Қадам ба қадами бепои қадам

Яке аз равияҳои куҳнатарини исломи сиёсӣ, ки соли 1928 аз ҷониби Ҳасан-Ал-банно, олим ва муаллими мактаб дар шаҳри Исмоилияи Миср таъсис ёфт, ҳаракати панисломии «Ихвон-ул-муслимин» ё худ «ҷомеаи бародари исломӣ» ба ҳисоб меравад. Ҳадафи ниҳоии «Ихвон-ул-муслимин» ташкили хилофати исломӣ аст, ки ба қавли пешвоёнаш Ҳасан-Ал-банно ва Саид Қутб бояд аз Испания то Филлипину Индонезия густариш ёбад. Ба ин хилофат Қуръон ва суннат бояд ба муроҷиати ягонаи танзими зиндагии оилавӣ, фардӣ, ҷамъиятӣ ва давлатии мусулмонон табдил ёбад.

Тибқи принсипҳои «Ихвон-ул-муслимин», ҳадафи якуми онҳо шариат бояд танзими асосии умури иҷтимоию давлатиро дар дасти худ дошта бошад. Мақсади дуюми онҳо муттаҳид намудани кишварҳои исломӣ ва бавуҷудовардани хилофати исломӣ дар саросари ҷаҳон мебошад. Дар ин ҳадафи ниҳоӣ ва фундаменталӣ байни равияҳои исломӣ чун ваҳҳобия, ал-қоида, салафия, ҳизби таҳрир фаъолияти принсипиалӣ вуҷуд надорад. Ин равияҳо барои расидан ба мақсади худ аз усулҳои хоси худ, махсусан, ба усули «қадам ба қадам» истифода мебаранд, ки принсипи асосии он инҳоянд: ташкил кардани ниҳодҳо ва ячейкаҳои алтернативии худ дар кишварҳое, ки фаъол ҳастанд; тарғиби илмҳои теологӣ, аз ҷумла калому ирфон ва шахсиятҳои таърихии ин илмҳо; ташкили ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ ва ҷамъиятӣ; исломисозии ҷомеа ва даъват «аз боло»; қатли шахсиятҳое, ки муқобили ин ҷараён ҳастанд.

Пӯшида нест, ки роҳбарони ҲНИТ чун аз хориҷи кишвар ва, махсусан аз ҷониби «Ихвон-ул-муслимин» дастгирӣ меёфтанд ва дар як муддати кӯтоҳ бо роҳи пур кардани фазо аз афкори авомфиребона дар байни аҳолии камсавод то андозае нуфуз пайдо намуданд. ҲНИТ пурра методҳои ихвониро истифода менамуд ва дар аксари маврид аз усули «қадам ба қадам» истифода намуда, сар то сари Тоҷикистон гурӯҳҳои худро таъсис дод. Ин ҳизб бо ниқоби демократия амалҳои ифродиашонро сар то по паҳн намуда чандин нафаронро бар доми худ кашиданд. Чандин ҷавонмардонро бо умеди хондану сабақ омӯзонидан ба кишварҳои Сурия бурда тафаккури онҳоро дигар намуда онҳоро сарнагун карданд. Амалҳои ифродии онҳо бешуморанд. Чуноне, ки мегӯянд “то шамол нашавад шохи дарахт намеҷунбад” хушбахтона бо Қарори додгоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 29-уми сентябри соли 2015 фаъолияти ин ҳизб дар Тоҷикистон манъ гардид ва ҳамаи расонаҳои интернетии он баста шуд. Аммо ин аблаҳони нобакор аз хориҷа истода неши заҳролуди худро ба пои мо мехаланд. Аммо онро бояд қайд намоям, ки ҳамаи сохтакорӣ ва амалҳои иғвоангезонаи онҳо дур давом намекунад. Онҳо ҳатман дастгир мешаванд ва ҷазои сазоворашонро мегиранд.

Биоишаи Назар

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ