​Ифротгароӣ– зуҳуроти номатлуби замони муосир

Терроризм ватан, забон, нажод ва дин надорад. Ин бадбахтии оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кӯмак расонда, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст.

Эмомалӣ Раҳмон

Ифротгароӣ ва терроризм – зуҳуроти номатлуби замони муосир ба шумор рафта, мубориза бар зидди он қарзи ҳар як инсони комил мебошад. Терроризму экстремизм ва ифротгароӣ ҳамчун вабои аср бо амалҳою ҳодисаҳои номатлуб ба оромию амнияти сайёра ва пойдории давлатҳо таҳдиду хатарҳо эҷод карда, амну осоиш ва ваҳдати халқу миллатҳоро аз байн мебаранд. Ҳол он ки ҳеҷ як шакли ҷомеа бидуни таъмини амнияти пурраи иҷтимоӣ рушду такомул нахоҳад кард.Падидаи номатлуби терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷиабору харобиовари ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор меоварад.

Экстремизм – (аз калимаи фаронсавии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus») гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан аст.

Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон - дар дин, сиёсат, идеология ва ҳатто илм ба миён ояд. Дар яке аз Паёмҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистончунин таъкид шудааст: «Мутаассифона, дар олами ислом равияҳое низ арзи вуҷуд кардаанд, ки баъзе амалҳояшон ба фитнакориву тафриқаандозӣ равона гардидаанд. Ин ба моҳияти дини мубини ислом мухолиф аст ва ба он иснод меорад».

Терроризм – сиёсатест, ки ба истифодаи пай дар пайи амалҳои террористӣ асос ёфтааст. Калимаҳои ҳаммаънои терроризм (лотинӣ terror – тарс, даҳшат) чунин мафҳумҳо ба монанди “зӯроварӣ” ва “тарсонидан” мебошанд. Терроризм ҳамчун мафкураи зӯроварӣ ва амалияи таъсиррасонӣ ба шуури ҷамъиятӣ, ба раванди қабули қарорҳо аз тарафи мақомотҳои давлатӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ муайян карда мешавад, ки бо таъсиррасонии қудратӣ, тарсонидани аҳолии осоишта ва ё дигар шаклҳои амалҳои зуроваронаи ғайриқонунӣ алоқаманд аст.

Бояд тазаккур дод, ки ҳаракатҳои террористӣ дар миқёси олам гуногун буда, онҳоро асосан ду унсури умумӣ бо ҳам муттаҳид мекунад: аввалан, онҳо барои халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ ва суст намудани пояҳои ҳокимияти давлатӣ равона гардида ва дигар ин, ки ин ҳаракатҳо дар байни аҳолӣ ҳиссиёти тарс, оҷизиро ба вуҷуд меоваранд. Тибқи Фасли 8, Боби 21 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноятҳо ба муқобли амнияти ҷамъитӣ аз моддаҳои 179 то 180 пешбинӣ менамояд. Тибқи моддаи 179 Кодекси мазкур мафҳуми “терроризм”-яъне содир намудани таркиш, сӯхтор, тирпарронӣ аз силоҳи оташфишон ё дигар кидор, ки боиси хавфи марги одамон, расонидани зарари ҷиддӣ ба молу мулк ё ба миён омадани оқибатҳои дигари барои ҷамъият хавфнок мегардад,агар ин кирдор бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, фаъолияти мақомоти ҳокимияти далатӣ ва сохторҳои низомӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарор, инчунин таҳдиди анҷом додани кирдорҳои зикршуда бо ҳамин мақсадҳо фаҳмида мешавад.

Ҷумҳурии мо дар заминаи бадастоварии Истиқлоли давлатӣ ва барқарорсозии Ваҳдати миллӣ мушкилиҳои зиёд ва манфури сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангиро пушти сар намуд, ки хисороти зиёди пулию молиро ба бор оварданд. З-ин рӯ кишвари мо барои таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ, пойдории Ваҳдати миллӣ ва таъмини суботи комил барои пешгирӣ, аз байн бурдан ва несту нобуд кардани омилҳои манфии сиёсии ҷомеаи имрӯза, махсусан терроризму экстремизм зарурат дорад.

Дар марҳилаи нави рушди ҷомеа яке аз масъалаҳои муҳимму умдаи рӯз ин тақвият бахшидани ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, пойдор нигоҳ доштани Ваҳдати миллӣ ва таъмини сулҳу субот дар кишвар аст ва ин амалҳои созанда рисолати аввалиндараҷаи ҳар як сокини сарбаланду садоқатпешаи Тоҷикистони азиз мебошад.

Мутаассифона, дар роҳи чунин амалҳои созанда ва таъмини ояндаи дурахшони мамлакати азизамон мушкилиҳои муайян мавҷуданд. Аз он ҷумла, дар шароити муосир мубориза ба муқобили чунин падидаҳои ифротӣ ба монанди терроризм ва экстремизм ба зарурати воқеӣ табдил ёфтааст. Дар ин радиф Ҷумҳурии Тоҷикистон муборизаро бар зидди терроризм ва экстремизм ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ, минтақа ва ҷаҳон баррасӣ намуда, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт талош меварзад. Асоси ҳуқуқии ин фаъолиятро дар кишвари мо ӯҳдадориҳои байналмилалии он, Конститутсия, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм», «Дар бораи муқовимат ба терроризм», инчунин ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар самти пурзӯр намудани муқовимат ба терроризм ва экстремизм бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардиданд, аз ҷумла, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои пурзӯр кардани мубориза бо терроризм», «Дар бораи Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ)», Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 – 2020, Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025 ва ғайра ташкил медиҳад.

Ҳадаф аз онҳо пурзӯр намудани мубориза ба терроризм, экстремизм, коррупсия ва дигар ҷиноятҳо ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, таъмини амнияти мамлакат ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум мебошад.

Қурбонова Сарвиноз, муаллимаи кафедраи грамматикаи

забони арабии факултети забонҳои шарқ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ