​Ҳифзи Ватани аҷдодӣ рисолати мост!

Пӯшида нест, ки солҳои охир дар миқёси минтақаву ҷаҳон шумораи ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ рӯ ба афзоиш ниҳода истодааст, ки хеле нигаронкунанда буда, чунин ҳолат аз ҳар яки мо ҳушёриву зиракии маҳзро талаб мекунад. Њадафи асосии ин гуна ташкилотҳои ғайриқонунӣ пеш аз ҳама халалдор сохтани вазъи орому тинҷи мамлакатҳои гуногун аст, ки дар натиҷа имконияти хуби расидан ба мақсадҳои ғаразнокашон пайдо мешавад. Яке аз чунин гурӯҳҳои ифротӣ, ки ноором сохтани фазои сулҳу суботи Тоҷикистонро ҳадафи асосии худ қарор додааст, ТЭТ ҲНИ ба шумор меравад. Вақтҳои охир, аъзоёну тарафдорони ин гурӯҳ дар шабакаҳои интернетӣ фаъолтар гашта, ният доранд фазои сулҳу оромии кишвари азизамонро халалдор созанд. Онҳо барои дар амал татбиқ намудани ниятҳои ғаразноки худ мақсад карданд, ки бо ҳар гуна роҳу воситаҳои ғайриқонунӣ баъзе аз ҷавонони чаласаводу ноогаҳ аз моҳияти аслии дини исломро ба сафҳои худ кашанд ва дар дили онҳо нафратро нисбати ҳукумати қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой диҳанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки гуруҳҳои террористиву экстремистӣ бештар ҷавонони гумроҳшударо ҳамчун як воситаи асосии расидан ба ҳадафҳои зиддиҳукуматии худ истифода мекунанд. Аз ин лиҳоз, моро мебояд, ки хеле эҳтиёткор бошем, корҳои тарғиботиву ташвиқотиро дар самти пешгирӣ намудани ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ҷоннок намоем.

Ҳамзамон боиси хушнидист, ки имрӯз аксарияти ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия ёфта, ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ доранд. Онҳо доимо дастгириҳои пайвастаи Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро эҳсос мекунанд ва медонанд, ки қувваи пешбарандаи ҷомеа ҳастанд.

Вокеан Тоҷикистон имрӯз бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва шаҳрвандиро ҳадафи асосии худ қарор додааст. Солҳои охир Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор дастоварҳои бузург дар тамоми соҳаҳои муҳими кишвар ноил гардид. Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна тақрибан 7-8% рушд карда истодааст, ки дар сатҳи байналмиллалӣ бисёр нишондиҳандаи хуб аст. Лекин мусаллам аст, ки барои идома додани сиёсати башардӯстона ва расидан ба ҳадафҳои созанда бояд сулҳу суботи ҷомеа ва амнияти давлат таъмин карда шавад. Танҳо дар фазои сулҳу оромӣ мо метавонем рушди устувори кишварро таъмин намоем, шарту шароити арзандаи зиндагиро барои ҳар як шаҳрванди ба нангу номуси Тоҷикистон фароҳам орем. Қувваи мо дар муттаҳидист!

Камолиддини Раҷабзод!

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ