Истифодаи мақсадноку оқилонаи интернет ва пешгирии иттлооти бардурӯғ
Интерент - майдони иттилооти дурусту бардурӯғ, манбаи донишу таҳсил, макони тиҷорату сайёҳат, тафреҳу таҳлил, муоширату мубодила ва ғайраҳо мебошад. Интернетро ба партовгоҳи бузург шабоҳат додан мумкин аст, ки дохили он партовгоҳ ёқут ҳам дарёфт кардан мумкин асту ахлот ҳам.
Тибқи маълумоти DataReportal, дар дунё зиёда аз 4,54 миллиард корбарони интернет вуҷуд доранд. Масалан, дар тӯли 60 сония харидорон дар мағозаҳои интернетӣ 1 миллион доллар сарф мекунанд, Amazon 6659 фармоиш мефиристад ва корбарони Фейсбук 147 ҳазор акс ва 150 ҳазор паём мефиристанд ва зеркашӣ мекунанд. Тақрибан 41,7 миллион паём тавассути WhatsApp, ки ба Facebook тааллуқ дорад, фиристода мешавад. Корбарони Netflix дар ин муддат беш аз 404 000 соат видео пахш мекунанд ва дар маҷмӯъ 500 соат мундариҷаи видеоӣ ба YouTube бор карда мешавад. Ҳамагӣ дар 1 дақиқа одамон тақрибан 1,4 миллион занги овозӣ ва видеоӣ анҷом медиҳанд ва барои барномаҳои мобилӣ 3,8 ҳазор доллар сарф мекунанд, беш аз 208 ҳазор нафар тавассути Zoom муошират мекунанд - дар муқоиса бо 52 ҳазор барои Microsoft Teams ва беш аз 69 ҳазор нафар корҷӯён барои кор дар LinkedIn муроҷиат мекунанд.
Ҳамаи ин нишондод аз он далолат мекунад, ки дар интернет ҳаҷми бесобиқаву тасаввурнокрдании иттлоот чарх мезанад. Албатта иттилооти зиёд хубиҳам дораду паси худ хатару таҳдидҳо низ эҷод мекунад. Ҳоло тавассути интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ сол то сол дар ҷаҳон таҳдидҳо ва ихроҷи маълумот зиёд мегардад. Экстремизм ва зуҳуроти шадиди он – терроризм, ки ҳоло мушкили глобалӣ барои башарият ба ҳисоб меравад ва бисёр кишварҳоро фаро гирифтааст, аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври густурда ба роҳ монда шудааст. Хусусан, зуҳуроти ифротгароӣ тайи солҳои охир дар байни ҷавонон бештар ба мушоҳида мерасад. Мутаассифона, як идда ҷавононро рафтору муносибату тафаккурашон ифротӣ шудааст, ки сарчашмааш иттилооти зиёди манфӣ ва таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ба рӯҳу равони онҳост. Ин амал, яъне паҳн кардани ахбору маълумоте, ки қишри ҷавони истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоиро ҳадаф қарор додааст, аз ҷониби шахсони алоҳида ва гурӯҳҳои ифротгаро сурат мегирад.
Гурӯҳҳои ифротӣ зери ниқоби дини мубини ислом бо истифода аз сатҳи пасти саводи динии баъзе аз истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ тавонистанд ин шабакаҳоро ба майдони таблиғи ақидаҳояшон табдил диҳанд. Аз ин рӯ, ҳар як сокини мамлакатро зарур аст, ки амнияти иттилоотиро дар мадди аввал гузоранд, ҳангоми истифодаи интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ зиракии сиёсиро аз даст надода, ҳаёти худу фарзандонашонро дар хатар нагузоранд.
Вақте ки инсон вориди шабака мешаваду фарҳанги истифодабарии интернет ва телефони мобилиро надорад, баъзе шахсони манфиатҷӯ мафкураи ӯро хароб карда, ба гурӯҳҳои махсус ҷалб менамоянд. Аз надонистани фарҳанги истифодабарии интернет ва телефони мобилӣ одамони сатҳи тафаккури интиқодияш пастро чунон мағзшӯӣ мекунанд, ки тавре огоҳ ҳастем, баъзеи онҳо бо оилаҳояшон ба хориҷа рафта, дар беназмиҳои дигар кишварҳо иштирок карданд ва ахиран баъзеашон беному нишон ва баъзеи дигар пушаймон гаштанд, ки ҳамаи ин тавассути интернет сурат гирифтааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбари аввалин кишваре дар ҷаҳон буд, ки ба хотири таъмини амнияти миллии мамлакат кӯдакони бесоҳибмондаи тоҷикро аз майдони ҷанги дигар кишварҳо ба Ватан баргардонд. Ҳатто онҳо ному насаб надоранд, падару модар надоранд, ягона чизе доранд ин имконотест, ки номашон тоҷик аст. Ба ин хотир бо супориши бевоситаи Пешвои миллат ин кӯдакон ба Ватан баргардонида шуданд. Ин аст бадбахтии кор ва сабаби истифодаи нодурусти интернету телефони мобилӣ.
Имрӯз дар интернет кибертерроризм, ё ҳамлаҳои ғайриқонунӣ ва таҳдиди ҳамлаҳо ба компютерҳо, шабакаҳо ва иттилооти дар он сабтшуда, барои тарсондан ва маҷбур кардани ҳукумат ё халқ барои расидан ба мақсадҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ истифода бурда мешавад. Кибертерроризм як шакли тарғибот мебошад, зеро он дар доираи як идеологияи муайяне амал мекунад, ки аз ҷонибе муташакилона маблағгузорӣ ва дастгирӣ мешавад. Хакерони инфиродӣ барои ҳамла кардан аз номи гурӯҳҳои террористӣ метавонанд пул гиранд. Вақтҳои охир воситаи тарғиботи «ифлос» троллинг шудааст, яъне интишори паёмҳои таҳрикомез барои барангехтани муноқишаҳо. Ин корро онҳое иҷро мекунанд, ки ҳоло бо номи "тролл", "фейк", "бот", шинохта шудаанд.
Бояд гуфт, ки ҷиноятҳои киберие, ки содир мешаванд, тавассути интернет сурат мегиранд. Баъзе ҷанҷолҳое, ки дар мактабҳо байни хонандагон сар мезанад, сабаб истифодаи интернет аст. Таҳқирҳои хонандагон ба ҳамдигар тавассути интернет ва мессенҷерҳо ба муноқиша сар мезанад ва ба ҷиноятҳои куштор низ оварда мерасонад. Аз ин рӯ, мо бояд амнияти худро таъмин кунем ва карда тавонем. Сохторҳои амниятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша дар кӯшиши амнияти давлату миллат буда, иқтидори бузург низ доранд, ки оромии моро шабу рӯз таъмин намоянд. Кормандони сохторҳои амниятӣ он гурӯҳҳоеро, ки дар дохил вазъро тариқи интернет ноором карданӣ мешаванд, дар шабака онҳоро мебинанду зуд корбарӣ карда мешавад. Вазифаи ҳар яки мо амниятро таъмин кардан аст ва он сар мешавад аз оила, мактаб, Ҷамоат ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки бояд дар ин маврид бо мардум кор бурда шавад.
Ба ғайр аз раҳгум занонидани ҷавонону шаҳрвандони ноогоҳ, тавассути интернет рӯҳияи кӯдаконро хароб кардан мумкин аст. Вақте ки онҳо пойбанди интернет мегарданд, дигар мутаваҷҷеҳи падару модар намешаванд. Гапи онҳоро гӯш намекунанд. Ақидаашон рост намегирад, умрашонро беҳуда сарф мекунанд. Соатҳои тӯлонӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ истодан шахсро хаста мекунад, он мавҷҳое, ки ҳастанд, ба вуҷуди мо медароянд, вуҷудамонро хаста мекунанд, психологияи моро метавонад вайрон кунад чашмони мо хира мешаванд. Масъалаи дигар навору филмҳоест, ки ҷавонону наврасон аз тариқи интернет тамошо мекунанд. Ин ҳам мафкураи онҳоро вайрон мекунад. Шоҳид будем, ки чанд сол пеш дар таҳхонаҳои биноҳои баландошёнаи баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат марказҳои интернетӣ ҷорӣ шуда буд, ки ба кӯдакон бозиҳои интернетиро пешниҳод менамуданд. Тавассути чунин бозиҳо кӯдаконро рӯирост ба қатлу куштор ҳидоят мекарданд. Кӯдак майнаи сараш тоза аст, ҳар амалро тез қабул мекунад ва ба асаби он таъсир расонда, мафкураи кӯдакро дигар мекунад. Хушбахтона, чунин макони бозиҳои кӯдакона оҳиста-оҳиста аз байн бардошта шуданд ва назорат аз болои онҳо сахттар гардид.
Дар интиҳо мехоҳем барои худро аз тарғибот, иттилооти фейкӣ ва дасткорӣ ҳифз кардан якчанд маслиҳатҳои мутахассисони соҳаро қайд намоем.
- Ба ҳеҷ кас сад дар сад бовар накунед;
- Ҳама маълумотеро, ки барои шумо муҳиманд, бояд дубора санҷед ва таҳлилу ташхис кунед;
- Оё маълумоти гирифтаатон аввалиндараҷааст, ё дуюминдараҷа аст, мушаххас кунед;
- Вақти худро барои гирифтани иттилои зиёд талаф надиҳед. Басанда аст, ки барои ин кор ҳамарӯза 15-20 дақиқа вақт сарф кунед, то қурбонии иттилооти бардурӯғ, тарғибот ё дасткорӣ нашавед;
- Шуморо зарур аст, ки шеваҳои дасткориро дар ёд дошта бошед ва ҳамеша ба ҳангоми гирифтани иттиллое онро дар тарозуи ин усулҳо бисанҷед;
- Ба хондан нисбат ба гӯш додан ва тамошо кардан бартарӣ диҳед. Вақте ки одам мехонад, вай бештар танқид мекунад ва ӯро гумроҳ кардан чандон осон нест. Аз ин рӯ, беҳтараш ахбори манбаъҳои боэътимодро хонед, нисбат ба навигариҳои телевизион;
- Беҳтар аст, ки таҳлили рӯйдодҳои ҳаёти кишвар ва ҷомеаро бо наздиконе, ки шумо эътимод доред, анҷом диҳед. Шумо набояд, иттиллоотро бо эҳсосот қабул кунед.