Илм ҷавҳари таъмини амният аст

Калимаи фалсафа аз юнонӣ –Philosophia- гирифта шуда аст, ки ба маънои хирад, дўст аст. Ин калимаи юнонӣ аз ду бахш ташкил шудааст: Philo ба маънои дустдорӣ ва Sophia ба маънои доноӣ. Аввалин касе, ки ин вожаро ба кор бурд, Фисоғурис буд. Замоне аз ў пурсиданд, ки “оё ту фарди доное ҳастӣ?” вай посух дод: ”на, аммо дўстдори доноӣ(Philosopher)ҳастам.” Бинобар ин фалсафа аз рўзи нахустини пайдоиш ба маънои дустӣ варзидан ба доноӣ, тафаккур ва фарзонагӣбудааст. Умри фалсафа ба андозаи умри башар бар рўи замин аст, зеро инсон аз аввалин рўзи зиндагӣ бар курраи хокӣ ба тафаккур дар бораи худ ва атрофи хеш пардохта аст ва барои онҳо роҳи ҳалҳое пайдо намуда аст. Мавзўи фалсафа тафаккур ва андеша аст. Андеша дар бораи куллитарин ва асоситарин мавзўоте, ки дар ҷаҳон ва дар зиндагӣ бо онҳо рў ба рўҳастем. Яке аз масоили мубрами инсонӣ дар тамоми замони мавҷудият дарку фаҳми асрори вуҷуд буду ҳаст, ки ин ба хусусияти зотии инсон ҳамчун вуҷуди боақлу бохирад ва дорои тафаккур хос аст. Ҳамин вижагӣ сабаб шудааст, ки зиндагии инсонӣ, сатҳу тарзи он дар ҳар давраи таърихӣ ва шароити замонию маконӣ аз шинохт ва дарки саҳеҳи авомили мавҷуду андешидани тадбири инсонӣ вобаста мебошад. Дар ҷаҳони муосир низ бузургтарин сармояи инсонӣ ин донишҳои дақиқу илмӣ мебошанд, ки барои пешрафти ҷаҳони инсонӣ нақши асосӣ ва ҳалкунанда доранд. Агар ба таърихи фарҳанги башарӣ бо таҳқиқ нигарем, хоҳем дарёфт, ки он ҳамвора вобаста аз вазъи зиндагӣ ва мушкилоти вуҷудияш ду роҳи ҳалро пешниҳод кардааст: яке бо роҳи дарки дурусти воқеият онро таҳлил, баррасӣ ва чораандешӣ намудааст, дигаре чун бо роҳи ақлу хирад ҳалли масъала ба он даст надодааст, роҳи имону эътиқодро пеш гирифтааст. Яъне, яке шинохти дурусти воқеӣ ва дигаре шинохти зеҳнию тахайюлиро пеш гирифтааст, аммо дар маҷмўъ аксари мушкилоти башарро шинохти дурусту воқеӣ тавонистааст ҳал намояд. Шинохти зеҳнию тахайюлӣ бошад (имонию эътиқодӣ), дар аксар маврид монеаи рушди шинохти воқеӣ гардида, хурофотро тавсеа бахшидааст.Зикр бояд намуд, ки ҷаҳони имрўзро бе пешрафти илму маориф наметавон тасаввур намуд. Зеро тамоми кишварҳое, ки имрўз ҷаҳон зери нуфузу қудрати онҳо қарор дорад, бешубҳа, пайвандӣ ба пешрафти илму дониш ва техникаву технологияро доранд.

Истилоҳоти "дониш" ва "илм"як чиз нестанд.

Донишҳо метавонанд рўзмарра, омӣ, идеологӣ, эътиқодӣ ва монанди инҳо бошанд. Илмӣ набошанд. Аммо барои тафсири система, структура ва функсияи давлату амният, зарурати тавзеҳи он аз мавқеи шакли шуури ҷамъиятие муҳим аст, ки охирин қудрати шарҳи қонуниятҳои рушди ҷомеаро, давлатро дошта бошад. Ҳамзамон, ин қонуният на дар асоси афсона, мифология, теология, балки дар ҷараёни ҳаёти чандинасра, таҷрибаи дақиқи дар амалия санҷидашудаи худи инсон ошкор ва тасдиқ гардида бошад. Ва ин донишҳо бояд ҳамеша дар ҳолати рушди бемайлон барои манфиатҳои заминии худи одам хизмат намоянд.

Албатта, назарияи эътиқодии фавқуттабиӣ оид ба пайдоиши давлат ва амният низ вуҷуд дорад. Ба хотири ин ақида, ҳар рўз садҳо, ҳазорҳо нафар ҷони худро қурбон мекунанд. Бегуноҳон ҳалок мегарданд. Мардум бехонумон мешавад. Чунин назария ҳам беасос нест. Он падидаи онтологӣ ва тавлидкардаи ҳадафҳои заминӣ аст. Ба хотири манфиат доштан дар сохтани давлати мувофиқ, хеле осон асоснок кардан ва нигоҳ доштани қудрати сиёсӣ - ҳокимият ва, албатта, истифода намудан аз он аст.

Вазъи имрўзаи олам, минтақа мураккаб аст. Масъалаи аслӣ - таъмини амнияти шахс, ҷомеа ва худи давлат мебошад. Давлат ҳамчун кафили шакли сиёсии ҷомеа танҳо дар асоси пойдории ваҳдати комил ва амнияти босубот метавонад, арзи вуҷуд намуда, низоми муътадили тамоми равандҳородар ҳамин замина ривоҷ дода, дар асоси қонунҳои ҷамъиятӣ ривоҷ ёбад. Амнияти давлат мафҳуми системавӣ мебошад. Он аз ячейкаи одии давлат оғоз ва дар олитарин муассисаҳои давлатӣ ба тарзи принсипиалӣ таҷассум меёбад. Муҳтавои ин масъала дар Қонуни асосии ҳар кишвар сабт гаштааст. Тибқи он дар давлат нафар, муассиса, корхонае вуҷуд надорад, ки амали вай берун аз манфиатҳои таъмини амнияти давлат мавриди назар гирифта шавад. Субъектҳои дорои ҳуқуқ, ҳамзамон, вазифаҳои муайян дар самти таъмини амнияти давлатро доранд.

Давлат дар натиҷаи таҳлили дараҷаи самаранокии шаклҳои гуногуни ҳокимият, аз ҷумла, бисёрҳокимиятӣ, муҳимтар аз он, дар асоси раванди қонуниятҳои инкишофи ҷомеа ба вуҷуд омадааст. Он воситаи асосии муташаккилии раҳбарии ҷомеа мебошад. Тавассути он дастгоҳи идорӣ иҷрои вазифаҳои дар наздаш гузошташударо таъмин мекунад. Ба тарзи дигар, давлат қувваи марказонидашудаи ҷомеа маҳсуб мегардад. Дар асоси маҷмўи меъёрҳои ҳуқуқие, ки ҷомеа ва худи давлат зарур медонад, арзи ҳастӣ менамояд. То замоне ки давлат - гаронтарин ҷузъи системаи сиёсии ҷомеа, миллат ва миллатҳо вуҷуд дорад, тақрибан ба ҳамин андоза (қиматнокӣ, арзишмандӣ, баробарвазнӣ) барои фалаҷ кардан, аз фаъолият боз монондан ва оқибат нест кардани он хатарҳо мавҷуданд. Ин таҳдидҳо якранг, дар як сатҳ, бетағйир ва мутлақ буда наметавонанд.

Агар ба хотири барпо кардани давлат чӣ қадар ҷоннисориҳо шуда бошад, барои ҳифз кардан, дар амну осудагӣ ва рушду тараққӣ нигоҳ доштани давлат, сарфи на камтар аз он зарур аст. Фаъолияти ҳаррўзаи Пешвои муаззами миллати тоҷик нишонгар ва намунаи олии ҳамин гуна муносибат ба тақдири имрўзу ояндаи давлати миллии мо мебошад. Маълум аст, ки мубориза барои расидан ба истиқлолият ками дар кам таърихи сеҳазорсола дорад. Бузургтарин шахсияти даҳ асри охири миллати тоҷик ин ормонро бо қаҳрамонӣ, шуҷоатмандии бемисл, аз худ гузаштанҳо, хирадмандӣ, солорӣ тавонист амалӣ созад. Миллатро сарҷамъ намояд, давлатро бунёд ва тоҷиконро бо сари баланд ба ҷаҳониён муаррифӣ кунад.

Аз нигоҳи сиёсӣ,масъалаи таъмини амнияти миллӣ умдатарин масъулият дар назди системаи ягонаи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, идеологӣ, динӣ ва монанди инҳо мебошад.Он чизи воқеӣ, материалии дар вақт ва фазо мавҷудбуда аст.

Реалияти объективӣ дар шуури инсон чун падидаи зинда ҳама вақт дар тағйир, ивазшавӣ, ҳаракат, зиддиятҳо, ҳамзамон ҳаллу фасли он қарор дорад. То замоне ки давлат, ҷомеа вуҷуд дорад, ин ҷараён зина ба зина такрор мешавад. Раванди таъмини амнияти давлат, миллат дар ҳолати зудтағйирёбандаи фазои минтақавӣ ва олам сурат мегирад. Онро доимо, аз нигоҳи илмӣ ба тарзи системавӣ наомўхтан, сарфи назар кардан, бо ҷузъиёт ба инобат нагирифтан амнияти миллиро ҷиддан зери суол мебарад. "Дароздастии кўтаҳостинҳоро" (Ҳофиз) зиёд мекунад.

Таҷрибаи инсонӣ собит намудааст, ки диалектика ҳамчун назария ва методология беш аз се ҳазор сол пеш пайдо шудааст. Ин падидаи назариявӣ ва илмӣ дар давраҳои гуногуни таърих вобаста ба иштибоҳи мақсаднок ва ғайримақсадноки одам борҳо таҳриф шудааст. Аммо аз чунин бархўрд ҷавҳари назарияи илмӣ зарар надидааст. Асоси диалектикаро аксиомаи қонуниятҳои рушди табиат, ҷамъият ва назарияи шинохти ҳақиқати реалӣ, таълимот дар бораи зиддиятҳои ҳаматарафа ва пурра дар рушди таърихӣ ташкил мекунад. Илм собит намудааст, ки таърихи миллатҳо, асосан, таърихи зиддиятҳост. Мақсади ҳама гуна назарияҳо, аз ҷумла донишҳои илмӣ дар соҳаи таъмини амният иборат аз он аст, ки тавассути ин шакли шуур маълумоти баробар бо воқеият дастрас гардад. Зеро ки "дар назди илм мундариҷаи бой маҳфуз аст. Он дар тўли асрҳо, ҳазорсолаҳо барои дарки воқеият зам гардидааст. Ин донишҳо барои мо чизи фаромўшшуданӣ, гузашта нестанд. Онҳо ғизо барои хотираи мо мебошанд. Барои тезфаҳмӣ. Тозаандешӣ. Ҳамчун илме, ки рўҳи моро дар самти пайдо намудани ҳақиқат қонеъ мегардонад" (1, с. 69).

Оид ба арҷгузории масъала аз муҳимтарин категорияи фалсафии сабаб - оқибат дар лаҳзаҳои барои таъмини амнияти миллӣ ҳассос истифода кард боядкард. Маълум аст, ки ин категория (сабаб - оқибат) дар давраи муайяни таърихӣ воқеиятро инъикос мекунад. Натиҷаи омилҳои ҳалкунандаро ба намоиш мегузорад. Нақши фаъоли инсонро дар ҳалли мушкилоти ба миёномада нишон медиҳад. Барои мисол, яке аз сабабҳои аслии барқосо хунсо кардани гуруҳи террористии Назарзода (воқеаҳои 04-уми сентябри соли 2015), рўҳияи баланди ватандўстонаи кормандони сохторҳои махсус, ҳамчунон сарбозони одии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Омили ниҳоят муҳим, рафтори ватанпарастонаи аҳолии ноҳияҳои атрофи пойтахти кишвар маҳсуб мегардад, ки ба по хестанд. Бидуни силоҳ аз меҳани худ ҳимоят карданд. Шахсан ҷинояткорони даргурезро кофтуков, дастгир ва ба ҳукумат таслим намуданд. Дар ин ҳолат категорияи сабаб ва оқибат тавассути қонуниятҳои шаклгирифтаистодаи раванди миллатсозӣ ва давлатсозӣ дар Ватани азизи мо хубтар шинохта мешавад.

Ин аз як тараф. Аз тарафи дигар, чунин далериву шуҷоати мардуми одӣ, зуҳуроти қонунияти таърихӣ - баёнгари орзуи миллат барои ҳифзи истиқлолият, дар шакли пешгирии аъмоли дастае буд, ки аз ҷониби аҷнабиён пуштибонӣ мегашт. "Моҳияти масъала - як шудани манфиати амнияти давлатӣ бо амнияти миллӣ мебошад".

Муҳимтарин вазифаи илм тавассути инфрасохтори махсус - назария, таҳлили таҷриба, озмоиш, бозсанҷиҳо ва истифодаи дурусти истилоҳот, расидан ба дарки моҳияти масъала мебошад. Дигар роҳи гирифтани маълумоти дорои аҳамияти иҷтимоӣ аз имкон берун аст.

Категорияҳои фалсафие, ки дар ин ҷода - шинохти асли масъала, махсусан, дар самти ҳимояи манфиатҳои миллӣ ба кор меояд, "моҳият ва зуҳурот" аст. Он на танҳо барои мутахассисони соҳаи илм, кормандони самтҳои идеологӣ, таълиму тарбия, балки барои ҳар нафаре мехоҳад фаҳмад, ки ҳама гуна шиорҳо, даъватҳо, гуфторҳо, рафторҳо, тафсири ин ё он масъала, сарфи назар аз "намуди зоҳирӣ", "рангу бор", ҷолиб будан, чӣ маъно дорад, манфиати кадом гурўҳро ҳимоя мекунад, ниҳоят муҳим аст. Ҳатто барои нафароне, ки дар муқобили Ватани аҷдодӣ ва манфиатҳои миллии хеш, худро дар ҳар қолаб ба намоиш гузоштанианд. Дараҷаи таъмини амнияти миллӣ бо тамоми роҳу восита наздик гаштан ба илм, маориф, фаҳми воқеии равандҳои ҷамъиятӣ мебошад.

Система, структура ва функсияҳои таъмини амнияти давлатӣ ҳамон вақт метавонад вазифаҳои худро дар чаҳорчўби қонунҳои амалкунанда муваффақона таъмин созад, ки ба илм, маърифат тавассути қатъиян ба инобат гирифтани қонуниятҳои тараққиёти ҷамъият ва тафаккури инсонӣ муносибат намояд. Агар дар тамоми соҳа (сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тиб, маориф ва ғайра) доштани маълумот муҳимтарин ҷузъи фаъолият бошад, барои таъмини амнияти давлат, шахс ва ҷомеа ин қисмат ҳаётан муҳим маҳсуб мегардад. Амният барои тамоми қишрҳои ҷомеа зарур аст. Моро зарур аст, Истқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм ҳимоя намоем. Донишҳои илмӣ дар ин роҳ, тавони сифат ва самараи корро мушаххас ва муайян мекунанд. Ҳамзамон, таъкид бояд кард, ки ҷавҳари аслии қудрати таъмини амнияти давлати миллӣмансуб ба фаҳм, дониш ва масъулияти бузурги мардуми сарзамини обод, осуда ва биҳиштосои мост.

Ҳакимова З., Отаева М.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ