Ҳизби наҳзат ғаразнок аст

Ба хамагон мусаллам аст, Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр демократӣ дунявӣ ва ягона мебошад ва фаъолияти ҳизбҳо бе ягон монеа ба роҳ монда шудааст. Вале ТЭТ ҲНИ бо истифода аз ин озодиҳо хост, ки мафкураи мардумро бо ақидаҳои динӣ сарнагун намуда сафи аъзоёнашро зиёд намояд. Хушбахтона ин амали онҳо фош карда шуда фаъолияти ин ҳизб дар Тоҷикистон манъ карда шуд.

Мо дар асри 21 қарор дорем. Асре, ки мардуми соҳибмаърифату донишманд ба пешрафтҳои нанотехнологӣ расиданду ҳамон қабатҳои замину осмонро, ки мо дар бораашон афсонахонӣ дорем, илман мекушоянду фатҳ кардан доранд. Муллоҳои мазҳабию ҳизбию лоҳизбии мо бошад, ҳамоно сари баҳси ришу ҷелаку сатру ангушти ишора ва фосила пойҳо аснои намоз муноқиша доранду мунозира. Ва мехоҳанд, ки наврасону ҷавонон низ идомадиҳандаи ин «амали солеҳ»-и онҳо бошанд.

Ҳаргиз на мо ба ин роҳ намедиҳем. Чуноне, ки мо худ мушохида мекунем, вактхои охир бо шарофати расонаҳои алтернативие чун интернет, баъзе паҳлуҳои фаъолияти сиёҳи ТЭТ ҲНИ ва роҳбари он ошкор мегардад. Барои ТЭТ ҲНИ ва ҳамсангаронаш муҳим нест, ки бо инқилобхоҳиашон мардумро ба чӣ вазъи ногувор гирифтор мекунанд. Муҳим он аст, ки қудрати сиёсиро ба даст оранд. Раиси Ҳизби наҳзати ислом Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш кӯшиш ба он доранд, ки бо ҳар гуна роҳу воситаҳо сафи аъзоёнашонро зиёд намоянду бар хилофи мардуми тоҷик амал намоянд.

Муҳиддин Кабирӣ дар симои худаш чунин раҳбареро мебинад, ки гӯё бо барномаҳояш роҳи ҳалли мушкилиҳоро ҳал менамуда бошад. Дар ҳоли ҳозир бошад, дар даврае, ки ҷаҳон торафт дар торҳои партофтаи нақшаҳои глобалии абарқудратҳо печидан дорад, қарзи ҳар як фарди миллатпарасту ватандӯст яктост: роҳ надодани ғояҳо ва андешаҳои бегона ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мо ва махкум намудани терроризму экстремизм.

Мо умед бар он дорем, ки ҷавонони бо нангу номуси мо зиракии сиёсиро аз даст надода барои ободии кишвари азизамон камари ҳиммат мебанданд ва барои ояндагон аз худамон як мамлакати ободу озодро мерос мегузорем.

Биоишаи Назар

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ