​Ифротгароӣ: таъсири муҳити бегона ва оқибатҳои манфии он

Дар замони муосир яке аз омилҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ сатҳи пасти маърифати диниву дунявии ҷавонон ва бекории онҳо бошад, аз ҷониби дигар ба онҳо таъсири муҳити беруна низ хоҳ нохоҳ чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар таъсир мерасонанд. Ҳарчанд ҷавонон бо ҷойи корӣ таъмин бошанд ҳам, вале аз мадди назари волидайн дур мондаанд. Пас ин ҷо масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, назорати кору фаъолият ва рафтору амали насли ҷавон низ нақши калидӣ мебозад.

Ҷавонон мехоҳанд аз илми муосири ҷаҳонӣ бархўрдор бошанд, ҳамқадами замон бошанд, таҷрибаҳои пешрафтаи кишварҳои хориҷиро азхуд намоянд, ҷойи кори муносиб дарёфт намоянд, вале, онҳоро ташвиши зиндагӣ ба яъсу ноумедиҳо ба оянда мебарад ва гоҳо аз нобоварӣ ба ояндаи нек ва надоштани таҷрибаи ҳаётӣ ба мушкилиҳои ҳаётӣ дучор мегардонад.

Ҷавонон солҳои сол дар муҳоҷирати меҳнатӣ кору фаъолият мебаранд, аз меҳри падарию модарӣ ва зану фарзандон дур мемонанд, муҳити бегона онҳоро фаро гирифта, рафтору гуфтору муносибати насли ҷавони моро ба куллӣ таѓйир медиҳанд...

Пас дар қабули урфу одати ғайр ва дину мазҳаби бегона ҳушёриву зиракиро аз даст надода, масъулияти бештари таълиму тарбияи фарзандро ба зиммаи худ гирем ва назорати онҳоро мунтазам ба роҳ монем то ба гуруҳҳои иғвоангезу ғайриқонунӣ пайваст нашаванд.

Бобоҷони Хайриддин – устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ