Хоинонро ба кишвар роҳ нест

Бо баробари вусъат ёфтани раванди ҷаҳонишавӣ ва афзудани таъсири он ба зиндагии мардум хатару таҳдидҳо ба амнияти миллӣ рӯз то рӯз афзоиш ёфта истодааст. Муқовимати шадид бо экстремизм ва терроризм аҳамияти муҳим касб намуда истодааст. Зеро раванди ҷаҳонишавӣ ба дастрасии шабакаи интернет ба тамоми қишрҳои ҷомеа: хурду бузург, ҷавону наврас оварда расонид. Дар шабакаи интернет бошад, тавассути барномаву мавод ва наворҳои гуногуну сохтаи бесос ҷалби сокинони кишвар, хусусан ҷавонон ба гурӯҳҳои разилонаи экстремистӣ ва террористӣ доман паҳн карда истодааст. Ба ибораи дигар, интернет ба доми гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ табдил ёфтааст.

Мардуми Тоҷикистон, ки дар маҷрои раванди ҷаҳонишавӣ қарор доранд, ба муҳофизат ниёзманд ҳастанд. Новобаста аз он, ки дар кишвари демократии ҳуқуқбунёд зиндагӣ мекунем, ҷонибдори он ҳастем, ки мақомотҳои дахлдор барои барномаҳо, наворҳо ва сомонаҳои гурӯҳҳои ифротгаро, сензура ворид намоянд. То фарзандони мо фирефтаи чунин гурӯҳҳо нагарданд. Ҳукумати кишварро зарур аст, ки дар самти муқовимат бо экстремизм ва терроризм муборизаро тақвият бахшанд. Нагузоранд, ки гуруҳҳои ифротгаро, хусусан ТЭТ ҲНИ ва монанди инҳо ҷавонони миллатро ба доми худ кашанд. Мафкураи созандаи солиму ободкорро заҳролуд намоянд. Ба амнияти кишвари осоишта таҳдид сохта, ҳадафҳои нопоку сиёсии хешро пиёда гардонанд.

Бо итминони комил гуфта метавонем, ки имрӯз кулли сокинони кишвар ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгароро маҳкум менамоянд. Дигар ба доман густурдани ТЭТ ҲНИ ба кишвари ваҳдатшиору фазояш осоишта намегузоранд. Зеро мо дар солҳои аввали соҳибихтиёрӣ оқибатҳои фоҷиабори кирдороти зишти онҳоро дидаем ва заҳри онро чашидаву ранҷи онро кашидаем. Бинобар ин, ҳамеша дар талош ҳастем, то чунин гурӯҳҳо аз имкониятҳои васеи раванди ҷаҳонишавӣ истифода насозанд. Мо дар ин самт сиёсти пешгирифтаи ҳукумати кишварро пурра ҷонибдорӣ менамоем, ҳатто зид нестем, ки сиёсати давлатӣ дар иҷрои қонунҳо пурзуру пурқувват гардонида шавад. Намегузорем, ки кишвари демокративу дунявии осоиштаамон шабеҳи Афғонистон гашта, дар дасти нохалафон қарор гирад. Бигзор дар Тоҷикистон фазои софу беғубор ҳамешаҳукмфармо бошаду дар саросари он хандаи кӯдакон садо диҳад.

Гулрӯ Қурбонова

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ