Изои бандаи муъмин ҳаром аст, Кабирӣ......

Пӯшида нест, ҳамаи ҳизбу ҳаракатҳо фаъолият ва мавҷудияти худро тариқи Васоити ахбори омма пиёда менамояд. Ҳизби наҳзат дар ин самт фаъол буда бо хабарҳои бардурӯғу иғвоангезонааш дар шабакаҳои интернетӣ баромад мекунад. Ин ҳизби хонасӯз, ки маншаъ аз равияҳои куҳнатарини “Ихвон-ул-муслимин” мегирад бо айбдориҳои фаҷҳу беасос ва туҳматҳои бофтаашбар ҷонамон расидааст. Дар баромади охиринаш, ки Муҳиддин Кабирӣ тариқи Ютуб пахш намуд ҳамаи гапҳояш беасосу фаҷҳ буда ба иззати нафси шахсиятҳо далолат кардааст. Ҳоло он, ки дар китоби муқаддаси Қуръони карим омадааст, ки “Изои бандаи муъмин ҳаром аст”. Мо ба гапу каловча ва маслиҳатҳои ту ниёз надорем.

Мақсади фаъолият намудани ҳизби мазкур муайян гашт, ки давлатҳои оммавӣ ва барангехтани кинаю адоват ё низоъи миллӣ, халалдор сохтанисиёсати ҷамъиятӣ ва амнияти давлат мебошад.

Ҳамчунин ҷоизи зикр аст, ки ин ҳизб дар замони фаъолияташ тиҷоратҳои гуногун ташкил карда, барои афкори ҷомеаро дар зери нуфузи худ нигоҳ доштан воситаҳои ахбори оммаро сармоягузорӣ мекард ва шахсиятҳои мазҳабӣ, тарзи рӯзгори мазҳабӣ, аз ҷумла пӯшиши ҳиҷоб ва амсоли инро таблиғ менамуд ва фазои иттилоотии кишварро то ҷое дар зери таъсири худ гузошта буд. Яке аз ин гуна амалҳои ин ҳизб нашрияш «Наҷот» буд, ки ба воситаи он дар байни мардум фикру ақида, ҳадаф ва мақсадҳои худро ҷой намуд.

Маҳз шурӯъ аз соли 2010 тавассути рӯзномаи “Наҷот” низоми диниро нашр намуда, бар зиддӣ сохти конститутсионӣ нашрияҳои бисёр ба чоп мебароварданд. Бо ин амалҳои худ хостанд сохти Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро халалдор созанд.

Ин ҳизби хонасӯз ба ҷои шукргузорию хизмат ба нафъи миллату давлат, бозиҳои пасипардагии худро идома дода истодааст. Ман итминони комил дорам, ки ин то дер давом намекунад. Зеро “давидани гӯсола то каҳдон” гуфтаанд.

Зи ноумедиҳо басо умед аст

Поёни шаби сияҳ сафед аст.

Ин ҳама гапу каловчаҳо ва баромадҳои иғвоангезона бардурӯғ мебошанд ва ягон асос надоранд.

Мо бо иродаи қавӣ ва итминони комил гуфта метавонем, ки Ватани азизу маҳбубамонро дӯст медорем ва то ҷон дар бадан дорем ҳивзаш мекунем.

Биоишаи Назар

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ