Худкардаро давое нест

Ҳодисаҳое, ки дар чанд рӯзи охир дар Бадахшон шуда гузашт, ин боиси нигаронӣ аст. Дар ин ҳодиса Мамадбоқиров Мамадбоқир, ки яке аз саркардагони ин ҳодиса ба шумор меравад, ӯ як инсони бесаводест, ки аз бадбинӣ ва бадхоҳӣ нисбат ба ватан ва миллати худ ва аз беҷуративу нотавониаш ин ҳодисаи нангинро сар кард.

Инсоне, ки дониши кофӣ надорад, дар ҷамъият ба мушкилиҳои гуногун дучор мешавад ва мушкилии худро ҳал карда наметавонад, онро характери динӣ мидиҳад, то ки дар атрофаш пайрав пайдо намояд. Дар ин ҳолат он инсонҳое, савияи дониши хеле заиф доранд зуд ба ин бовар намуда, ба як гӯруҳи террористӣ мубаддал мегарданд.

Дар урфият масале ҳаст, “Худкардаро давое нест” бубинед, ки ин гумроҳшуда Мамадбоқир бо ин амалу рафтори хоинонааш сари худ ва пайравонашро хӯрд.

Аз ин лиҳоз, барои мардуми шарифи ВМКБ ва дар умум халқи тоҷик гуфтаниям, ки ба қадри сулҳу салоҳ ва ҳамзамон сиёсати пешгирифитаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешваои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ваҳдати миллӣ бирасед. Чунки ҳамаи дастоварди инсон ин ваҳдат аст, аз сулҳу салоҳ ва дӯстиву рафоқат аст. Ин хоинони миллат дар охири қарни гузашта Ватанро ба гирдоби ҷангу хунрезӣ кашида буданад ва бори дигар мехоҳанд, ки мушкилоти худро характери динӣ дода мардумро гумроҳ намоянд.

Бо шарофати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо тавонистем, ватан созем, миллат бунёд намоем, сулҳу ваҳдатро устувор намудем, аммо ин хоинон ва хизмадгорони аҷнабӣ инро намехоҳанд ва ба он монеа эҷод менамоянд.

Бори дигар барои халқи тоҷик гуфтаниам, ки сулҳу ваҳдат пояи пешрафту зиндагии мардуми мост. Ба қадри ин сулҳу ваҳдат ҳамеша бояд расид ва аз он шукрона бояд кард, ки моро аз вартаи парокандагӣ ба якдавлати ваҳдату мутамарказ мубаддал намуд. Аз ин рӯ мо ҳамеша бояд мутаҳид бошем, то ки чунин хоинони газанде ба халқу милати шарифи мо халал нарасонанд.

Мо ҳамеша пайгири сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сулҳу ваҳдат ҳастем. Барои мубориза бар зидди чунин афроди хушунатгаро ва террористӣ тамоми нерӯи худро истифода мебарем. Сулҳ, ваҳдат, дустӣ, шиораи ҳамешагии мост!

Кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ