​Хусусиятҳои психологии терроризми ҳозира

Дар байни зуҳуроте, ки имрӯз ба ҷомеаи мо таҳдид мекунад, авҷгирии терроризм буда, он мавқеъи махсусро ишғол мекунад. Терроризм яке аз зуҳуроти хатарноктарин ва мураккаби замони мо ба ҳисоб рафта, торафт шумораи хавфноктарро пайдо мекунад. Амалҳои террористӣ дар шахс ҳисси тарс, душманиӣ ба ҳамдигар ва шубҳаю воҳимаро ба вуҷуд меоранд. Терроризм бо тамоми шаклу зуҳуроташ, бо миқёс ва шиддатнокии худ, бо ғайриинсонӣ ва бераҳмонагии худ имрӯз ба яке аз мушкилоти тезутунд ва мубрами дорои аҳамияти ҷаҳонӣ табдил гаштааст. Терроризм ва терроризми байналмилалӣ ҳамчун ҷиноят ва падидаҳои ҷиноӣ як ҷузъи ҷиноятҳои муташаккил дар асри 21 монеаҳои ҷиддӣ дар роҳи ҳалли мушкилоти миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ гардонида истодааст.

Имрўз ифротгароёни сиёсӣ, љинояткорони одӣ, соҳибкорони љинояткор ва нафарони аз ҷиҳати равонӣ носолиму танҳо усулҳои тарсонидани рақибони худро бомуваффақият аз худ кардаанд. Барои ин қабил одамон, дақиқтараш ғайриинсонҳо, паҳн кардани терроризм ба кори ҳаррӯзаи одӣ табдил ёфтааст.

Имрӯз мо дар бораи моҳият ва сабабҳои терроризм, шахсияти ҷинояткор ва ангезандаҳои рафтори террористии инфиродӣ маълумоти кам дорем.

Тадқиқотҳо нишон доданд, ки назорату мубориза аз болои терроризм – ин дарки илмӣ ва расмии ин амалҳо, муайян кардани қувваҳо ва ҳолатҳои ба вуҷуд омадани онҳо, ҳамчунин андешидани тадбирҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва дигар чораҳои пешгирӣ, рафъи фаъолияти террористӣ мебошад. Дар тањияи тадбирњои пешгирӣ ва мубориза бо зуњуроти террористӣ тањќиќоти хусусияти равонии ин падидаи номатлуб мавќеи муњимро ишѓол менамояд.

Дар ин љо бояд дар назар дошт, ки психологияи фаъолияти террористӣ дорои хусусиятњои љиддӣ мебошад, ки баъзан дар асоси меъёрњои њавасмандӣ ва рафтори аз љумла ќабулшуда дарк карда мешаванд.

Терроризми муосир аз нигоҳи психологӣ дар худ як қатор хусусиятҳои фарқкунанда дорад.

Аввалан, терроризм як воситаи таъсири равонӣ буда, хусусияти фарќкунандаи он ин аст, ки дидаю дониста муњити тарс, афсурдањолӣ ва шиддатнокӣ фароњам оварда мешавад. Дар баробари ин, фазои тарс ва изтиробнокӣ на дар сатҳи инфиродӣ ё гурӯҳи маҳдуд, балки дар сатҳи иҷтимоӣ ба вуҷуд омада, омили ба таври объективӣ инкишофёфтаи иҷтимоӣ - психологиро ифода мекунад, ки ба шахсони дигар таъсир расонида, онҳоро маҷбур мекунад, то ҳама гуна амалҳоро ба манфиати террористон ё шартҳои онҳоро худ қабул ва анҷом диҳанд. Эҷоди фазои тарс баёнгари терроризм, зуҳурот ва моҳияти он аст. Ҳадафи асосии ӯ на онҳое, ки қурбонӣ шудаанд, балки онҳое аст, ки зинда мондаанд, маҳсуб меёбад. Мақсади онҳо ҳам куштор ва ҳам тарсонидану паст задани ахлоқ, одоб, рафтори инсоният аст. Ҳамин тавр, ба ҷамъият на танҳо зарари моддию иқтисодӣ ва сиёсӣ, балки осеби дардноки психологӣ ҳам мерасонад.

Дуюм, амалҳои террористӣ бо бераҳмии хоса содир карда мешаванд ва ин дар аввал аз ҷониби созмондиҳандагони онҳо тарҳрезӣ мешавад, яъне худ аз беэҳтиётӣ ё дар ҳолати ҳавас содир намешавад. Омода кардани ҳамлаи террористӣ кори одӣ нест. Онҳо бодиққат ва пинҳонӣ тайёрӣ мебинанд. Баъзан барои омода кардани ҳамлаи террористӣ моҳҳо ва ҳатто солҳо лозим мешавад. Аммо ин ҳолат, аз як тараф, имкон медиҳад, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ниятҳои ҷиноии террористонро сари вақт ошкор ва пешгирӣ кунанд, аз тарафи дигар, ба далели махфӣ нигоҳ доштани амали созмондиҳандагони ҳамлаи террористӣ буда, ин кор ниҳоят душвор аст.

Сеюм, терроризм ҳамчун заминаи фарҳангӣ - нигилизм – даст кашидан аз ахлоқи умумиро дорад. Арзишҳои умумибашарии инсонӣ рад ва ё ба ягон чиз кам карда мешаванд - онҳо барои терроризми муосир вуҷуд надоранд. Он ҳуқуқи асосии инсон - ҳуқуқ ба ҳаётро инкор мекунад.

Чаҳорум, амалҳои террористӣ бо хусусияти оммавии иҷрои онҳо фарқ мекунанд. Терроризм бе ошкорбаёнии васеъ, бидуни баёни ошкорои талабот вуҷуд надорад. Террористон эътирози оммавиеро, ки дар натиҷаи кирдорашон ба амал омадааст, ба назар мегиранд, ки баъд аз он ба муқобили мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти давлатӣ барои гӯё ҳимояи шаҳрвандон нотавонӣ муттаҳам мешаванд. Терроризм ҳамеша як даъват ва ё талаб барои ҷомеа аст. Дар пояи он ҳаёти беарзиши инсонӣ меистад. Дар амалҳои террористӣ аксар вақт хатар, таҳдид ва дигар амалҳое, ки барои тарсонидани одамон пешбинӣ шудаанд, сурат мегирад. Дар воқеъ худи амали террористӣ боиси расидан ба ҳадафҳои эълоншуда намегардад. Аксар вақт ин танҳо як баҳонае барои террористон дар намоиш додани талабот ва имкониятҳои худ мебошад. Пас аз худи амали террористӣ одатан созмондиҳандагон, ташкилкунандагон ва иҷрокунандагони он барои иҷрои он “масъулиятро” ба дӯш гирифта, аз номи он чӣ амали террористӣ содир шудааст, инчунин баъзан шартҳои боздоштани ин амалҳоро эълон мекунанд. Ҳамин тариқ, ҳатто бе ноил шудан ба ягон ҳадафи калон ва асосӣ, онҳо ба ҳадафҳои хурди хеш ноил мешаванд: ташкилот бештар “афторитет” шуда, дар бораи ин гурӯҳ дар ҷомеа маълумот паҳн мешавад.

Панҷум, ҳоло терроризми муосир бештар бо васоити ахбори омма алоқаманд аст. Бадахлоқии террористон бо он таъкид мешавад, ки баъзан ҷиноятҳои ваҳшиёна барои ба даст овардани таъсири беруна содир карда мешаванд, ки аксар вақт бо ёрии воситаҳои ахбори омма ба даст меоянд. Террористҳо ба аудиторияи калонтарин, вокуниши зиёд ва резонансҳои васеъ ниёз доранд.

Аз гуфтаҳои боло ба хулосае омадан мумкин аст, ки терроризм – ин як шакли махсуси зӯроварӣ, ки бо бераҳмӣ, мақсаднокӣ ва зоҳиран самаранокии хеле баланд хос аст. Дар амал, ин амали намоишкоронаи харобиовар, вайронкунанда бо мақсади ба вуҷуд овардани тарсу ҳарос, тарсонидани рақибони худ ё тамоми аҳолӣ мебошад.

Терроризм аз ҷиҳати равонӣ идомаи табиии радикализм, ифротгароӣ ва фанатизм аст. Ин ифротгароии воқеист, ки акнун на дар ақидаҳои назариявӣ, балки дар амалҳои бевоситаи амалӣ, ки бо мутаассиби нодир ба номи ақида ва арзишҳои комилан радикалӣ сурат мегирад.

Ҳоҷибоева Р.М. – сармуаллимаи кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва касбӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ