Ислоҳ "нет"

Таи солҳои охир намояндагони ТТЭ ҲНИ, ки ба хориҷи кишвар фирор намудаанд, ба воситаи сомонаҳои иҷтимоӣ кӯшиш карда истодаанд, ки дар кишвар, хусусан байни ҷавонон тухми адоват кишт намоянд. Яке аз чунин ашхос Муҳаммадиқболи Садриддин мебошад, ки тариқи канали ISLOH TV ба пахши мустақим баромада, Ҳукумати кишварро беасос ба ҳаргуна гуноҳҳо айбдор менамояд. Чунончӣ, ман имрӯз яке аз барномаҳои ин канали ифротгароро тамошо намудам, ки санаи 18 январи соли 2023 сабт шудааст. Дар барнома наворе аз шаҳри Душанбе, ки дар он кормандони ободонии шаҳр, занҳо, яхҳоро шикаста, роҳҳо, тратуарҳоро тоза карда истодаанд, пахш гардидааст. Муҳаммадиқболи Садриддин Раиси шаҳри Душанбе, Рустами Эмомалиро барои набаромадан аз ӯҳдаи вазифаҳои шаҳрдори дар вақти фаро расидани сардӣ гунаҳкор менамояд. Ҳамзамон ӯ иброз менамояд, ки дар чунин вақти сардӣ занҳо, яъне кормандони ободонии шаҳр, бояд дар хонаҳои худ қарор дошта бошанд. Албатта, дар чунин ҳавои сард, ки кишварамонро фаро расида буд, дар кӯча кор кардан кори мушкил аст. Аз ин лиҳоз фаъолияти кормандони ободонии шаҳри Душанбе боиси аҳсан аст. Лекин, аз гуфтаҳои Муҳаммадиқболи Садриддин савол ба миён меояд, ки агар кормандони ободонии шаҳр, ки масъули таъмини тозагӣ бар ӯҳдаи онҳо аст, ба кор набаромада дар хонаҳои худ истироҳат намоянд, пас кӣ ин вазифаҳои онҳоро иҷро мекунад? Ин масъаларо албатта Муҳаммадиқболи Садриддин мадди назар менамояд. Зеро мақсади ӯ гиҷ кардани майнаи сари ҳамдиёрони мо мебошад.

Дигар ҷиҳати барнома аз он иборат аст, ки ба он мустақиман ҳар гуна ашхос пайваст гардида, фикрҳои худро баён менамояд. Вақте, шахсе ба пахши мустақим баромада аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат сухан ронад, гапи ӯ аз тарафи М. Садриддин бурида шуда, нисбати чунин шахсон бо овози баланд, чун девона, суханони қабеҳ зада мешавад. Аз ҷумла ба шахсияти чунин шахсон расида мешавад.

М. Садриддин, ки ровии барнома мебошаду, гӯё манфиати куллӣ шаҳрвандони Тоҷикистонро ҳимоя менамояд, ҳангоми суханронӣ аз забони лаҳҷавӣ истифода менамояд, ки ман суханони ӯро бо мушкили фаҳмидам, ё дар баъзан ҳолатҳо нафаҳмидам. Ровии барнома, ки худро аз мардум муаррифӣ менамояд, бояд ки барномаи худро бо забони адабии тоҷикӣ, ки оммафаҳм аст мебурд.

Аз як барномаи канали ISLOH TV ва ақидаҳои ровии он – М. Садриддин ба хулоса омадан мумкин, ки ин барнома характери ифротгароӣ дорад. Боварии комил дорам, ки ҳамдиёрони мо барои сафедро аз сиёҳ ҷудо кардан саводи комил доранд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ