​Изҳорот: Баргузори ҷаласаи сатҳи баланд дар Душанбе

Тавре ҳамагон огоҳ гардидем Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокчиёни ҷаласа, сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъиро самимона ва бо рӯҳияи баланд истиқбол гирифтанд.

Дар кори ҷаласа масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалию минтақавӣ, натиҷаҳои асосии фаъолияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ тайи давраи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои қарорҳои ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъӣ ва татбиқи самтҳои афзалиятноки пешниҳоднамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мавзӯъҳои марбут ба вазъияти ниҳоят мураккаби Афғонистон, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар ҷаласа ба хулоса омаданд, тамом нерӯи кишварҳои узви СААД барои ба эътидол овардани вазъ, наҷоти ҷони мардуми осоишта, барқарор кардани сулҳ, рушди иқтисодӣ, решакан кардани терроризм ва ҷиноятҳои марбут ба зуҳуроти маводи мухаддир дар Афғонистон бо тамоми шаклу намудҳояш бояд ҳама тадбирҳо андешида шаванд. Илова бар ин, таъкиш шудааст, ки ҳама гуна таҳдидҳои амниятие, ки аз қаламрави Афғонистон сарчашма мегиранд, бояд пешгирӣ шаванд ва азми қатъии худро барои истифодаи захираҳои дар созмон мавҷуда барои таъмини амнияти кишварҳои ҳамсоя тасдиқ мекунанд.

Шаҳрзод

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ