Кабирии аблаҳу хоин

Вақтҳои охир аз ҷониби хоини миллати мо Кабирии лаънатӣ тариқи “Фейсбук”ва “Ютуб” баромадҳои пасту баланди бардурӯғу иғвогарона зиёд шуда истодааст, ки ин маро ба ташвиш овард. Зеро ӯбоз мехоҳад ҳоламонро табоҳ созаду моро байни ҳам ба ҷанг андозаду худаш аз ҷониби дигар тамошобин шуда бар ҳоламон бихандад. Ҳаргиз не. Мо ба ин роҳ намедиҳем. Тафаккури мардум тафаккури ту барин куҳнаву бади пур аз кина нест. Мо мисли ту барин аз пашша фил сохта ҳамаро нороҳат намекунем. Имрӯзҳо худи Шумо чандин нафаронро бераҳа мекунед, латукуб мекунед, азоб медиҳед ва ҳатто мекушед ва ғайраву ҳоказоҳои дидаг. Корҳои худатонро рӯпӯш мекунед. Ҳамаи корҳои ифродиатонро боз бо номи Худо оғоз мекунеду зери ниқоби Худотарс корҳоере мекунед, ки ба ягон қолаби одамигарӣ рост намеояд. Аслан боя бигӯям, ки чаро аъзоёни Шумо фақат муҳоҷиронанд? Шумо аз хориҷа истода бо истифода аз он, ки онҳо берун аз кишваранду бо мушкилиҳо рӯ ба рӯ шудаанд бар худатон ҷалб мекунеду дарравакак бо истифода аз ҳолат номи Ватанро сиёҳ мекунед. Ҳаёт бе мушкили нест ва касе онро инкор карда наметавонад. Вале набояд миллату Ватанро ба он гунаҳкор кард.Ягон мардуме, ки дар Ватан зиндагӣ мекунад ба ҳиллаҳои Шумо дода намешавад. Зеро тафаккури онҳо поку нисбати Ватани азизамон ақидаҳои нек доранду барои гул-гул шукуфии он камари ҳиммат бастаад. Аслан бояд гуфт, ки:

Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад ҳеҷ,

Зеро, ки адаб тоҷи сари мардум аст.

Шумо беҳуда қурбоқа барин аз минбарҳои дур истода ваққос назанед ва тафаккури мардумро вайрон накунед. Ин кори ношуданист. Мо иродаи қавӣ ва хулқу рафтори хуб дорем. Баҳри ободиву оромии миллати азизамон камари ҳиммат бастаем. Мо аз кӯчаи одамигарӣ гузаштаем. Шумо барин раҳгумзадаву саги лайлӣ барин устухонхои хоҷагони дигарнестем.

Чуноне, ки Саъдии бузургвор фармудааст:

Бани одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Ба ҷуз дарде, ки оварад рузгор

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Нест бод ту барин хоинони Ватанфуруш.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ