​Қонун аз ту болотар аст!

Ҳоло дар ҷомеаи муосир вақте ки амалу рафтори ҷавонон тағйир ёфта, ба гурўҳҳои ифротӣ шомил мешаванд, ҳар яки онҳо назди қонун ҷавоб мегўянд. Бояд ёдовар шуд, ки надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад.Ягон кас ба ҷуз бо ҳукми суд ва дар асоси қонун дар содир намудани ҷиноят гунаҳгор дониста намешавад ва ба ҷазои ҷиноятӣ кашида намешавад. Шахсоне, ки ҷиноят содир намудаанд, қатъи назар аз ҷинс, нажод, миллат, шаҳрвандӣ, забон, муносибат ба дин, ақидаҳои сиёсӣ, таҳсилот, вазъи иҷтимоӣ, хизматӣ ва молу мулкӣ, мансубият ба ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, маҳалли истиқоматашон ва дигар ҳолатҳо дар назди қонун баробаранд ва бояд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд.

Бо назардошти ибрози андешаҳо метавон барои пешгирии ҳодисаҳои шомилшавии ҷавонон ба гурўҳҳои экстремистиву террористӣ мувофиқи мақсад аст, ки ҳадафи Оинномавии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, ки таҳти шиори “Барои Ваҳдат ва пешрафти Тоҷикистон” дар байни ҷавонон ба ҳисоб мерафт тарғиб ва тавзеҳ дода шавад. Оинномаи мазкур метавонад ҳамчун дастури раҳнамо амал намояд ва асоси фаъолияти ҷавонон гардад. Ба ибораи дигар, Иттифоқи ҷавонон, ҳамчун нерўи созанда ва меҳвари ташаббусҳо фаъолона амал намояд. Иттифоқи мазкур метавонад нисбат ба ҳама гуна қонуншиканиву беадолатиҳо аксуламали ҷиддӣ вокуниш нишон диҳад ва андешаву афкори солимро тарғиб намояд.

Тарғиби ташкилотҳои ҳуқуқии ҷавонон ва ҷалби бештари онҳо ба ин созмонҳои ҷамъиятӣ барои боз ҳам аз байн бурдани падидаҳои номатлуби ҷомеа кӯмак мерасонад.

Ҷӯраева Гулафзо – омӯзгори ДДХ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ