​Лаънат ба аҳдшиканони бепаймон!

Ҳамлаи ногаҳонии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Қирғизистон ба деҳаҳои наздисарҳадии ноҳияҳои Исфара ва Бобоҷон Ғафурови Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз созишномаҳои сершумори байнидавлатӣ шаҳодат медиҳад, ки дар Ҷумҳурии Қирғизистон на давлат ва давлатдорон, балки гурӯҳи иғвогарон ҳукмронӣ мекунанд.Эҳтимол меравад, ки ин иғвогарони ифротандешро баъзе мансабдорони расмии давлатӣ пуштибонӣ мекунанду роҳнамоӣ!

Зеро дар як вақт ташкил намудани ҳуҷуми ногаҳонӣ дар ҳамаи нуқтаҳои байнисарҳадӣ муташаккилона будани ин амали беаҳдонаро дарак медиҳад. Охир, танҳо ду рӯз пештар санаи 14.09.2022 шахсони расмии ҳар ду ҷониб паймон баста буданд, ки ҳамаи баҳсҳои мавҷуда, бидуни муноқишаҳо бо роҳи дипломатӣ ҳаллу фасл мегарданд.

Бори дигар исбот гардид, ки қирғизтаборонро эҳсосоти хусусӣ болотар аз манфиати давлатдориву обрӯву иззати давлат аст. Аҳдшиканию пайпонфурӯшиҳои Қирғизистонро беш аз 45 сол боз мушоҳида менамоем ва вақте расидааст, ки ба ин амалҳои ноҷавонмардона ҷазои сазовор диҳем.Моҳи апрели соли равон баъд аз ҷангҳои маҳаллӣ аскарони Тоҷикистон бо даъвати роҳбарияти олии кишвар ба мавқеи аслии худ баргаштанд! Зеро ҷониби қирғиз дар таҳлукаву тарсу ҳарос монданд, илтиҷои гуфтушунид дар бобати оташбас карданд. Лекин, аллакай ин ҳолати ногувори худ аз ёди онҳо рафтаасту аҳдшиканона ба марзи Тоҷикистон бо яроқҳои оташфишони қаттол ҳамлаи ногаҳонӣ карданду боиси сӯхтору валангор шудани хонаҳои сокинони осоиштаи деҳаи Боғистону, Лаккоон, Хистеварзу, Овчи-Қалъача гардидаанд.

Аз роҳбарияти олии кишвар қотеъёна даъват менамоям, ки дигар ба ваъдаю тавбаи ҷониби қирғиз бовар накунанд. Мардуми сарбаланду бо ору номуси Ватани маҳбубамон якдилу яктан баҳри ҳимояи сарзамини муқаддаси Тоҷикистон омодаанд ҷоннисорӣ намоянд. Танҳо як ишора ё нидоъ аз роҳбарони давлатро интизоранд. Зеро, ҳақиқат ҳамеша ғолиб мешаваду адолат дастболо!

Мардуми сарзамини тоҷикон ягон давру замон аҳду паймон нашикастаанду ваъдахилофӣ накардаанд ва нахоҳандкард.

Лаънт ба аҳдшиканони бепаймон!

Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ