҷоати қаҳрамонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрўз дар кишвари мо сулҳу осоиш ва оромии ҷомеъа ҳамчун намунаи олии садоқат ба Ватан ва давлату миллат арзёбӣ мегардад. Ва имрўз он дасисабозии он хоинони миллат ки нисбати халқи мо бадӣ мекунанд ҳеҷ гоҳ ба мақсади нопоки худ намерасанд. Солҳои охир Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор дастоварҳои бузург дар тамоми соҳаҳои муҳими кишвар ноил гардидааст. Ҳамзамон, мусаллам аст, ки барои идома додани сиёсати башардӯстона ва расидан ба ҳадафҳои созанда бояд сулҳу суботи ҷомеа ва амнияти давлат таъмин карда шавад. Танҳо дар фазои сулҳу оромӣ мо метавонем рушди устувори кишварро таъмин намоем, шарту шароити арзандаи зиндагиро барои ҳар як шаҳрванди банангу номуси Тоҷикистон фароҳам орем. Ҳоло фурсате расидааст, ки мо тоҷикистониён зери сиёсати ҳадафмандона ва созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ гардем ва барои расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар ҷидду ҷаҳд намоем.

Барно Умарова

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ