​Кирми шабчароғ!

Ҳар як тоҷикистонӣсаргарми тантанаҳои ҷашни Истиқлоли давлатӣ шудаву қалби поки мардум саршори меҳру муҳаббати ватандорӣ гаштааст. Нури ҳидояти роҳбарияти олии кишвар ба қалбу руҳияи ҷомеа равшанӣ медиҳаду ба сӯи корнамоиҳои нав бо ҷасорати хоса равона менамояд. Мутаассифона, иддае аз нокасони палид аз шодиву сурури ҷомеаи заҳматқарин дар балои ҳасуду бахилӣ печидаанду чун ақраб дар орзуи нешзании нохалафона мебошанд. Чунин тоифаи палидони разил дар сафи ҳизби мамнӯи наҳзати ислом, ки ном иваз кардааст, ҷамъ омадаанду онҳоро аблаҳи нобакор, дурӯяи фосиқ, муртади мунофиқ Муҳиддин Кабирӣ сардорӣ мекунад ва воизи “шоиста”-и онҳо Иқболбии ҳамҷинсгаросаро мебошад. Боқимонда аъзои ин тӯдаи худозадагон беш аз чоплусиву думбардорӣ ҳунари дигаре надоранд!

Агар ин бадзотонро заррае инсонгарӣ мебуд, иқрор мегаштанд, ки ҳамаи бӯҳтону фитна, иғвою фиребҳои беш аз 30 солаашон барабас рафтаасту ҷаҳониён дарк карданд, ки наҳзатиён ҳаромзодагони ноҷинсанд!? Вагарна, аз мақсадҳои нопоки худ ва хоҷагони маблағгузори хориҷӣ даст мекашиданду аз ватангадоӣ раҳоӣ меёфтанд?! Мутаассифона, ин палидони наҳзатиро торҳои Кабирии анкабут тавре печонидааст, ки халосӣ намеёбанд!

Аслан, мардуми хирадманду оқили кишвари соҳибистиқлоламон дарпартави сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии кишвар соҳиби Ватани ободу осуда, ҳаёти орому созанда шудаанду ситоиши хуршедсифативу парвинмеҳрии онҳоро мекунанд. Лекин, дар ин радиф, муайян мегардад, ки нокасони наҳзатӣ дар зулмоти хоҷагони баднияти ғассоб худро манбаи равшанӣ нуру зиё тарошиданианд?

Бехабаранд, ки ғояҳову нидоъ, гуфтору рафторашон пур аз фаҳши куффор асту башарият, алалхусус онҳоро беш аз кирми шабчароғ намедонанд! Зеро, на рӯшноӣ дода тавонанду на манфиате ба ҷомеа!? Шояд ин муртадонро қиёс кардан ба кирми шабчароғ барои ин ҳашарот нофорам бошад? Чӣ илоҷ, дигар шабеҳи арзанда барои наҳзатиёни палид, бахилу ҳасудхур, ноҷинсу нокас, фитнагару иғвосоз ва нопокони бадзот пайдо нагардид!?

Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ