​Инро дониста монед!

Чанд муддат аст, ки дар шабакаҳои интернетӣ ба ном муллову мавлавиҳои давлати Афғонистон ба ҳалли муаммову проблемаҳои кишвари худ эътибор надода, бехабар аз пешравӣ, ободонӣ, фазои сулҳу ваҳдат ва амонӣ дар кишвари азизамон Тоҷикистони зебову пешрафта, бо истифода аз суханҳои беасос, мехоҳанд, ки дар ҷомеаи мо тухми кинаву низоъ коранд. Ба ҷойи он ки сатҳу сифат ва шароити зиндагонии худро дар ҳамаи самтҳо беҳтар кунанд, ба масъалаҳои дохилии кишвари соҳибистиқлоли мо тариқи шабакаи интернет мудохила намуда истодаанд. Кишвари пешрафтаву шинохтаи мо ҳеҷ гоҳ ба насиҳатҳои пучу бемаънӣ ва муғризонаи шумо муҳтоҷ нест!!!

Ҳар рӯз тариқи воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ дида истодаем, ки дар кишвари Афғонистон модарону хоҳарон чи ҳол доранд ва дар чи шароит умр ба сар мебаранд, ҳоҷати гуфтан нест.

Миллат ва мардуми Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиндагонии хушу хуррам доранд ва кишвари мо рӯ ба тараққӣ дорад. Тоҷикистони азизи мо дар арсаи олам бо ташаббусҳои ҷаҳонӣ, бо пешниҳодҳои ҷолиб соҳиби нуфуз ва мавқеи шоиста аст.

Боиси ифтихор аст, ки миллати тоҷик бо либоси миллии худ- адрасу атлас, чакану зардӯзӣ... то имрӯз ба эътибору эҳтироми хос сазовор мебошад.

Мардуми бофарҳангу соҳибтамаддуни тоҷик минбаъд низ бо шукргузорӣ аз сулҳу оромӣ ҷиҳати ҳифзи арзишҳои миллӣ талош меварзанд.

ПАРВИЗ БОҚӢ - донишҷӯи курси сеюми ихтисоси веб-рӯзноманигорӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ