Ифротгароӣ хатаре ба ҷомеаи ҷаҳонӣ

Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ солҳои 90-уми асри XX дин ҳамчун қисмати таркибии фарҳанги миллии мардуми мусулмон аз нав эътироф ва эҳё гардид. Дар ин раванд тадриҷан дин хусусияти сиёсӣ- идеологӣ касб карда, ба тамоми қишрҳои ҷомеа таъсири он эҳсос мегардад.

Эҳё гардидани дин баъди карахтии чандинсола ҳодисаи фавқулода набуда, балки як падидаи табиист, зеро инсон ба дин ҳамчун як арзиши маънавӣ ҳамеша эҳтиёҷ дошт. Вале эҳёи фарҳанги миллию динӣ дар кишвар бо роҳи ҳамвор сурат нагирифт ва барои бунёди давлати миллӣ душвориҳо эҷод намуд. Зеро муборизаҳои сиёсиву идеологӣ барои интихоби роҳи минбаъдаи шакли давлатдорӣ ва тараққиёти ҷомеа ба мавзӯи баҳси созмону ташкилотҳо, ҳизбҳои сиёсӣ ва намояндагони гурӯҳҳои динию дунявӣ табдил ёфта, оқибат баҷанги шаҳрвандӣ овард.

Яке аз масъалаҳои муҳими замони муосир, ки хатари минтақавию байналмиллалиро ба бор овардааст, ин суръатёбии раванди радикализм (тундгароӣ), ки ба ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ (терроризм) дар миқёси азим оварда мерасонад, ба ҳисоб меравад ва айни ҳол, амалан дар ҳамаи қитъаҳои ҷаҳон тамоюли амиқравӣ ва паҳншавиро дорад, ки аксаран зери ниқоби шиорҳо ва арзишҳои динии бебунёд сурат мегирад. Хусусиятҳои радикализм ва афзудани шумораи одамони ба ин гуруҳҳои номатлуб шомилшуда, бо роҳи ҷалби пинҳонӣ ва тадриҷан тағйир додани тафаккуру эътиқоди онҳо, зери ниқоби афзалиятҳои динӣ зоҳир мегарданд. Намояндагони гуруҳҳои даҳшатафкан, дар навбати аввал, бо ҷавононе кор мекунанд, ки таҷрибаи кофии рӯзгор надоранд, донишҳои дунявӣ ва динашон дар сатҳи паст буда, дар зиндагӣ бо чунин мушкилот чун қашшоқӣ, бекорӣ, муҳоҷират ва монанди ин дучор шудаанд. Бо назардошти он, ки тағйироти афкору рафтори афроди ҷалбшаванда, тадриҷан ноаён сурат мегирад ва зери ниқоби асосҳои диние, ки ба тарзи шубҳанок тафсир мешаванд, атрофиён на ҳамеша метавонанд сари вақт нишонаҳои ташвишоварро пай баранд ва дар натиҷа фурсатеро, ки дахолат кардан ва дигар кардани ҳолат имкон дорад, аз даст медиҳанд.

Экстремизм ифодаи амали тундгароӣ буда, экстримизми динӣ маънои мутаасиб дар дин ва мазҳаб мебошад. Яъне зери таъсири андешаи дурӯғи аз доираи таълимоти динӣ берун, дар ниҳоди шахс ҳиссиёти экстремистӣ тарбия меёбад.Дар натиҷа исломи мӯътадил ба идеологияи радикалӣ мубаддал гардида, ашхоси зери таъсир афтода аз ҷониби гурӯҳҳои экстремистӣ ба монанди «Ваҳҳобия», «Салафия», гурӯҳҳои ифротгароии «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон», «Гурӯҳи исломии Туркистони Шарқӣ», «Ал-қоида», «Конгреси халқии Курд»,«Асбат-ал-Ансар», «Бародарони мусалмон», ҳаракати «Толибон», «Давлати исломӣ» ва дигарон сӯйистифода мегарданд.

Ин ҳаракатҳо бо ном аз ҳамдигар фарқ кунанд ҳам, аммо аксаран ҳадафи ягона, яъне бедор намудани ҳисси таҳаммулнопазирӣ дар ҷомеа ва бо истифода аз беназарии иҷтимоӣ дар мафкураи мардум бедор намудани мавҷи эътироз, нооромиҳо ва ғайраро доранд. Онҳо исломро ҳамчун силоҳи идеологии худ истифода мебаранд.

Ҳадиси Паёмбари акрам (с) чунин баён намудааст: «Мусулмон касест, ки мусулмонон аз дасту забони ӯ солим бимонанд». Ин гуфтаҳо аз он далолат мекунанд, ки ҳатто мусалмоне аз дасту забони мусалмоне набояд озор бинад. Пас чӣ гуна метавон иҷозат дод, ки гуруҳи махсусе аз мусулмонон номи исломро барои ба ҳадафҳои сиёсии хеш ва мақсади худ расидан истифода барад. Ифротгароии динӣ дар аксари мамолики шарқи мусалмонӣ васеъ густариш ёфтааст, ки он дар аксар маврид ҳамчун василаи фишор ва пиёда намудани манфиату хоҳишҳои давлатҳои абарқудрат дар ин манотиқ ба кор бурда мешавад.

Заминаҳои асосии ифротгароӣ бесаводӣ ва таассуб аст. Нодонӣ ҳамеша дар пайи худҷаҳолату бозмондагиро ба бор меорад. Вобаста ба ин ки ҳассосияти динӣ дар ҷомеаҳои аксаран бошандагонаш мусалмон баланд аст, ҳамин вижагиро қудратҳои ҷаҳонӣ барои пиёда намудани манфиатҳояшон мавриди истифода қарор медиҳанд ва доимо кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то ин омилро ҳамеша ба навъи аҳсан ба манфиати худ истифода намоянд.

Сармоягузорӣ ва қароргоҳи аксари ҳизбу ҳаракатҳое, ки хислати ифротгароиву терористӣ доранд, дар хориҷ аз кишвар сурат мегирад.

Агар эҳтимолан бар гузаштаи начандон дури ҳаракатҳои миллӣ- озодихоҳӣ аз нигоҳи санадҳои таърихӣ бингарем, мушоҳида хоҳем кард, ки нақши дин дар ин равиш асосан дар се масъала бештар мавриди назар қарор мегирифт:

1. Муттаҳид кардани мусулмонон дар мубориза бо мустамликадории ғарб;

2. Муқовимат бо равандҳои идеологие, ки барои ин кишварҳо бегона буданд;

3. Мубориза бо ҳама гуна бидъату хурофот миёни мусулмонон.
Аз таърих маълум аст, ки дини ислом дар густариши ҳаракатҳои миллӣ-озодихоҳӣ нақши муҳим бозида, вале аз ҷониби гурӯҳҳои ифротӣ барои барангехтани муноқишаҳои сиёсӣ-динӣ низ истифода шудааст.

Ифротгароӣ ва шакли ниҳоии он даҳшатафканӣ ҳам барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳам барои ҷомеаи мо аз он ҷумла, хатари ҷиддии воқеӣ доранд. Ҷойҳои нисбатан маъмулӣ ва васеъ паҳншудаи ифротгароӣ ҷойҳои ғайрирасмӣ чун мактаб, кӯча, донишгоҳ, манзили зисти муҳоҷирон, хобгоҳ ва ҳоло аз ҳама бештар ҳабсхонаҳо мебошанд. Дар ҷаҳони муосир ба таври куллӣ ҳеҷ кишваре бе пуштибонӣ аз манфиатҳои худ кишвари дигареро дастгирӣ ва кӯмак нахоҳад кард. Таърих гувоҳ аст, ки дар аксарияти маврид ҳаракатҳои динию мазҳабӣ ва эътиқодмеҳвар бунёдҳои хайриявии худро ба хотири ривоҷи фаъолиятҳои миссионерии худ таъсис додаанд.

Аз воқеаҳое, ки дар хоки давлатҳои Арабу Африқо сар зада истодаанд, маълум мегардад, ки барои афроди ифротгаро ягон муқаддасот: ватан, миллат, дин, мазҳаб арзише надоранд. Онҳо бо ҳар роҳу равиш афроди равшанфикр ва мутахассисони варзидаи миллиро нобуд месозанд, то аз маҳви бесаводии аҳолӣ истифода намоянд. Ин гурӯҳҳо зери таъсири ақидаҳои тунду ғаразнок ҷавонҳоро ба сафи гурӯҳҳои экстримистии хеш шомил гардонида, ба иҷрои ҳама гуна амалҳои ғайриинсонӣ, монанди қатлу ғорат кардан тайёр мекунанд. Зоҳир гардидани амалиёти ифротгароёнаи ҷомеа бештар мустақиман ба сохти сиёсии ҷомеа, гуруҳ ё фардҳои алоҳида хатар ба вуҷуд меоваранд.

Ифротгароӣ ба иҷтимоӣ, миллӣ, сиёсӣ ва динӣ ҷудо мешавад. Амалиёти сиёсии ифротгароӣ дар шаклҳои гуногуни фаъолият, аз зуҳуроти аз доираи конститутсия беруннараванда сар шуда, бо шаклҳои шӯриш, фаъолияти исёнгарона, терроризм сурат мегирад.

Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон бархӯрди ақидаҳои динии бегона бо исломи суннатӣ дар солҳои охир бараъло эҳсос мешавад. Экстримизм дар солҳои охир ба яке аз мушкилоти сиёсиву амниятии ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Сиёсатшиносон ва аҳли фарҳанги сиёсӣ бар онанд, ки ин зуҳурот чун вабои асри XXI эътироф шуда, ба ҳастиву саломатии байни башар муассир буда, худ ҷой доштанаш дар миқёси як минтақа ё як кишвар гувоҳ бар оқибатҳои фалокатбори он аст. Ҳузуру зуҳури экстримизм дар ҳаёти сиёсии мамлакатҳои ҷаҳон омили баҳамзанандаи суботу амният аст.

Аслан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷуз исломи суннатӣ таълимоти мактабҳои тасаввуф нисбат ба дигар мактабҳои ақидавӣ бештар ташаккул ёфта буд ва исломи суннатӣ дар ҷомеа мақоми хос дошт. Вале пайдоиши ҳаракату ҷараёнҳои нави ғайрирасмӣ ба мисли «Ҳизб-ут-таҳрир», «Салафия», «Байъат» ва ғайра метавонанд таҷрибаи чандинасраи ҳамзистии дину мазҳбро, ки асоси суботи минтақа буданд, халалдор созанд. Ҳаракатҳои тозазуҳури динӣ мусулмононро аз рӯи мансубияташон ба дину мазҳаб тақсим карда, ба тафриқаандозӣ дар байни онҳо метавонанд замина гузоранд. Бинобар ин, масъалаи мазкур зарурати аз ҷониби давлат зери назорат қарор додани вазъи динии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба миён овардааст.

Вазъи ин масъала дар Тоҷикистон низ мисли дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ, ворид гардидани маводи динии мазмуни тундгароидошта, паст будани сатҳи тараққиёти иқтисодӣ, паст будани маърифати динӣ, мушаххас набудани барномаҳои таълими динӣ, таҳсил дар марказҳо ва донишгоҳҳои хусусии динии кишварҳои хориҷӣ ва ғайра вобастагӣ дошта, метавонанд ба фаъолгардии тундгароии динӣ хизмат намоянд. Мавриди тазаккур аст, ки ҳаракатҳои динии ифротгаро на барои ислоҳи шуури динӣ аз дохил, балки барои вайрон кардани асосҳои дин дар ҷомеа ва ниҳоят барои амалӣ сохтани мақсадҳои сиёсӣ таъсис ва таҳмил дода шудаанд. Бо сӯйистифода аз эътиқоди мардуми мусулмони ноогоҳ мехоҳанд ҳадафҳои сиёсии худро амалӣ созанд.

Таъкид бояд кард, ки давлат барои мусулмонон ва рушди фарҳанги исломӣ, ки қисми таркибии фарҳанги миллии мост ягон маҳдудият эҷод накардааст ва баръакс қонунгузорӣ дар бораи озодӣ, ҳуқуқи инсон ва аз ҷумла озодии виҷдонро ба ҳар кас таъмин ва ҳифз менамояд, вале озодии виҷдон маънои тарғиб кардани ҳар гуна ақидаҳои ифротгароиро, ки барои суботи ҷомеа ва амнияти давлат хатар эҷод менамояд, надорад. Пешгирӣ кардани паҳншавии чунин ҳаракатҳои ифротгароёна аввалан агар вазифаи давлат бошад, худи вазифаи мусулмонҳо низ мебошад. Бузургони мо барҳақ гуфтаанд: «Аз шукр шакар зиёда гардад, ношукр зи хар пиёда гардад».

Мутаассифона, ҳастанд нафароне, ки ба чашмони худ хок пошида, ба ҷои шукргузорӣ аз пайи камбудӣ ва ба бор овардани низоъ дар кишвар мебошанд. Тайи рӯзҳои охир сарусадо аз тариқи шабакаҳои интернетӣ зиёд гардида, пешвоён ва аъзоёни «Гурӯҳи-24» бо ташвиқу тарғиби ифротгароёна ва даҳшатгароёнаи худ дар байни мардум таҳлука андохтанд ва хостанд дигарбора ба сари мардуми азияткашидаи кишвар ғаму кулфат оваранд.

Принсипҳои асосии муносибати давлат ба чунин ҳаракатҳои динии ифротгаро дар Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонун «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ифода ёфтаанд, ки заминаҳои қонунии рушди исломи суннатиро муҳайё сохта, роҳҳои пешгирӣ намудан аз равандҳои бегонаи номатлубро барои ислом муайян менамоянд. Агар омилҳои эҷодкунандаи тундгароӣ мавриди таҳқиқи илмӣ- диншиносӣ қарор дода нашаванд ва дар муносибат бо исломи анъанавӣ якхел сурат гиранд, ин раванд метавонад барои нуфуз пайдо кардани ҳизбу ҷараёнҳои дигар сабаб шавад.

Воқеан, давраи гузариш аз як сохти ҷамъиятию давлатдорӣба сохтори дигар мушкилоти зиёд пеш меорад ва ин гузариш барои ҷомеаҳои анъанавие, ки ҳанӯз барои қабул ва бунёди ҷомеаи навин ва давлати дунявӣ омода нестанд, боз ҳам душвортар хоҳад буд.

Тарғибу ташвиқи ақидаҳои ифротгароӣ, ба рангехтани тухми низоъ дар миёни инсонҳо, нодида гирифтани арзишҳои олии давлату миллат, даъвати одамон ба ҷиҳоду муноқишаҳои қавмию мазҳабӣ ва таҳдид ба суботу оромии ҳар як халқияту миллат аз амалу кирдорҳои ҷинояткорона ба ҳисоб рафта, ба ояндаи он хатари ҷиддӣ эҷод мекунад.

Мутаассифона, солҳои охир сар боло кардани гурҳҳои тундраву ифротгаро вазъи сиёсиро дар як қатор кишварҳои олам нооромсохта, боиси содир намудани актҳои террристӣ ва дигар амалу кирдорҳои ҷинояткорона мегарданд.Тоҷикистон низ аз қабили кишварҳое маҳсуб меёбад, ки дар якчанд соли охир дучори амалу кирдориҳои ҷиноӣ, актҳои террористӣ ва фаъолияти ин гуну гурҳҳо гардида, барои барҳам задани онҳо талошу кӯшиш менамояд. Фаъол гардидани аъзоёни ҷамъияти ифротгарои «Ансоруллоҳ», «Ҳизб-ут-таҳрир» ва «Ҳаракати исломии Ўзбекистон» дар баъзе аз манотиқи кишвар ба он боис гардид, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо мақсади пешгирии ҳадафҳои ҷинояткоронаи ин гурӯҳҳо чораҷӯӣ ва тадбирҳои судманд андешанд. Гарчанде даҳҳо узви ин гуна ҳаракату ҷамоати ифротгаро боздошт ва ба маҳкама кашида шуда бошанд ҳам, мутаассифона ҳаммаслакону тарафдорони онҳо ба ангехтани тухми инзоъ дар ҷомеа, тинҷиву осоиштагиро халалдор карданӣ мешаванд. Ҳар касе, ки дар қасди душманӣ, низоъангезӣ ва бадхоҳии дигарон аст, рӯзгори осудаву ором ва ободии ҷомеаро нодида мегирад, оқибат пойбанди ҷаҳолат ва гирифтори нокомиҳо мешавад.

Ифротгароӣ падидаи нав нест. Ҳанӯз дар давраҳои қадим зуҳур карда буду, гоҳ-гоҳе аз худ дарак медод. Он на фақат дар доираи дин аст, балки дар дигар масъалаҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ дида мешавад. «Ифротгаро» аз ду реша иборат буда, якумӣ аз забони арабӣ «Ифрот», яъне «фатарот», «бесарусомонӣ», «хараҷу мараҷ» ба миён овардан, дигаре аз вожаи форсӣ «гаро» иборат аст, ки «гаравидан», «шомил гаштан» ва «майл кардан» аст. Пас ин калима ва гуруҳро чунин шарҳ додан мумкин аст: «Дар ҷомеа ва шуури инсон як фатароте, як бесарусомоние ба вуҷуд овардану ба мақсади нопоки хеш ноил гаштан аст». Ифротгароён дар ҳама мазҳабу динҳои олам зуҳур дорад. Онҳо имконият ҷуста, фурсат ёфта, худро зоҳир менамоянд. Ифротгароёни дини яҳудӣ иброз медоштанд, ки «ғайри яҳудӣ дигар касе вориди биҳишт шудан натавонад», ки ин бологузории як миллат аз болои дигаре ҳаст.

Дар солҳои охир кишварҳои дигар аз қабили Туркия, Эрон, Хитой, Арабистони Саудӣ, ИМА, Русия ва ғайра низ кӯшиш доранд дар Осиёи Марказӣ мавқеи худро дошта бошанд ва манфиатҳои худро ҳимоя намоянд, зеро:

1.Арабистони Саудӣ – ҳарчанд аз ин минтақа дур аст ва имконияти воқеии таъсир расониданро кам дорад, вале кӯшиш дорад бо роҳи маблағгузории барномаҳои гуногун сафи пайравони ваҳҳобияро аз ҳисоби ҷавонон дар ин минтақа зиёд намояд;

2. Туркия- ҳарчанд таҷрибаи хуби ҳамзистии давлати дунявиро бо дин амалӣ карда бошад ҳам, меҳвари аслии он миллатгароӣ, яъне тарғибу ташвиқи фарҳанги миллӣ аст, ки он баръало ба мушоҳида мерасад.

Яке аз чунин омилҳо қазияи Афғонистон аст, ки ба вазъи сиёсӣ-динии кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсир дошта, аз тарзи ҳалли он роҳи ҳалли масъалаҳои зиёд вобаста мебошанд. Ин қазия ҳарчанд зиёдтар давом кунад, ҳамон қадар мушкилоти нав барои давлатҳои ҳамсоя эҷод мешавад. То солҳои 2000 ҳарчанд ҳаракатҳои тундгаро ба мисли «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ал-қоида» «Толибон» аз фаъолияти худ дарак медоданд, пас аз солҳои 2000-ум дар зери таъсири онҳо боз ҳаракатҳои дигар ба мисли «Байъат», «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон», «Салафия»ба фаъолияти ошкор гузаштанд. Хусусан якҷоя шудани (ҲИУ) бо ин ҳаракатҳо мушкилоти зиёд барои кишварҳои Осиёи Марказӣ эҷод мекунад ва инро воқеаҳои охир собит карданд.

Солҳои пеш маводҳо ва умуман маълумот дар бораи ин ҳаракатҳо ва ҷунбишҳои динӣ хеле кам буд. Имрӯз ин гуна маводҳо аз ҷониби пайравони ин мактабҳо ба табъ расида, интишор ва таблиғи чунин маводҳои характери тундгароидошта дар кишварҳои Осиёи Марказӣ нисбатан зиёд шудааст. Намунаи ин ҳаракатҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷараёни салафия буд, ки дар Тоҷикистон низ бо истифода аз пастии сатҳи маърифати динии мо муддате фаъол гашт. Онҳо аввалан ҳамчун ислоҳотгарони дин дар ҷомеа шинохта шуданд ва аз рӯҳониёни суннатӣ дида бонуфузтар гаштанд. Оҳиста –оҳиста сафи худро аз ҳисоби навҷавонон, донишҷӯён, тоҷирон ва ҳатто занону духтароне, ки аз таълимоти ислом бехабар буданд, зиёд карда, ба масъалаҳои ақидавии мардум таъсиргузорӣ менамуданд. Барпо намудани баҳсу мунозираҳо ё сабти суханрониҳояшон дар фитаҳо ва паҳн намудани онҳо якбора таъсирашонро дучанд кард. Вале мақсади ниҳоии онҳо баъди халалдор кардани фазои динии кишвар аён гардид. Дар рӯзномаву маҷаллаҳо дар бораи ин ҷараёни навпайдои динӣ баҳсу мунозираҳои зиёд ба чоп расиданд. Масъала то ҷое расид, ки таъқиби шаҳрвандон аз рӯи мансубияташ ба дину мазҳаб, беқурб гардонидани арзишҳои миллӣ- фарҳангӣ, ворид намудани тафриқа дар миёни пайравони мазҳаби ҳанафӣ, ки бештари аҳолии кишварро ташкил медиҳанд шуғли муқаррарӣ гардид. Ин раванд ба тезу тунд гардидани фазои иттилоотии кишвар ва аз ҳама муҳимаш хатари халалдор гардидани амнияти кишварро ба миён овард.

Экстремизм коре ба дину мазҳаб надорад, зеро решааш норозигӣ аз шароити мавҷуда аст. Аммо баргардонидани муҳассилини макотиби исломӣ рабте ба экстремизм надошту надорад. «Маҷбур ба тарки таҳсил кардани садҳо донишҷӯёни тоҷик аз мадориси хориҷа аз ҳамон фаҳмиши атеистии «дин афюни халқ аст» маншаъ мегирад.

Дар ҷаҳон баъзе созмонҳои хосе пайдо шудаанд, ки аз вазъи иқтисодӣ ва ҳолати мусалмонон истифода бурда, дар дохили худи мусалмонон ҳар гуна гурӯҳ ва ниҳодҳои динӣ ташкил кардаанд, ки хушунат ва ифротталабии онҳо аз ҳеҷ кас пӯшида нест, баъзе аз ин гурӯҳҳо ҷавонони соддаи мусулмонро бо идеологияи вайронгарӣ ва тахрибкорӣ барои фаъолиятҳо ва мақсадҳои палиди худ истифода мекунанд, ва онҳоро барои анҷом додани корҳои хушунатомез ба ҷониби худ ҷалб мекунанд то онҳо бо хаёли худ ҳуқуқи аз дастрафтаи худро аз ҳукумат ва ҷомeъа боз ситонанд. Ва албатта боиси хушист, ки фаъолияти чанде аз ин созмонҳои мазҳабии тундгаро бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон дар қаламрави кишвари мо мамнӯъ эълом шудааст.

Сарварон ва пайравони ин гурӯҳҳои тундрав аҳком ва тавонини Исломро бо фикрҳои шахсии худ ташреҳ ва тавҷеҳ медиҳанд, ки хилофи усулу қавоиди Ислом аст. Онҳо ба ҷавонон мегӯянд, ки дин чунин иқдомотро ташвиқ мекунад. Бо ин усулу шеваҳои пасту нораво метавонанд ҷавононро ба доми фиреб биандозанд.

Ҳамчуноне яке аз сабабҳои аслии паҳншавии ифротгароӣ, хусусан байни ҷавонон ин ҷаҳолат ва надонистани дину мазҳаб ва таърихи худ аст. Кишвари Тоҷикистон, ки беш аз 97 фоизи онро мусалмонон ташкил мекунанд ва таъриху фарҳанги мо бо Ислом тавъам аст, дар солҳои охир аз дасти гурӯҳҳои ифротӣ ранҷ мебаранд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои осоиштагӣ ва оромии мардум кӯшиш ба харҷ медиҳад, вале гурӯҳҳои дорои ақидаи ифротӣ низ барои фиребидан ва аз паси худ бурдани гурӯҳе аз ҷомеаи кишварамон муваффақ шуда истодаанд. Беҳуда нест, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин масъалаи муҳим диққати махсус дода, иброз дошт: «Бо дарназардошти вазъи ҳассосу печидаи ҷаҳони муосир олимону донишмандони мамлакат бояд ба масъалаҳои тавсеаи мафкураи миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва рушди иҷтимоию сиёсии ҷомеа, иттиҳоди нерӯҳои созандаи кишвар ва ҳифзи манфиатҳои стратегии Тоҷикистон, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, хурофотпарастию ифротгароӣ, инчунин, таҳқиқи масоили демократикунонии ҳаёти иҷтимоию сиёсии Тоҷикистон эътибори аввалиндараҷа диҳанд». Ҷавонон ояндаи миллат ва давлатанд. Ҷавонони солимақл, соҳибистеъдод ва ҳушманд, ифтихор ва сармояи хушбахтӣ ва саодатмандии ҷомеа мебошанд. Аммо ҷавонони ифротгаро ва ситезаҷӯ доғи дили падару модарон, дарди сари ҷомеа ва омили хушунат, низоъ ва фитнаҳои навбатӣ хоҳанд гашт.

Масъалаи тундгароӣ дар ҷомеаи кишварамон бисёр актуалӣ мебошад, аз ин рӯ, он таваҷҷуҳи махсусро талаб менамояд ва пеш аз ҳама, ҷавононро лозим меояд, ки дар масъала эҳтиёткор бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва аз ҳамроҳшавӣ ба чунин гурӯҳҳо худдорӣ намоянд. Барои мубориза бурдан ба радикализм, ифротгароӣ ва тероризим бояд ҳамаи аҳли ҷомеа ҳисси баланди масъулият эҳсос намуда, дар якҷоягӣ ба ниҳодҳои давлатӣ метавонанд таъсири онро камтар намоянд ва ҷомеаро аз гирдоби дардноки оқибати он эмин нигоҳ доранд.

Тошматов З.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ